Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
САМАРИ ИСТИҚЛОЛ
Агар солҳои аввали Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардум дар фикри ҷону нон буданд, - мегӯяд Нурмуҳаммад Юсупов, раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён - дар давраи эҳё харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ бартараф карда шуда, садҳо иншооти пураҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ бунёд ёфтанд. Дар ин муддат сокинони ватанпарвари кишвар низ бо азму иродаи қавӣ дар фазои тинҷию амонӣ заҳмат кашида, ба рӯзгори нек расиданд. Шаҳрҳо ободу биноҳои баланду зебо қомат афрохтанд. Дар ин баробар таваҷҷуҳ ба рушди деҳот низ афзуд. Ҳоло мо дар ҳамбастагӣ баҳри фароҳам овардани шароити шоистаи зиндагӣ ва истироҳату фароғати сокинон дар ҳамаи рустоҳои ҷамоат ҳастем. Барои таърих 30 сол вақти тӯлонӣ нест, - илова намуд мавсуф - аммо дастовардҳои бемисли ин се даҳаи хотирмон, ки аз ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, бароямон муқаддас аст.
Роҳи обод, биноҳои зебо, мактабу бунгоҳ, дукону мағозаҳои тозабунёд ва гашту гузори сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров мақоли халқиеро ба зеҳн меорад, ки мегӯянд: “Соле, ки накуст аз баҳораш пайдост”. Воқеан аз даромадгоҳи ҷамоати номбурда аён аст, ки бо наздик шудани ҷашни фархундаи 30-солагии истиқлоли Ватан ин ҷо тадбирҳои созандагӣ вусъат мегирад. Дар ҳар гӯшаи деҳот сохтмончиён саргарми коранд. Онҳо дар муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ, дар маҳалҳо бунгоҳҳои тиббӣ, барои эҳтиёҷоти маишии аҳолӣ марказҳои хизматрасонии иборат аз мағозаву дорухона, ҳаммому сартарошхона, нуқтаи шустушӯи мошинҳо, майдончаҳои варзишӣ барои ташаккули тарзи ҳаёти солим бунёд намудаанд, ки худ далели ободкориҳост. Тибқи маълумот то ба имрӯз 27 иншооти тозабунёд ба истифода дода шуда, дар панҷтои дигар раванди корҳои сохтмонӣ хеле хуб ҷараён дорад. Бар замми ин бо ташаббуси сокинони заҳматкашу соҳибкорони ҳимматбаланд илова ба нақшаи пешбинигардида 12 иншооти иҷтимоӣ сохта шуда, мавриди баҳрабардории умум қарор гирифтааст.
-Мо кӯшиш намудем, ки тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони ҳар як деҳа шароите муҳайё намоем, ки онҳо эҳтиёҷоташонро аз деҳа набаромада, дар маҳалли зисти худ бароварда созанд, - иброз намуд раиси ҷамоат. – Аз панҷ деҳаи ҷамоат қаблан мо дар се деҳа бунгоҳи тиббӣ доштем. Бо шарофати истиқлоли кишвар дар ду деҳаи боқимонда низ бунгоњи тиббӣ бунёд намудем. Дар назди муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии соҳибкорону волидайни хонандагон 27 синфхонаи иловагӣ сохта шуда, ҳоло ҳам дар ин самт кор идома дорад. Бар замми варзишгоҳи марказии ҷамоат дар ҳамаи деҳаҳо майдончаи замонавии варзишӣ ташкил гардиданд, ки наврасону ҷавонон аз онҳо хеле самаранок истифода бурда истодаанд. Барои дастрасӣ ба музди меҳнат, нафақа ва дигар хизматрасонии молиявӣ дар ҷамоат ду филиали бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” таъсис дода шуда, дар якчанд нуқта барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои мобилӣ бонкаматҳо гузошта шудааст.
Ба гуфтаи Нурмуҳаммад Юсупов аксари бошандагони ҷамоати деҳот дар ободу зебо гардидани маҳалли зисти худ ташаббускоранд. Онҳо дар ин самт сиёсати давлатии Роҳбарияти олии давлату ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар ҳамбастагӣ инфрасохтори ҳар як деҳаро мувофиқ ба талаботи замон мукаммал намуда истодаанд. Аз ҷумла, сокинону соҳибкорон Бегназаров Алишер, Абдумалик Эрматов, Фарҳод Зиёев, Илҳом Қурбонов, Маҳмуд Раҳмонов дар ободониҳои номбурда саҳми бориз гузоштанд.
