Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
12 дек 18:37Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Иҷтимоъ / Иқтисод
ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТӢ БО ВИЛОЯТИ ОМСКИ РОССИЯ ГУСТАРИШ МЕЁБАД
Имрӯз, 12-уми декабри соли 2022 дар шаҳри Бохтар Фестивали лимӯ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти вилояти Хатлон ва ҳайати расмии вилояти Омски Федератсияи Россия иштирок намуданд. Дар доираи ин тадбир кишоварзони вилоят, ба хусус ситруспарварон маҳсулоти худро ба намоиш гузошта, иқтидору имконоти истеҳсолиашонро ба меҳмонон муаррифӣ карданд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ губернатори вилояти Омски Федератсияи Россия Александр Бурков ва ҳамроҳонаш, ки роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва кишоварзию истеҳсолӣ буд, ба маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба сифати лимӯ ва сабзавоту меваҷоти вилояти Хатлон баҳои баланд доданд.
Гуфта шуд, ки дар таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқӣ, амиқтар ва густариши робитаҳои дуҷониба сарони ду давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин нақши муассир доранд. Ин аст, ки сол то сол дар баробари ҳамкориҳои сиёсию фарҳангӣ ҳамчунин робитаҳои тичоратию сармоягузорӣ бо Федерасияи Россия, аз ҷумла вилояти Омск рушд ёфта истодааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, зимни мулоқот бо ҳайати меҳмонон қайд намуд, ки “Мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба самаранок истифода бурдани иқтидори минтақаҳоямон кумак мекунанд, манфиатдорем. Вилояти Хатлон рушди ҳамкориҳои минтақавиро як ҷузъи муҳими стратегияи рушди иқтисоду тиҷорат ва ҷалби сармоя медонад”. Дар идома таъкид гардид, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои калонтарини дорои захираҳои табиӣ буда, ҳамасола ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзии он ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.
Губернатор Александр Бурков низ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба хусус вилояти Хатлон дар тиҷорати хориҷӣ бо вилояти Омски Федератсияи Россия пешсаф аст. Аз ин лиҳоз онҳо барои густарини ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии минбаъда изҳори ҳавасмандӣ намуда, иброз доштанд, ки боз ҳам мустаҳкам намудани алоқаҳо дар ин самт ба нафъи ҷонибҳо хоҳад буд.
Дар доираи Фестивали лимӯ ҳамчунин намунаи маҳсулоти саноатии вилояти Хатлон ва ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд. Корхонахои истеҳсолии маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҷумла консервабарорӣ, мевахушккунӣ ва шарбату нӯшоба ва амсоли ин маҳсулоти худро ба меҳмонон муаррифӣ намуданд.
Дар ин баробар ҳайати намояндагони расмии вилояти Омски Федератсияи Россия бо имконоти сайёҳии вилояти Хатлон, мавзеъҳои хушбоду ҳаво ва манзараҳои зебову маконҳои таърихӣ шинос карда шуданд.
Дар натиҷаи ин вохӯрӣ миёни роҳбарияти вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Омски Россия муколамаи расмӣ сурат гирифта, дар арсаҳои гуногун созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Байни тоҷирону тоҷиру рус ва содироткунандагон низ шартномаҳои дуҷонибаю сеҷониба баста шуданд.
Амонҷон Маҳкамов
“САФО”
Зимни боздид аз намоишгоҳ губернатори вилояти Омски Федератсияи Россия Александр Бурков ва ҳамроҳонаш, ки роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва кишоварзию истеҳсолӣ буд, ба маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба сифати лимӯ ва сабзавоту меваҷоти вилояти Хатлон баҳои баланд доданд.
Гуфта шуд, ки дар таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқӣ, амиқтар ва густариши робитаҳои дуҷониба сарони ду давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин нақши муассир доранд. Ин аст, ки сол то сол дар баробари ҳамкориҳои сиёсию фарҳангӣ ҳамчунин робитаҳои тичоратию сармоягузорӣ бо Федерасияи Россия, аз ҷумла вилояти Омск рушд ёфта истодааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, зимни мулоқот бо ҳайати меҳмонон қайд намуд, ки “Мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба самаранок истифода бурдани иқтидори минтақаҳоямон кумак мекунанд, манфиатдорем. Вилояти Хатлон рушди ҳамкориҳои минтақавиро як ҷузъи муҳими стратегияи рушди иқтисоду тиҷорат ва ҷалби сармоя медонад”. Дар идома таъкид гардид, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои калонтарини дорои захираҳои табиӣ буда, ҳамасола ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзии он ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.
Губернатор Александр Бурков низ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба хусус вилояти Хатлон дар тиҷорати хориҷӣ бо вилояти Омски Федератсияи Россия пешсаф аст. Аз ин лиҳоз онҳо барои густарини ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии минбаъда изҳори ҳавасмандӣ намуда, иброз доштанд, ки боз ҳам мустаҳкам намудани алоқаҳо дар ин самт ба нафъи ҷонибҳо хоҳад буд.
Дар доираи Фестивали лимӯ ҳамчунин намунаи маҳсулоти саноатии вилояти Хатлон ва ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд. Корхонахои истеҳсолии маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҷумла консервабарорӣ, мевахушккунӣ ва шарбату нӯшоба ва амсоли ин маҳсулоти худро ба меҳмонон муаррифӣ намуданд.
Дар ин баробар ҳайати намояндагони расмии вилояти Омски Федератсияи Россия бо имконоти сайёҳии вилояти Хатлон, мавзеъҳои хушбоду ҳаво ва манзараҳои зебову маконҳои таърихӣ шинос карда шуданд. Дар натиҷаи ин вохӯрӣ миёни роҳбарияти вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Омски Россия муколамаи расмӣ сурат гирифта, дар арсаҳои гуногун созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Байни тоҷирону тоҷиру рус ва содироткунандагон низ шартномаҳои дуҷонибаю сеҷониба баста шуданд.
Амонҷон Маҳкамов
“САФО”
Добавить комментарий
Ахбор
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд 12:31ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД 14:30ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН


