Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БАРОДАРОНИ ВАТАНПАРВАР
Барои ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки баҳри илму касбомӯзӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва дилхушию фароғаташон тамоми шароиту имконот фароҳам оварда шудааст, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи фарзандӣ аст - мегӯяд Сайфиддин Гулов, ки чанде пеш дар мавсими тирамоҳии даъвати ҳарбӣ якбора ду писарашро ба хизмати аскарӣ фиристод.
Бародарон Руслан ва Салам аз Ҷамоати деҳоти “Сарвати истиқлол”-и ноҳияи Кӯшониёнанд. Яке 23 ва дигаре 21 сола буда, баъд аз хатми муваффақонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.
Руслан таҳсилдидаи ихтисоси журналист-тарҷумони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав асту Салам хатмкардаи бахши хадамоти гумруки Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад.
Аз суҳбат бо падари ин ҷавонони ватанпарвар аён шуд, ки онҳо аз даврони мактаббачагӣ ба донишомӯзӣ рағбат дошта, ҳамчунин пайваста ба тарбияи ҷисмонӣ машғуланд.
-Ҳарду фарзандам мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хонда, ба донишгоҳҳо дохил шуданд, – иброз менамояд Сайфиддин Гулов. - Чор сол аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсилашонро идома дода, ҳар моҳ стипендия мегирифтанд. Пеш аз ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастан онҳо дар мактаби ронандагӣ низ ройгон таҳсил намуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Бо ин ҳама ғамхориҳо чӣ гуна фарзандонам хизмати Ватанро накунанд? – таъкид мекунад падари бародарони ватандўст ва ӯ меафзояд, ки бояд кулли ҷавонон ба қадри Сарвари ҷавонпарвару давлати ободу осоиштаи худ расанд. Зеро барои рушду камолоти ақлонию ҷисмонӣ ва маънавию фарҳангии онҳо дар ватани азизамон тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст.
Руслан ҷавони оромтабиат, вале хеле серғайрат аст, - мегӯяд падараш. Чанде пеш ӯ ба худ мақсад гузошт, ки бояд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот кор кунад. Ва ҳамин тавр тасмим гирифт, ки ба хизмати ҳарбӣ рафта, баъд аз адои он нақшаву нияташро амалӣ намояд.
Салам бошад хизматро дар Артиши миллӣ ифтихори худ дониста, мегӯяд, ки баъд аз сарбаландона адо намудани қарзи фарзандии худ назди Модар-Ватан аз рӯи ихтисосаш ба фаъолияти касбии худ шурўъ менамояд.
Доир ба садоқату матонат ва шаъну шарафи ватандорӣ Руслану Салам ҳамфикранд. Онҳо бар ин андешаанд, ки хизмат дар Артиши миллӣ мактаби ҷавонмардӣ буда, обутоб ёфтан дар он ҳар нафарро дар ҳаёти мустақилона устувор ва қавӣ менамояд.
-Дар хизмати ҳарбӣ тавре падарамон ба мо гуфтааст, тартибу интизомро меомӯзем, донишамонро мукаммал мегардонем, ҷисман неруманд мешавем ва фикри солим доштанро аз худ менамоем – зикр менамоянд бародарон.
Ватанпарварию мардонагӣ ва майлу хоҳиши чунин ҷавонони бонангу номусро ба хизмати ҳарбӣ Пешвои муаззами миллат баҳои баланд дода, онҳоро дар қатори қаҳрамонони халқи тоҷик донистаанд, ки дар роҳи ҳимоят аз ватану миллати хеш ҷон нисор карда, имрӯз мояи ифтихори тамоми тоҷикистониён гардидаанд.
Тавре Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиклолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст мебошад» .
Дар ҳақиқат хизмат ба Меҳан шараф аст ва он ба ҳар кас ҳам насиб намегардад. Зеро дар ин масир танҳо нафароне буда метавонанд, ки онҳо зодгоҳ, диёр ва миллати хешро аз дилу ҷон дӯст медоранду онро бо сухани хушку холӣ не, балки бо амали ҷавонмардонаашон собит менамоянд.
Хурсандибахш аст, ки сол то сол шумораи чунин ҷавонони ватанпарвару меҳандӯст, ки бо ихтиёри худ барои адои хизмати ҳарбӣ, ҳамчун фарзандони муҳофизи диёр дар ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар мақомоти қудратию низомии кишвар сафарбар мегарданд, зиёд шуда истодааст. Ин раванд гувоҳи он аст, ки имрӯз шароити қисмҳои низомии мамлакат ба маротиб беҳтар гардида, ҳисси ватандӯстию хештаншиносии ҷавонон боло рафтааст.
М. АМОНҶОН
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД 13:21АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД 13:18Тоҷикистон – Ватанам 15:38РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД 14:39ХОҲАРОНИ КИТОБХОН 13:16ФОТЕҲИ ВАХШОНЗАМИН 13:10НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД




