Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
«ТОҶИКОН» - ШОҲАСАРИ БЕЗАВОЛ
Нақши китоби безаволи «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар худогоҳиву хештаншиносии миллати тоҷик, шинохти миллат дар арсаи дунё, тарбияи насли ояндасоз муассир арзёбӣ мегардад, зеро барои нашру дастраси омма гардидани ин шоҳасар муаллифи он заҳмати сангинро пушти сар намудааст.
Дар рўзгоре, ки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ миллатгароӣ дар ҳоли авҷ қарор дошт, тангназарону нотавонбинон миллати тоҷикро инкор карданӣ мешуданд, шахсияти маҳбубу маъруфи таърихӣ аллома Бобоҷон Ғафуров ба арсаи сиёсат ворид шуду бо эҷоди асари безаволи худ- «Тоҷикон» исбот намуд, ки миллати тоҷик дорои таъриху тамаддун ва фарҳанги худ буда, миёни дигар миллатҳо ҷой ва мақоми арзандаро дорост.
Фарзандони барӯманди ин миллат дар дунё маълуму машҳуранд ва осори бебаҳою гаронарзиши онҳо дар хизмати аҳли башар қарор дорад. Ба истиқболи 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди зиёд бознашр кардани ин асари безавол ва ройгон дастраси ҳар як оилаи тоҷикистонӣ намудани он беҳтарин туҳфа ба мардум арзёбӣ мегардад.
Аллома Бобоҷон Ғафуров ҳангоми дар Маскав зиндагӣ кардану ба сифати сарвари Пажўҳишгоҳи шарқшиносии Шӯравӣ, ки яке аз марказҳои бузурги ховаршиносии ҷаҳон маҳсуб меёфт, ифои вазифа кардан китоби гаронарзиш барои миллати тоҷик «Тоҷикон» - ро таълиф намуд, ки он дар шинохти ин миллат нақши муассир гузошта, насли ояндасозро дар рўҳияи худшиносӣ, рӯ овардан ба таъриху тамаддуни миллати худ ба камол мерасонад.
Масъулияти ватандорию ватансозӣ бар дӯши насли ояндасоз бор аст. Аз ин нигоҳ ин наслро зарур аст, ки бештар рӯ биорад, ба осори гаронарзиши бузургони миллат, ҳамчун китобҳои безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Тоҷикон»-и Аллома Бобоҷон Ғафуров, «Намунаи адабиёти тоҷик» - и устод Садриддин Айнӣ ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» - и Эмомалӣ Раҳмон, зеро ин асарҳо дар шинохти гузаштаи пурғановати миллати тоҷик нақши муассир доранд.
Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносии миллӣ буда, ҳар як фарди худогоҳу ватандӯстро лозим аст, ки саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯхта, онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба ватан ташвиқ намоянд. Тарғиби мероси маънавӣ ва сунату оинҳои мардумӣ низ тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд.
Китоби «Тоҷикон» бо забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп гардида, нусхаи электронии он тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн хоҳад шуд. Арзиши илмии ин асари таърихӣ бениҳоят бузург буда, хонандаро ба гузаштаи пурғановати ниёгони худ ошно месозад.
Воқеан ҳам, ба таърихи гузаштаамон рӯ овардан ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кардан мувофиқи талаби замон аст. Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмию адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин маҳсуб меёбад, ки ин ба шинохти миллат мусоидат мекунад. Мавриди зикр аст, ки «Тоҷикон» ҳар фарди ватанхоҳу ватандӯстро водор менамояд, ки аз таърихи гузаштагони хеш бештар воқиф бошанд. Зеро, бе донистани таърихи гузаштаи худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Китоби «Тоҷикон» - и Бобоҷон Ғафуров бошад намунаи беҳтарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст.
Дар ин шоҳасар на танҳо таърихи халқи тоҷик, балки тамоми инсоният, бахусус халқҳои Осиёи Миёна дарҷ гардидааст. Китоби «Тоҷикон» аз муқаддима ва шаш фасл иборат аст, ки дар он таърихи ин миллати куҳанбунёд, рӯйдодҳои муҳими таърихӣ инъикос ёфтааст. Дастрас гардидани ин китоби муқаддас дар бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, якпорчагии кишвар, эҳтироми арзишҳои миллӣ дар қалби ҳар хонанда нақши арзанда дорад.
Саидзода ШЕРАЛӢ
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР
ШАРАФ БА ПЕШВО



