Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
18 000 СОМОНӢ КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ГУЛ ШАРИФОВ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокини 100 солаи ноҳияи Данғара, ки ягона иштирокчии ҶБВ дар ин ноҳия аст, 18 ҳазор сомонӣ кӯмаки пулӣ расонид, - дар ин бора ба маҷаллаи "Сафо" муовини раиси ноҳияи Данғара, Сайдализода Садриддин Достӣ хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ дар пайрави аз иқдомҳои неки сарвари давлат, ба ин иштирокчии ҶБВ раиси ноҳия бо маблағи 2 ҳазор сомонӣ дасти кӯмак расонид.
Гул Шарифов, 15 июни соли 1923 ба дунё омада ҳоло 100 сола мебошад. Ӯ ҳанӯз дар 19 солагӣ, дақиқан соли 1942 барои ҳифзи Меҳан ба ҷанг равона мегардад. Пас аз музаффарият, дар соли 1947 Гул Шарифов ба зодгоҳаш бар мегардад.

- Хизматҳои чунин қаҳрамонон, меҳтарони диёр асло фаромӯш намешавад, - мегӯяд С. Садриддин, муовини раиси ноҳияи Данғара. - Дар ноҳияи мо, ҳар сол дар пешорӯи Рӯзи ғалаба, ба иштирокчиёни ҶБВ кӯмак расонида мешавад.
Имсол низ бевосита намояндаи Президент омада, кӯмаки Раҳбарияти олии мамлакатро ба ин иштирокчии ҶБВ расонид.
Низоми ИСО
Акс аз Парвина Давлатзода
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД


