Бойгонӣ

Терроризм –тарғиби нафрат ба инсон

   Ҷаҳони муосир дар масири рушди худ бо зуҳуроти гуногуни ғайримуқаррарӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Терроризм ва экстремизм яке аз онҳост, ки барои ҷомеаи инсонӣ хатарзо буда, тамоюли фарогирии зиёд дорад.
   Оид ба мафҳуми терроризм мо аз китобҳо хондаву аз амалиёти террористон дар гўшаву кишварҳои бузурги олам тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳ мешавем. Таркишу гаравгонгирӣ, муносибати бераҳмона нисбати одамон, куштору асирӣ ба вайрон кардани тавозуни ҳаёти осоиштаи одамон таҳдид менамояд. Муҳим он аст, ки терроризм аз мағзшўйи шахс оғоз мешавад ва ба қавли муҳаққиқон ин  нафрати инсон ба инсон ва ба башарият мебошад. Фарде, ки иродаи ноустувор дошта, дар ҳаёт бебарор, ниёзманд ба кумаки молиявист ва дар  вазъияти равонии мушкил  қарор дорад, ба ин ҷараён мегаравад.
Имрўз террористон бештар донишҷўён, ҳатто ҷавонони донишмандро ҷалб намуда, неруи зеҳнӣ, истеъдод ва маҳорати онҳоро барои амалӣ кардани ҳадафҳои хеш истифода мебаранд.
   Агар ба  ҳайати аъзои ташкилотҳои террористию экстремистии дар Тоҷикистон манъшуда- ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 нигарем, маҳз ҷавонон аксариятро ташкил медиҳанд. Ин сабаби дигар низ дорад. Дар ин гурўҳҳо фарзандони собиқ саркардагони ҲНИТ, маҳбусони сиёсӣ, хешу табор ва донишҷўёни тоҷик, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, шомиланд. Онҳо асосан бо фаъолияти тарғибу ташвиқи ғояҳои ташкили давлати исломӣ, нохун задан  ба эҳсоси инсонҳо, эътиқоди динӣ, “дифоъ”-и демократия машғуланд. Гурўҳҳои террористӣ фазои иттилоотро  барои ноил шудан ба мақсади худ  истифода менамоянд. Онҳо  тавассути  рўзномаву маҷалла, радиову телевизионҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ  фаъолият мебаранд. Маҳз тариқи интернет шиносоӣ ва гаравидани ҷавонон бештар мушоҳида мешавад, чунки технологияҳои  информатсионии муосир ба ҳама дастрас мебошанд. Ин фазои тарғиботиро хадамоти ҷосусии кишварҳои хориҷӣ сармоягузорӣ менамоянд.  Таъсиси радио ва  телевизионҳои  онлайнӣ, ки бар зидди Тоҷикистони соҳибистиқлоли  имрўза нигаронида шудаанд, шабонарўзӣ дар эфир  ҳастанд. Паст намудани эътибори ҳукуматдорон, сиёсатмадорон, сохти давлатдорӣ, даъват ба ҷиҳод ва муборизаи сиёсӣ, ангехтани душманӣ байни маҳалҳо, мазҳабҳои динӣ  мавзўъҳои асосии ин барномаҳо мебошанд. Дар таҳияи барномаҳояшон ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ  дахолат карда, сабаби мушкилоти иқтисодиро бо масъалаҳои сиёсӣ алоқаманд менамоянд. Шахсони аз мақсади ин гурӯҳҳои таблиғгар  ноогоҳу саводи сиёсӣ  надошта дар симои онҳо гӯё ”муҳофизони” манфиатҳои иҷтимоиро дида, бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд.  Фаъолияти пасипардагии ин ташкилотҳо ба тағйир додани вазъи иҷтимоӣ не, балки сохти давлату  афкори омма нигаронида шудааст. 
   Нисбати Тоҷикистон  сомонаҳои Ахбор.сом, Паём.net., Ислоҳ.net, Андешагон.org, Восток-нюс, Кимиё ТВ, радио Паём, Рисолат.тҷ чун «фабрикаи ҷавоб» бо пахши иттилооти бардурӯғи иғвоангез, фейкҳо фаъолият доранд. Дар онҳо иттилооти  ғаразноку  тахрибкоронаи душманони миллат  ба нодида гирифтани дастовардҳои Истиқлолияти Тоҷикистон садо медиҳад. 
   Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, бахусус ҷавонон,  ки  бо ин  иттилоот шинос мешавад, бояд аз мавқеи ватандорӣ, воқеӣ баҳо додани вазъият, таҳлилу муқоисаи он, дарки ҳадафи асосӣ муносибат намояд. Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохўриву суханрониашон доимо таъкид менамоянд, ки зиракию ҳушёрии сиёсиро  аз даст надода, аз оқибати равандҳои манфии муосир, таъсири хатарноки ҳар гуна равияву  ақидаҳои бегона эмин бошем. Дарвоқеъ, таърихи сисолаи Тоҷикистони имрӯза бо таҷрибаи нодири сулҳсозӣ моро ба ҳифзи истиқлолият водор менамояд. 
  Террористон дар кадом кишваре  набошанд, мардумро дар тарсу ҳарос  нигоҳ дошта, қудрати хушунатро намоиш медиҳанд. Дар шароити имрӯзаи олам гӯшае нест, ки аз ин неруи фалокатбор дар амн бошад. 
   Вазъияти кишвари ҳамҷавори мо- Афғонистон  ба он далолат мекунад, ки экстремизми динӣ чиро ба бор меорад.  Мардуми даҳсолаҳо аз ҷангу муноқишаҳои қавмӣ   ҷабрдида парешону хор шудааст. Зери таъсири мақсадҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат  осоиш наёфтани ин мамлакат  кам буд, ки Толибон ин вазъиятро боз ҳам мушкилтар намуданд. Толибон бо террористону экстремистони динӣ ҳамақидаанд. Ҳадафи онҳо ба раъйи  мардуми афғон мувофик  нест. Фирорӣ шудани миллионҳо шаҳрвандони ин кишвар, имдод хостани занону кӯдакон барои ҳифзи ҳуқуқҳои  худ аз  ҷонибдорӣ накардани Толибон  гувоҳӣ медиҳад. Тазъиқу маҷбур кардани мардум  ба  зиндагии асримиёнагӣ зери пардаи ислому шариат  дар асри ХХ1 танҳо барои ғасби ҳокимият аст. Онҳо чархи таърихро мехоҳанд дар пояи  афкори тундгароёнаи хеш бозгардонанд.  Барои зери ҳокимияти худ нигоҳ доштани  халқ  Толибон ин қадар хунрезӣ ва бераҳмиро ба мардуми бегуноҳи  азияткашида раво диданд. Бошад, ки дар ин сарзамин ҳам сулҳ пойдор гардида, мардум дар Ватани худ сарҷамъ  оянд. Танҳо сулҳ чун бузургтарин сармояи маънавиии башар имкон медиҳад, ки одамон дар муҳити  дӯстиву осоишта зиндагӣ кунанд.
   Ин воқеаҳои мудҳиш аз сари  мардуми тоҷик ҳам гузашт .  Маҳз фаъолияти ТЭТ  ҲНИТ   дар солҳои 90-ум  буд, ки  дар кишвари  мо  ҷанги шаҳрвандӣ ва кўшиши табаддулоти давлатӣ рух дод. Якуним миллион гуреза шуданд. Аксарияти онҳо дар Афғонистон паноҳ бурданд. Ҳазорҳо одамони бегуноҳ қурбон гардиданд.
  Сабақи фоҷиаи  халқи тоҷик ва панҷ соли музокироту бастани Созишномаи истиқрори сулҳ чун таҷрибаи ибратомӯз дар олам муаррифӣ шудааст. Андешаи сулҳ ва иродаи нигоҳ доштани миллат, азхудгузаштанҳои  фарзандони фарҳехтаи тоҷик бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон моро аз вартаи нобудӣ раҳо кард. Сулҳу субот ва рушди Ватани азизамон-Тоҷикистон мароми имрӯзу  фардои мо гаштааст. 
   Ҳеҷ як фарди  солимфикр    ҷонибдори  терроризм буда наметавонад. Ин зуҳуроти манфуру бебунёд барои қурбонии умри инсонӣ  намеарзад. Терроризм чун неруи аҳриманӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир шуда, ҷомеаи ҷаҳониро  ба ташвиш андохтааст. Ободию озодӣ, ваҳдату дастҷамъӣ барои одамон  фазои амну субот, зиндагии шоистаро таъмин мекунанд. Инсонпарварӣ, эҳтироми миллатҳо,  дину мазҳабҳо, таҳаммулгароӣ, рафоқату ҳамкорӣ  ба терроризму экстремизм мухолифанд. Мавқеи  мо аз рӯйи  виҷдон ва масъулияти  шаҳрвандӣ  бо ин зуҳурот мубориза  бурдан аст. Бояд ба иттилооти гуногуни шабакаҳои иҷтимоӣ  назари интиқодӣ намуда,  мавқеи устувори сиёсӣ дошта бошем.  Ватан ва халқи худро сидқан дӯст дорем, вафодор  бошем ва барои рушду  беҳбудии ҷомеа  саҳм гузорем, чунки мақсади нек поянда ва созанда  мебошад. 
                             Дилором  Маҳкамова, дотсенти кафедраи 
                             рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав 


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019