Гурўҳи кории Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров, ки дар он аҳли илму адаб ва зиёиёну собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шомиланд, пайваста миёни аҳолӣ тадбирҳои созандагиро тарғиб намуда, онҳоро ба ободонии манзили зисту деҳоти худ даъват менамоянд.
Сокинон дар баробари бунёди хонаву дар, ҳамчунин хуб дарк намудаанд, ки роҳу пулсозӣ низ аз беҳтарин амалҳои хайрхоҳона буда, кори савоб аст. Ин аст, ки бо дастгирии аҳолии деҳот ва соҳибкорони бо нангу номуси ҳудуди ҷамоат 18 километр роҳи маҳаллӣ пурра мумфарш ва се кўпруки байни рустоҳо азнавсозӣ шуданд, ки онҳо ҳаракати воситаи нақлиёт ва пиёдагардонро дар ҳамаи фасли сол осон намуданд.
Ҳарчанд чароғҳои симчўбҳои барқии гузару маҳаллаҳо иваз карда шуда, дар ҳолати корианд, аммо аҳли ҷамоатчигӣ боз ҳам имрӯзҳо дар деҳаҳо насби пояҳои оҳанини равшаннамоиро оғоз намудаанд. Мувофиқи маълумоти масъулон то ба имрӯз 128 симчўби фарсудашуда бо симчўбҳои бетонӣ иваз карда шуд. Баҳри кам кардани сарбории трансформаторҳо, ки баъзан дар фаслҳои тирамоҳу зимистон барои мунтазам таъмин намудани аҳолӣ бо барқ мушкилот пеш меовард дар деҳоти ҷамоат иловатан чор адад трансформаторҳои пуриқтидор насб карда шудааст.
Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров, ки 26 ҳазор нафар аҳолӣ дорад аксарият ба кори ҳоҷагии қишлоқ банд буда, бо меҳнати ҳалоли худ рӯзгори пурфайз доранд. Онҳо қариб дар 1900 гектар замини корами обӣ асосан ба пахкориву обчакорӣ машғул мебошанд. Ҳамаи дастгоҳҳои обкашӣ дар ҳолати корӣ қарор дошта, заминҳоро шодоб менамоянд, то заҳмати деҳқон самаровар гардад.
Дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳудуди ҷамоати мазкур ду сехи дӯзандагӣ ташкил карда шуд, ки дар онҳо 25 нафар занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳоло онҳо хеле серкор буда, ба дӯхти либосҳои мактабӣ банд ҳастанд. Ба хотири ба шуғл фаро гирифтани занону духтарон ва афзун намудани иқтидори истеҳсолии коргоҳҳои дӯзандагӣ масъулони ҷамоати деҳот ният доранд, ки боз як сехи дӯзандагии калон бунёд намоянд.
-Дар муассисаҳои таълимии мо 4 ҳазору 650 нафар хонанда таҳсил менамояд. Ҳамчунин дар ҳудуди ҷамоат литсейи касбӣ техникии рақами 46 мавҷуд аст, ки дар ин ҷо ҷавонон ба касбомӯзӣ ҷалб гардидаанд. Ҳадафи мо низ ҳарчи бештар фаро гирифтани наврасону ҷавонон ба касбу ҳунар мебошад, то онҳо ояндаи нек дошта бошанд, мегӯяд раиси ҷамоат.
Ба гуфтаи мавсуф дар деҳаи навбунёд, ки Бошқалъа-2 ном дорад, 400 оила зиндагӣ мекунад. Роҳи ин деҳа сангфарш гардида, аҳолиаш пурра бо барқ таъмин карда шудааст. Ягона мушкилоти сокинони деҳаи мазкур мавҷуд набудани мактаб мебошад. Аҳли деҳаи номбурда омодаанд, ки барои фарзандони худ муассисаи таълимӣ бунёд намоянд. Барои амалӣ намудани ин кори нек иҷозаи истифодаи қитъаи заминро аз мақомоти марбута интизоранд.
Амонҷон МАҲКАМОВ, н.Қубодиён
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД
Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ”
Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад