Бойгонӣ
13 фев 09:43Фарҳанг / Мақолаҳо

ШАБЕ ДАР ШИКОРГОҲ

ҳикоя


Апрели соли 198…. 

Донишҷӯи факултаи ҳуқуқӣ Вайси Зиё аз шаҳр ба деҳа омад. Иттифоқ уфтод, ки он рӯз дар деҳа бародараш Юсуфи Шех, педагоги ҷавони ҷуғрофиё ба тоза кардани милтиқи шикории маъруфи «Тоз»-8 - и худ машғул буд. Вайс дарёфт, ки бародараш, ки шикорчии моҳир буд, мақсади шикор шояд дошта бошад. Худ низ шикорро дӯст медошт ва замони мактаббача буданаш ҳамроҳи бобои Суфӣ Содиқ борҳо ба шикоргоҳи Бобои Усто Идӣ ба шикор рафтааст. Аз ин рӯ изҳор дошт, ки ӯро низ ҳамроҳ гиранд.


Баъди ду рӯз шикорчии дар мавзеъи Чилдараи қадоваи Вахё  маъруф Муҳамадалии домандоз (ӯ дом андохта кабки зиёде шикор мекард) аз деҳаи Шаков бо камони бобоии худ («Берданка»-и истеҳсоли Руссияи подшоҳӣ) расида омад. Онҳо ашёҳои барои шикор лозимиро то тӯшаи роҳ ва зарфи хӯрокпазию капала ҷамъоварӣ намуда, соати 4-и саҳар роҳи шикоргоҳи Ҷағнинро пеш гирифтанд. Зеро он давра Иқболшо Саидов ном ҷавонмарди шӯҳратманд раиси хоҷагии ҷангали ноҳия буда, дар ин деҳа зиндагӣ мекард ва ба гуфти халқ ҳеҷ аз коммунистияш намебаромад. Охири моҳи апрел аллакай дар кӯҳистон барф намемонад. Ҳамаҷо сабз ҳаст. Танҳо дар қуллаҳои кӯҳҳо ва ёнаҳои он ҷо-ҷо барф намудор асту  халос. Бо роҳи морпечи кӯҳӣ ба боло ба шикоргоҳи Бобои Усто Идии равоншод, ки машҳуртарин табиб, устову ба истиллоҳе боз мергани  водӣ будааст қадам ба қадам боло мебаромаданд. Қад-қади дарёи шӯху серҷараёни Водара боло мерафтанд.

Дар калпи бобои Усто Идӣ ноништа карданд. Юсуфи Шех ин бобои машҳурро бо некӣ ёд оварда, иброз дошт, ки тахминан си-чил сол муқаддам ӯ дар ҳамин зери калп истода ноништа мекардааст. Ногаҳон ба болои дастархон сояи сари калони серпашму муйлаби ҳайвоне меафтад. Бобо фирҳол дармеёбад, ки ин ҷонвар бошад, набошад паланг ва ё бабр аст ва аз ҷой нахеста, ба сояи дар назди дастурхон афтидаи ҳайвон нигоҳ кард. Аз рӯи соя ҷойгиршавии ҳайвонро дар болои шах муайян намуда, тир кушодааст. Ногаҳон аз боло садои наъракашӣ ва гумбуросзанон аз шах афтидани ҳайвоне ба амал меояд. Ҳайвон рост ба назди дастархон афтида, ҷон медиҳад. ӯ дар ҳақиқат бабри калоне будааст. Бобои Усто Идӣ ин бабро пӯст канда, пӯсти зебои онро бо сардори постгоҳи ёридиҳандаи заставаи сарҳадӣ, ки дар деҳа макон дошт бо нархи калон фурӯхтааст. Баъди чанде шикорчиён хеста рӯ ба боло, ба камари кӯҳ роҳ гирифтанд. Акнун бар асари зиёдшавии барфи тарнам, роҳравӣ дар ёнаю камаи кӯҳҳо мушкилтар гашта буд. Барфи тарнам ва яхбаста дар ин баландӣ хело зиёд буд.То бегоҳ шикорчиён хело гашту гузор намуда, ғору мағоку камари калпу кӯҳҳоро хело диққаткорона аз назар гузарониданд, аммо аз сайд дараке набуд. Ҷое истоданд. Ҳамагонро яъсу навмедӣ фаро гирифта буд. Иттифоқан донишҷӯи ҷавон Вайси Зиё ба поён мавзеъи чашмадоре назар афканд. Аз баландии кӯҳ ба онҷо чанд бузи кӯҳӣ сарозер фуромада истода буданд.

Масофа он қадар дур не, 200-300 метр буд. Муҳамадалии «Домандоз» бо дурбин онҳоро тамошо кард: 1..2..3…….7…….. 10…12…. 

