Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ФЕСТИВАЛ -ОЗМУНИ "САД РАНГИ ЧАКАН" ДОИР ГАРДИД
Дар маркази вилоят даври шаҳрии Фестивал - озмуни “Сад ранги чакан” баргузори гардид, ки дар он ҳунармандону тарроҳон, занону духтарон ва дӯстдорони ҳунару фарҳанги миллии тоҷикӣ ширкат варзиданд.

Зимни боздиди аъзои ҳакамон аз намоиши дастовардҳои ҳунарии чакандӯзон зикр гардид, ки чакандӯзӣ аз ҳунарҳои бостонии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, аз насл ба насл мерос мондааст.
Дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи рушду эҳёи ҳунарҳои миллӣ санъати чакандӯзӣ низ дар кишварамон ривоҷу равнақ ёфта, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чакан ҳамчун мероси фарҳангии тоҷикон дар арсаи олам муаррифӣ гардида, дар дохилу хориҷ аз кишвар шуҳрати беандоза пайдо кард.
Анзурат Абдусаломзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иброз дошт, ки вилояти Хатлонро диёри чакан ном мебаранд, ки бемуҳоббот ватани аслии чакану чакандўзон маҳсуб меёбад. Беҳтарин чакандўзони чирадасту моҳир тахайюлоти рангини хешро рўи матоъҳои абрешимӣ оварда, беҳтарин гулдўзиҳои нотакрору қашанг ва дидараборо дар ин макон меофаранд. Чакан, ки бо рангҳои зебову ҷодуӣ ва риштаҳои рангорангу нафис омода мегардад, диққати ҳар бинандаро ҷалб мекунад.
Ҳамчунин аз ҷониби дигар ширкаткунандагон зикр гардид, ки имрўз чакани тоҷикӣ ифодакунандаи рангҳои тозаи зиндагӣ, хушию хуррамӣ, зебоиву сафо, офтоби тобон, шодию сурур аст.
Ёдовар мешавем, ки бо талошҳои Ҳукумати кишвар 29 ноябри соли 2018 Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи солонааш чаканро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



