Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Неъмати бебаҳост истиқлол
“Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.”
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин рӯйдод дар таърихи давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки ноил гардидан ба ин дастоварди бузургу саодатмандӣ орзуву ормони ҳазорсолаи ниёгони тамаддунофари мо буд. Ин аст, ки бо гузашти ҳар солу даҳсолаҳо санаи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва дар харитаи ҷуғрофии олам зуҳур ёфтани намоди як миллату давлати дорои сарзаминҳои сарсабзу дилангез аҳамияти бештару бештар пайдо мекунад. Ҳаминак, дар арафаи истиқбол аз ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сокини худогоҳу меҳанпараст бо нишони шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ аз ҳаёту фаъолияти гуногунҷабҳаи худ дар ин давраи худсозиву ватансозиҳо натиҷагирӣ мекунад.
Агар танҳо ба натиҷаҳои як самти фаъолияти дастаҷамъонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардум, яъне корҳои ободониву созандагиҳо назар афканем, дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат давоми се соли охир дар кишвар беш аз 25 ҳазор иншооти гуногуни замонавӣ, роҳу пулҳо бунёд гардидаанд. Аз ҷумла, дар ин давра дар вилояти Хатлон бунёду азнавсозии 7760 иншооти гуногуни хизматрасонӣ ба нақша гирифта шуда, зиёда аз 90 дарсади онҳо аллакай мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар заминаи бунёду азнавсозиҳои ин иншооти ҷашнӣ 9500 нафар сокинони вилоят ба ҷойҳои кори доимӣ фаро гирифта шуда, барои 23 ҳазор нафар шуғлҳои нақдмузди мавсимӣ фароҳам гардид.
Даврони истиқлоли кишвар ба мардумони саодатёри ин сарзамини бостонӣ шароит фароҳам намуд, то тақдири имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба даст гирифта, дар бунёди ҷомеаи навини ватани худ саҳмгузор бошанд. Таҷрибаи даврони соҳибистиқлолӣ ба мо шинохти арзишҳои олии Ватану ватандорӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллату давлатдорӣ, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯхт. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, маҳзари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Бо файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта марҳила ба марҳила ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат муназзаму босубот роҳ ба сӯи рушду нумӯъ гирифтанд ва дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар пешрафту пирўзиҳо дида мешавад. Воқеан, ин ҳама чорабиниву тадбирҳои судманде, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст, баҳри рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз, ки хонаи умеди ҳар яки мост, равона гардидааст.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ имрӯзҳо бо саҳми мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорони ватандӯст ва дигар шаҳрвандони саховатпеша, шурӯъ аз марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо то дурдасттарин рустоҳои деҳоти вилоят ободонию дигаргуниҳои азим мушоҳида мешавад. Имрӯзҳо сокинони заҳматқарини вилояти Хатлон таҳти роҳбарии шахсияти кордону қавиирода ва меҳандӯсту соҳибтаҷриба раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баҳри ободониву сарсабзии гӯшаву канори диёри зисти худ ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд.
Итминони комил дорем, ки раванди корҳои ободонӣ дар кишварамон давоми соли ҷорӣ ва минбаъд низ идома ёфта, деҳу рустоҳо ва шаҳраку марказҳои маъмурии ноҳияву вилоятҳои кишварамон аз имрӯза дида, ободу зеботар мегардад. Дар ин замина, дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаву дастуру супоришҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат мо мардуми шарифи Тоҷикистон барои рушду нумўи Ватани азиз, беҳбудии шароитҳои иҷтимоӣ ва хушбахтиву саодати мардумон саҳми арзандаи худро бояд гузорем.
“САФО”
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