Бешубҳа онҳо зиёд буданд. Шамол  бошад аз тарафи шикорчиён сӯи чашма мевазид. Аз эҳтимол дур набуд,  ки бӯи одамиро ба машоми нахчирҳо мебурд. Аз ин рӯ зуд роҳашонро дигар намуда, аз дигар тарафи шахи кӯҳ, ки шамоле набуд ба сӯи чашма фуромадан гирифтанд. Дар масофаи 100 метр аз боло нарбузи калоне истода, чапу ростро назора мекард. Назди чашма бошад, бузу бузғолаҳои зиёде ҷамъ гашта буданд. Акнун танҳо лозим буд, ки бехато тир кушоянд. Вайси Зиё ба милтиқи шикории «Тоз»-8 тир ҷо карда, дуру дароз нарбузи калони назоратчиро, ки дар баландӣ меистод нишон гирифт. Маҳмадалӣ низ камони «Берданка»-ашро сӯи сайди навбатӣ рост намуда, мунтазири ишораи Юсуфи Шех буданд, то якбора оташ кушоянд. Баъди ишорае садои тири милтики «Тоз» ва «Берданка» дар ин тангнои кӯҳистон баланд гашт. Ҳазорон мурғони таронасарои баҳорӣ ба якборагӣ парида, аз шохи дарахтон рафтанд. Зоҳиран тири Маҳмадалии «домандоз» бехато расида буд,  ки бузи калоне ба даруни чашма афтид. Дигар бузу бузғолаҳо ба ҳар тараф дар як дам ҷонҳавла гурехта рафтанд. Нарбузи нишонгирифтаи Вайс  низ гурехт. Баъди чанде шикорчиён тирвор ба сари чашма фуромаданд. Юсуфи Шех бузи задаи Маҳмадалии домандозро, ки дар дами ҷон кандан буд, дарҳол сар бурид. Пайи хуне аз чашма хело поён мерафт. Вайс  ҳис мекард, ки тираш хато нарафтааст. Баъди тахминан 50 метр поён рафтан, чашми ӯ дар пастхамбие ба нарбузи калони чанбаршохеро, ки зоҳиран тир ба шикамаш расида, рӯдаҳояшро даронида буд, афтид. Ҳайвон дигар маҷоли хестан надошт ва Вайс корди шикории бобои Суфӣ Содиқро, ки ҳамроҳаш буд аз миён кащида сари нарбузро аз бадан ҷудо намуд.

        Борони баҳорӣ бошад босуръат ба боридан даромада, баъди чанде ба раъду барқ ва тӯфон мубаддал гашт. Табиист, ки дар чунин боду борон боз шомгоҳон азми деҳа кардан ба марг баробар буд.

Абри сиёҳи ғафс аз ҳукмронии чандсоатаи худ дар ин минтақа гувоҳӣ медод. Аз ин рӯ, ҳамсафарон қарор доданд, ки шабро дар ҳамин шикоргоҳ дар зери калпи калоне, ки шамолпаноҳ буду 5-6 нафар одам баҳузур ҷой мегирифт истода, шабро гузаронанд. Зуд сангҳои гирду пешро чида, дегдон монданд ва дар косаи калони оҳанин об гирифта, гӯшти рони пой, дилу ҷигари сайдҳоро андохта, аз сирпиёзу алафҳои кӯҳӣ чида, намак зада ба шӯрбо андохтанд. Инак хӯрок баъди чанде омода шуд ва чой низ ҷӯшид. Акнун дар назди гулхани калони чӯби арчагин либосҳои худро хушк карда, гарм шуда, ба ҳузур шӯрбои гӯшти нахчириро нӯши ҷон мекарданд. Ба назари Вайс  чунин намуд, ки чунин шӯрбои бомаззаро дар ҳаёташ нахӯрдааст. Суҳбат сари як пиёла чой ва тамошои борони пуршиддати баҳорӣ аз дохили калп як роҳати хосаи дигаре дошт. Равшании гулхан қаъри дара, хоросангҳо, дарёча ва набототи гирду пешро равшанӣ дода, як табиати аҷиберо пеши назар меовард. Баъди хело суҳбат намудан, лахчаҳои аз  гулхани дарахти арча ҳосилгаштаро, ба зери хоки нами даруни калп кашида, аз болояшон хокро пӯшонида, баъдан кампалаҳоро андохта, ба ҳузур, гарм хоб рафтанд. Ба назари Вайс чунин метофт, ки онҳо дар ягон хонаи тафсон хоб рафтаанд. Садои рӯҳнавози борон бо бӯи гулҳои баҳорӣ ва ҳавои тозаю сард ба онҳо роҳати аҷибе мебахшид.

Шикорчиён дар шикоргоҳ бо ҳаловати ногуфтание хоб рафтанд. Пагоҳирӯз, соатҳои тахминан шаш борон монд. Дар ҳаво ягон-ягон уқобон дар гардиш буданд. Аввал хӯроки шабмондаро гарм карда хӯрданд. Сайдҳоро пӯст канда, тоза карда, дар борхалтаҳо ҷой намуданд.

Баъдан, оромона ва бо як мамнунияти хосае шикоргоҳро тарк карда, қад-қади дарёчаи кӯҳӣ ба сӯи деҳа роҳ пеш гирифтанд. Агарчанде, ки дар хона аз шаб наомадани онҳо нороҳат шуда бошанд ҳам, лекин сиҳату саломат баргаштанашонро фоли нек донистанд. Кампири модаркалони Вайс момои Бибихалифа бошад, чун анъанаи қадимаи шикорчиёни мулки Дарвоз барои ҳаққу ҳамсояҳо ҳамроҳи наберагонаш Гулдаста ва Манучеҳра, ҳаққи гӯшти сайдҳои барои онҳо чудошударо чун таомули қадима фиристод.

Оре, урфу одати аҷдодиро тоҷики кӯҳистон, чун тоҷики асил ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.

Беҳуда нагуфтаанд, миллат бо забон ва урфу одаташ зиндааст!


Варкаи Зайниддин
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019