Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Корзори ҳунар
Ҷалби занону духтарони ноҳияи дурдасти Носири Хусрав ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ махсусан чеварӣ кори ниҳоят мушкил буд, - мегӯяд Шаҳло Турдиева, роҳбари коргоҳи дӯзандагии “Мақсуда”. – Зеро бонувони ин ноҳия бештар ба кори саҳроӣ одат карда, аз субҳ то шом баробари мардон дар замин заҳмат мекашанд. Дӯзандагӣ, ки одитарин шуғли занон аст, барояшон аз кишоварзӣ дида мушкилтар менамуд.
Зани хушзавқу доно Шаҳло Турдиева таъсисдиҳандаи аввалин ва ягона сехи дӯзандагӣ дар ноҳияи Носири Хусрав мебошад. Ӯ аслан сокини ноҳияи Данғара буда, қабл аз ин ҳамчун таъминкунандаи либосҳои мактабии хонандагони муассисаҳои таълимӣ тобистони ҳар сол дар ноҳияи Носири Хусрав фаъолият мекард. Баъдтар зарурат ба миён омад, ки дар инҷо низ коргоҳи дӯзандагии доимамалкунанда таъсис дода, талаботи ноҳия аз ҳисоби истеҳсоли худӣ таъмин карда шавад.
-Мо дар коргоҳи дӯзандагии “Каёнӯш”-и ноҳияи Данғара фаъолият мекардем ва бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ соли 2018-ум корро дар ноҳияи Носири Хусрав низ оғоз намудем. Дар аввал бароямон хеле мушкил буд ва бо гузашти вақт мутобиқ шудем. Нахуст, мо шаш нафар яъзои як оила ба дӯхти либосҳои миллӣ пардохта, дар зудтарин фурсат мизоҷони худро пайдо кардем, - нақл мекунад ин дӯзандаи моҳир.
Ба гуфтаи Шаҳло Турдиева дар ноҳияи Носири Хусрав дӯзандагон ангуштшуморанд. Якчанд нафар дар хонаҳояшон чеварӣ мекунанду халос. Бонувонон барои дӯхтани либос то 15-20 рӯз, ҳатто як моҳ дар навбат меистанд. Ин аст, ки талабот ба хизматрасонии онҳо рӯз то рӯз меафзояд.
-Мо кӯшиш мекунем, ки дилхоҳ дархости мизоҷонро вобаста ба фаъолиятамон қонеъ созем. Ба ҷуз аз сарулибоси занонаю мардона ва кӯдакона ба омода намудани либосҳои махсуси соҳаҳои гуногун, аз ҷумла табибон, омӯзгорон, ҳарбиён ва кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ машғулем. Дар ҳамаи ҷашну маросимҳои миллӣ, бахусус Наврӯз тибқи фармоиш либосҳои идона омода менамоем. Айни ҳол ба муносибати 30-солагии Истиқлоли кишвар барои хонандагони чор муассисаи таълимӣ бо истифода аз нақшу нигори миллӣ либосҳои шинаму зебо омода намуда истодаем.
Ҳоло дар коргоҳи мазкур 20 нафар фаъолият мекунанд. Чеварон бо истифода аз дастгоҳу лавозимоти замонавӣ ба духти либосҳои мактабӣ банданд. Онҳо бояд то соли нави хониш панҷ ҳазор хонандаро ба либоси хушсифат таъмин намоянд, ки ин раванд тибқи нақшаи пешбинигардида идома дорад.
-Пеш аз он ки мо бо муассисаҳои таълимӣ шартнома бандем, бо волидайни хонандагон вохӯрда машварат мекунем ва фикру дархости онҳоро ба назар гирифта, сипас барои фарзандонашон либоси мактабӣ медӯзем, - мегӯяд Ш.Турдиева.
Сехи дӯзандагии “Мақсуда” на танҳо коргоҳи истеҳсолӣ аст, балки он ҳамчун маркази омӯзиши ҳунари дӯзандагӣ низ миёни бонувони ноҳия маъруф гаштааст. Бо муҳайё шудани шароити мусоиди корӣ, роҳандозӣ гардидани омӯзишҳои пай дар пайи касбӣ дар ин макон даҳҳо нафар занону духтарон нозукиҳои чевариро аз худ намуда, соҳибҳунар гаштаанд.
- Дар кадом вақт одам хушбахтии худро эҳсос мекунад? – суол медиҳанд ба сарватманде. Дар посух ӯ мегӯяд: -Дар пулу моли дунё, мошину манзил не, зеро ҳамаи онро дорам. Дар зиндагӣ танҳо дар як ҳолат худамро воқеан ҳам хушбахт ҳис кардам. Он ҳамон лаҳзае буд, ки ба кӯдаке либос ҳадя намудам ва ӯ ба ман нигариста гуфт: “Як бори дигар чеҳраатонро бинам, то дар хотирам монед ва вақте ки ин либосро ба бар менамоям, ба некӣ ёдатон кунам”- нақл кард аз қиссаҳои шунидаи худ Шаҳло Турдиева. Ин бонуи ҳунар мегӯяд, ки ҳамин қиссаи пандомўз барояш мисоли зиндагии хайр аст ва талош мекунад, ки сахӣ бошаду нафъаш ба касе расад.
Ӯ бар ин андеша аст, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баёнгари таваҷҷуҳи зиёди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зан-модари тоҷик буда, нишонаи қадрдонӣ ба ҳунари волои онҳо мебошад.
-Ин иқдоми наҷиб боис гардид, ки мо аз ҳарвақта дида бештар ба ҳунармандӣ машғул шуда, ба дастовардҳои меҳнатӣ ноил гардем. Имрӯз ҳар як зани соҳибҳунар на танҳо дар коргоҳ, балки дар шароити хона низ бо истифода аз ҳунари худ ба соҳибкорӣ машғул гардида, маҳсули дасташро ба фурӯш мегузорад, ки ин ҳам василаи баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ба шумор меравад», - афзуд ҳунарманд.
Аҳли заҳмати сехи дӯзандагии мазкур дар баробари зиёд намудани номгӯи хизматрасонии худ талош доранд, ки даромадашонро афзун намуда, аз ин ҳисоб боз ҳам таҷҳизоти нав ворид кунанд. Онҳо ният доранд, ки коргоҳашонро боз ҳам васеъ намуда, на танҳо ноҳияи Носири Хусрав, балки навоҳии атрофро низ фаро гиранд.
М. АМОНҶОН, н. Носири Хусрав
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД



