Умре дар хизмати мардум

   Чун одат пеш аз навиштани мақола ва ё мусоҳиба бо якчанд нафар сокинони ноҳия вохӯрда, дар бораи зиндагинома ва фаъолияти кории қаҳрамони мавзӯъ - табиби ҳозиқу кордон Неъматулло Шарофов пурсон шудем, ки ҳамагӣ аз донишу малакаи баланди касбӣ ва хислатҳои наҷиби ӯ ва аз шахсиятҳои соҳибэҳтироми ноҳияи Муъминобод ба шумор рафтанаш ёдовар мешуданд.
   - Он вақт дар синфи 9-уми мактаби миёна таҳсил мекардам, ки бародари хурдиам ба бемории сахт мубтало гардид, - аз овони наврасӣ қисса оғоз кард Неъматулло Шарофов. Рӯз аз рӯз бемориаш бештар авҷ гирифту оқибат ӯро дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ намуданд. Баъди талошҳои зиёди табибон бародарам шифо ёфту ҳамон заҳматҳои шабонарӯзии духтурони хилъати сафедпӯшро дида, ман касби бошарафи табибиро интихоб намудам. Чун мушоҳида мекардам, табибон барои таъмини саломатии мардум пайваста талош менамуданду баъди шифо ёфтани беморон аз хешону пайвандони онҳо сипосу миннатдорӣ мешуниданд.
   Неъматулло Шарофов мактаби миёнаро бо шаҳодатномаи аъло хатм намуда, соли 1986 ба факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино дохил мешавад. Бо меҳру шавқи беандоза аз устодони сахтгиру серталабаш нозукиҳо ва сирру асрори касби табибиро омӯхта, дар баробари таҳсил бо баҳои аъло ҳамзамон дар якчанд беморхонаҳои шаҳри Душанбе навбатдорӣ карда, дониши назариявиашро ба амалия пайваста, таҷриба меандӯхт.
   Бо тақозои қонунҳои ҳамондавра тӯли як сол дар ҳайати қўшунҳои маҳдуди Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС  дар шаҳри Дрездени кишвари Олмон хизмати ҳарбиро адо намуд. Баъдан, донишгоҳро хатм намуда, бо роҳхати Вазорати тандурустии кишвар ба дармонгоҳи марказии ноҳияи Муъминобод ба кор фиристода шуд.
   Бо умеди амалӣ намудани орзуву ормонҳои ҷавонӣ бо меҳнати ҳалолу масъулияти баланд пайи сиҳатии мардум ва баланд бардоштани хизматрасонӣ ба аҳолӣ пайваста талошу заҳмат менамуд. Баробари фаъолияти пурсамари касбӣ доимо дар омӯзиш ва баланд бардоштани илму дониш қарор дорад.
   Барои бозомӯзӣ ва омӯхтани навигариҳои илми тибби замонавӣ солҳои 2004-2006 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии олими варзидаи соҳаи тандурустӣ, профессор С.С. Ахмедов дар орденатура таҳсил намуд.
   Доктори илмҳои тиб С.С. Ахмедов донишу қобилияти баланди ӯро фаҳмида, аз ӯ хоҳиш мекунад, ки барои анҷоми корҳои илмӣ ва ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ дар донишгоҳ бимонад. Аммо ӯ назди худ маќсад гузошта буд, ки ба зодгоҳаш баргашта, барои ҳифзи саломатии мардум фаъолияти худро идома диҳад. Зеро он солҳо дар деҳоти кишвар мутахассисони соҳибкасби пуртаҷрибаи соҳаи тандурустӣ камшумор буданд. 
   Неъматулло бо ҳисси ифтихор аз пешаи интихобнамудааш  таъкидҳои қиблагоҳашро шиори худ дар зиндагӣ медонист: -Писарам, фаромӯш макун, дар хотир дор, ки танҳо бо меҳнати ҳалол, сабру таҳаммул, рафъи мушкилот, қаноатмандӣ ва хизмати содиқона ба мардум соҳиби обрӯ ва эҳтиром мешавӣ.
   Маҳорати кордонӣ, дониши баланд, бо беморон хушмуомила будан, масъулиятшиносӣ, истеъдоди фавқулода ва хислатҳои неки инсониашро ба назар гирифта, соли 2008 ӯро мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия таъйин намуданд. Инак беш аз 12 сол мешавад, ки дар ин вазифаи пурмасъул кору фаъолият дорад.
Лаҳзаҳое, ки дар ҳуҷраи кориаш бо ӯ суҳбат доштем, шоҳид будем, ки даҳҳо тан беморону корафтодагон наздаш омада, аз вай маслиҳату тавсия мегирифтанду бо як ҷаҳон таассуроти нек пайи кору зиндагии хеш мешуданд.  
   Ба гуфтаи Неъматулло Шарофов шарти аввали табиб будан, ҳабиби мардум будан аст. Воқеан, Неъматулло духтури мушфиқу меҳрубонест, ки бо суханони ширину тасаллобахш ба беморон эҳсоси рӯҳбаландиву хушбинӣ мебахшад:
Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард,
Сухан талху ширину дармону дард.
- Хушбахтона, тайи солҳои охир бо ғамхорию дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи тандурустӣ беҳтар гардида, сифати хизматрасонии тиббӣ низ боло рафта истодааст, -иброз медорад Неъматулло Шарофов.
   Неъматулло Шарофов ба ҳайси мутахассиси варзидаи риштаи тиб баланд бардоштани сатҳи саломатии аҳолиро рисолати касбии хеш меҳисобад. Баъди фориғ шудани вақти корӣ шабона низ дар ҳолатҳои таъҷилӣ барои шифо бахшидани беморон ба беморхона мешитобад. 
- Як воқеа ҳеҷ аз хотирам намеравад, -мегӯяд ӯ. Нисфи шаб буд. Навбатдори шуъбаи ҷарроҳӣ занг зада гуфт, ки сокини Љамоати деҳоти Деҳбаланд Абдулло Валиевро дар ҳолати хеле вазнин ба беморхона оварданд ва ӯро оҷилан ҷарроҳӣ кардан лозим аст. Ба зудӣ ба беморхона ҳозир шуда, дидам, ки бемор бо ҷарроҳат дар ҳолати вазнин қарор дорад. Аз пурсишҳо бо аъзои оилаи ҷарроҳатбардошта маълум гардид, ки ҳангоми корҳои сохтмонӣ шабона асбоби буррандаи барқӣ (болгарка) аз дасташ хато хӯрда, қисми гарданашро буридааст. Аз гардани вай хун беист ҷорӣ мешуд. Нахуст ба бемор кумаки аввалини тиббӣ расонида, баъдан барои расонидани кумаки ҷарроҳӣ ба яке аз ҳамдарсонам занг задам. Аммо дар он лаҳза ҷарроҳони пуртаҷриба дар шаҳри Хоруғ қарор доштааст. Бинобар ин, таъҷилан бо маслиҳат ва тавсияҳои ҷарроҳони номдори кишвар ва духтурони шуъбаи ҷарроҳии беморхона ўро худам ҷарроҳӣ намудам. Баъди амалиёти ҷарроҳӣ сӯи манзили зистам раҳсипор шудам. Вақте  аз кӯчаи марказии ноҳия мегузаштам ҳама ҷо сокиту ором буд. Ба наздикии манзилам расидам, ки аллакай субҳи содиқ дамид. Дарвозаро завҷаи меҳрубонам Гулсара Муллоева, ки маро интизор буд, ба рӯям кушод. Мо баъди хӯрдани субҳона боз сӯи беморхона роҳ гирифтем. 
   Хушбахтии Неъматулло Шарофов дар он аст, ки ҳамсараш низ таҳсилкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино буда, бо ӯ дар беморхона фаъолият менамояд. Гулсара Муллоева низ солҳои зиёдест, ки ба ҳайси мудири шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳия ифои вазифа мекунад ва дар баланд бардоштани сатҳи сиҳатии модарону кӯдакон ҳиссагузор аст.
   Неъматулло Шарофов натиҷаи фаъолияти пурсамари кориашро дар пайваста такмил додани дониш ва бозомӯзӣ медонад. Соли гузашта боз курси омӯзиши Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии баъдидипломии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳуриро бомуваффақият хатм намуд. Барои фаъолияти босамар, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва меҳнати шоистааш бо чандин ифтихорномаҳо, медалҳо ва нишони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
   Ӯ ифтихор аз он мекунад, ки дар Ватани ободу зебо ва биҳиштосо зиндагию фаъолият дорад ва аз зумраи нафарони саодатманде мебошад, ки барои ҳифзи солимии мардум, рушду нумӯи соҳаи тандурустӣ ва ободонии кишвари азизаш саҳми худро гузошта истодааст. Тавре худ иқрор меояд, дар зиндагӣ комёб асту ҳам қаноатманд.       

                Аъзам БОБОЕВ, н. Муъминобод      


Добавить комментарий