Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Шаҳло Насруллоева: “Ориёно” зодаи даврони Истиқлоли кишвар аст
Дар раванди таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи маориф ва дар заминаи эҳёву бунёди ҳазорон иншооти муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ фароҳам овардани шароитҳои мусоиди илму донишандӯзӣ барои наврасону ҷавонон аз бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад. Тибқи маълумотҳои оморӣ танҳо дар соли гузашта дар кишварамон 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои зиёда аз 63 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар умум, давоми 30 соли соҳибистиқлолии кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1,3 миллион ҷойи нишаст бунёд гардидааст.
Бо фароҳам гардидани шароити таълимӣ инчунин эҳё ва ба фаъолият пардохтани муассисаҳои таълимии типпи нав дар раванди таълиму тарбияи насли замони Истиқлол нақши ниҳоят муассир гузоштааст. Литсейи давлатии “Ориёно”- шаҳри Бохтар аз љумлаи муассисаҳои таълими замонавӣ ва зодаи даврони Истиқлоли кишвар маҳсуб меёбад, ки тӯли 15 соли фаъолияташ дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда дорад.
-Мавриди зикр аст, ки аз солҳои аввали таъсисёбиаш хоҳишмандони таҳсил дар ин муассисаи таълимии типпи нав зиёд аст. Бинобар ин, маъмурияти литсейи мазкур ба фароҳам овардани шароитҳои беҳтари таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии таълимгирандагон аҳамияти ҷиддӣ нишон медиҳанд, -иброз медорад Шаҳло Насруллоева, сарвари литсейи “Ориёно”-и шаҳри Бохтар.
- Айни ҳол шумораи хонандагони муассиса ба 1151 нафар мерасад, ки ба онҳо 59 нафар беҳтарин омӯзгорони минтақа аз ҷумла, омӯзгори фанни кимиё ва дорандаи Ҷоизаи “20 – солаи омӯзиши фанҳои дақиқ” Тошев Қобилҷон, омӯзгори фанни биология Сафармоҳ Қобилова, муаллимони фанни математика Муъмин Сангинов ва Гулрухсор Назарова, устоди фанни информатика Холов Зоиршоҳ дарс медиҳанд. Қобили зикр аст, ки аз ҳайати омӯзгорони литсей 12 нафар дорандагони унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 1 нафар дорандаи медали “Хизмати шоиста” ва дорандагони Ҷоизаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва дигар унвонҳо мебошанд. Дар соли ҷорӣ аз 90 нафар хатмкунандагони литсей 98 фоизи онҳо ба муассисаҳои олии таълимии ватаниву хориҷ аз кишвар дохил шудаанд.
Натиҷаи заҳмати чунин устодон аст, ки дастпарварони литсей дар озмуну олимпиадаҳои мактабии шаҳриву вилоятӣ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро сазовор мегарданд. Аз ҷумла, дар соли хониши гузашта 15 нафар хонандагони мо дар даври ниҳоии озмунҳои фаннии мактаббачагон иштирок намуда, соҳиби 15 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки аз ин як тан соҳиби медали тилло гардид.
Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз имкон фароҳам гардид, ки падару модарон вобаста ба имкониятҳои оилавӣ ва истеъдоди лаёқати фарзандонашон муассисаҳои таълимии сатҳи гуногун барои наврасон интихоб намоянд. Мусаллам аст, ки вобаста ба боло рафтани сатҳи зиндагӣ ва таваҷҷуҳи мардум барои дар шароити беҳтару хубтар таълим гирифтани фарзандон, сол аз сол талабот ба мактабҳои типпи нав зиёд шуда истодааст.
Ба гуфтаи Шаҳло Насруллоева, яке аз хусусиятҳои вижаи литсейи давлатии “Ориёно”-и шаҳри Бохтар ин аст, ки иловатан ба барномаи таълимие, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумњурии Тољикистон таҳия намудааст, дар ин таълимгоҳ аз рӯи низомнома ба таълими фанҳои дақиқ бартарӣ дода шуда, ҳамзамон дарсҳои иловагӣ ва 50 маҳфилҳо аз ҳамин фанҳо ба роҳ монда шудааст. То имрӯз тамоми омӯзгорони литсейи давлатии “Ориёно”-и шаҳри Бохтар аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, ҳамакнун дарсҳо дар ин муассисаи таълимӣ бо усули салоҳиятнокӣ гузаронида мешавад.
- Дар доираи амалисозии ҳадафҳои пешгирифта дар самти “20-солаи омӯзиши илмҳои дақиқ” соли гузашта дар литсейи давлатии “Ориёно” –и шаҳри Бохтар кабинетҳои фаннии кимиё ва соли ҷорӣ кабинети фанни биология муҷаҳҳаз бо ҳама таҷҳизоти муосир таъсис дода шуд. То имрӯз толибилмони мо дар озмуну олимпиадаҳо аз фанҳои кимиё, биология, математика, забони англисӣ, забони русӣ ва забону адабиёти тоҷик сазовори ҷойҳои намоён шудаанд. Ҳадафи омӯзгорон ба дастовардҳои бештар ноил гардидани шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва сатҳи байналмилалӣ мебошад, -иброз дошт Ш. Насруллоева.
- Боиси ифтихору сарфарозии омӯзгорон аст, ки имрӯзҳо дастпарварони литсей дар тамоми соҳаҳо фаъолият доранд ва умедворем, садҳо нафари дар муассисаҳои олии дохилу хориҷ аз кишвар таҳсил дошта, баъди соҳиби ихтисос шудан, омада ба халқу Ватани хеш хизмат хоҳанд намуд.
Таваҷҷуҳи беандоза ба рушди соҳаи маориф ва фарогирии насли ояндасози миллат ба илму ҳунаромӯзӣ, рушди зеҳнӣ ва баланд бардоштани маърифатнокиву ҳисси худшиносии насли ояндасози миллат аз иқдомҳои дурбинонаи Роҳбарияти олии мамлакат арзёбӣ мегардад, ки аз солҳои аввали ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар кишвари тозаистиқлоламон рӯи кор омадаанд. Дар радифи дигар тадбирҳои муҳим ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим Сарвари давлат дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040-ро «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд. Дар доираи расидан ба ҳадафҳои пешгирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳимеро ба мисоли таъсису баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» «Илм – фурӯғи маърифат» роҳандозӣ намудааст, ки дар таълиму тарбияи наслҳои саводноку ояндасози Тоҷикистони азиз нақши ниҳоят бузург хоҳад бозид, - мегӯяд сарвари литсейи давлатии “Ориёно”-и шаҳри Бохтар Шаҳло Насруллоева.
Юсуфи СОБИР
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД 16:49ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД 13:01ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД 15:05Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:02РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ХОНАВОДАИ МАРҲУМ ФАЙЗАЛӢ РАҲИМОВ ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ НАМУДАНД 16:55РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД 14:49РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД 12:43ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД 16:53
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ҶАҲОНРО БО ДИЛ МЕШУНАВАД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК



