Бойгонӣ

Азизи Фаттоҳ: қадршиносӣ водор менамояд…

   Ба мо рӯзноманигорон одат шудааст, ки одатан оид ба кору фаъолияти шахсиятҳои касбу кори гуногун мавод омода намоем, аммо ин навбат қаҳрамони матлаб ҳампешаи мо, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Субҳи Шаҳритус”-и ноҳияи Шаҳритус Азизи Фаттоҳ аст, ки беш аз 25 сол боз дар ин ҷода заҳмат мекашад. 

- Нахуст мегуфтед, ки шавқи пешаи рӯзноманигорӣ дар дили шумо аз кай пайдо шуд?
   - Овони мактабхониам, ки дар он давра матбуоти даврӣ ба ҳар  хонадону корхонаву дабистон сари вақт дастрас шуда, ба мардум ғизои маънавӣ мебахшид, банда ба мутолиаи рӯзномаи ноҳиявӣ, ки он замон «Октябр» ном дошт ҳамчунин нашрияҳои «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон», маҷаллаи «Машъал» шавқу ҳаваси беандоза доштам. Соли 1976 вақте дар рӯзномаи ноҳиявӣ нахустин мақолаам таҳти унвони «43 сентнерӣ мешавад», рӯйи чоп омад, хурсандиамро ҳадду канор набуд. Аз сари шавқу шодӣ он шумораи рӯзномаро ба ҳар касе, ки пеш меомад, нишон медодам…
 Баъди он барои нашрияи ноҳиявӣ аз ҳаёти пахтакорону боғдорон, одамони касбу пешаи гуногун, мактабиён, фаъолияти клубу китобхонаҳои деҳоти ҷойи истиқоматамон ва берун аз он хабару мақолаҳо менавиштам. Гоҳо ба идораи рӯзнома даъват шуда, аз устодон Қурбон Сафаров, Раҳмон Авазов, Бӯрӣ Норов дастуру супориш гирифта, ҳамзамон аз маслиҳату насиҳатҳои падаронаашон баҳравар мешудам.
   Соли 1977 пас аз хатми МТМУ №28 (имрӯза МТМУ №10)-и ноҳия ба факултаи филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ба номи С.Айнӣ) дохил шудам. Аз рӯзҳои аввали  таҳсил бо нашрияи донишкада, ки «Педагоги ҷавон» ном дошт, ҳамкорӣ намуда, аз ҳаёти донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик хабару гузоришҳо омода мекардам. Дар солҳои охири донишҷӯӣ бо хоҳиши собиқ муҳаррири  нашрияи «Педагоги ҷавон» Бобо Худойдодов дар таҳрири  матлабҳои воридотии рӯзнома кумак менамудам, ки ин таҷриба барои фаъолияти минбаъдаам дар ин ҷода мактаби муҳими омӯзиш буд. 
   Баъди хатми маълумоти олӣ ба мактаби зодгоҳам баргашта, ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтам. Вале шавқу ҳаваси зиёд ба кори рӯзноманигорӣ маро водор менамуд, ки дар қатори рӯзномаи ноҳиявӣ бо нашрияҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ аз қабили «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Ҳафтганҷ»  ва  ғайра ҳамкорӣ намуда, дар мавзӯъҳои мубрами рӯз матлабҳои таҳлилӣ ба чоп расонам.
 - Дар нашрияе, ки имрӯз роҳбарияшро ба уҳда доред, аз кай боз  фаъолият намуда истодаед? 
   - Ҳамкории пайвастаамро ба нашрияи ноҳиявӣ –рӯзномаи «Октябр» (ҳоло «Субҳи Шаҳритус») ба инобат гирифта, соли 1986 маро ба идораи ин нашрия ба кор даъват намуданд. Нахуст ба ҳайси мудири шуъбаи кишоварзӣ ба кор шурўъ намудам. Он солҳо  кор дар нашрияи ноҳиявӣ, ки ҳафтае чаҳор маротиба чоп мешуд, осон набуд. Бар замми ин маводро дастнавис мекардему баъди ҳуруфчинӣ кардани котиба, аз таҳрири муҳаррир мегузашт. Баъзан маводи мо, рӯзноманигорони ҷавон ду-се маротиба аз нав чида чоп мешуд.
   Мо, кормандони  шуъбаи кишоварзӣ, ки ҳамагӣ ду нафар будем, дар баробари инъикоси муҳимтарин рӯйдодҳои соҳаи кишоварзӣ инчунин оид ба вазъи хоҷагиҳои қафомонда  матлабҳои таҳлилию танқидӣ дарҷ намуда, баъди таҳлилу баррасӣ вокуниши шахсони мутасаддиро дар шумораҳои баъдинаи нашрия ба дасти чоп медодем. Он солҳо теъдоди нашри рӯзномаи ноҳиявӣ беш аз 12 ҳазорро ташкил медод. 
  - Аз фаъолияти бисёрсолаатон дар ин ҷода кадом лаҳзаҳои хотирмон дар ёди шумо нақш бастааст? 
   - Моҳи июли  соли  1989 буд. Ба шуъбаи алоқаи ноҳия ворид шуда, шоҳиди муносибати дағалонаи алоқачӣ  Матлуба Ҳасанова шудам. Баъдан, дар шумораи навбатии нашрияи «Октябр» таассуроти худро бо луқма (реплика)-е таҳти унвони «Ба Кӯлоб алоқа  нест!»- мегўяд алоқачӣ Матлуба Ҳасанова, инъикос намудам. Қаҳрамони матлаб ба ҷойи ислоҳи рафтори худ, баръакс, ба Кумитаи ҳизбии ноҳия, прокуратураи ноҳия  ва унвонии сармуҳаррири рӯзнома  аз болои муаллифи матлаб шикоят бурда, тақозои онро мекунад, ки  рӯзноманигор аз ӯ тавассути нашрия бахшиш пурсад.
   Дере нагузашта дар асоси номаи шикоятии мавсуф  суди ноҳияи Колхозобод  (имрӯза Ҷ. Балхӣ) дар ноҳияи Шаҳритус мурофиаи судӣ баргузор намуд. Тибқи ҳалномаи суди мазкур ман барои таҳқир намудани М. Ҳасанова  бояд ба воситаи рӯзномаи ноҳиявӣ аз даъвогар узрхоҳӣ менамудам.
   Воқеан ҳолати онлаҳзаинаи маро  тасвир кардан имконнопазир аст. Баъди анҷоми мурофиа  чун аз бинои суд ба идораи рӯзнома рафта, ба оинаи  калон назар карда, дидам, ки се-чор тори мӯям сафед шудааст…
   Азбаски ба дурустии навиштаҳоям  итминони комил доштам, рӯзи дигар аз сармуҳаррир ҷавоб пурсида, роҳи шаҳри Қӯрғонтеппаро пеш гирифтам. Дар идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа»  маро муовини аввали сармуҳаррири нашрияи мазкур Сайдалӣ Бобохонов ба ҳузур пазируфт. Бодиққат ба суханонам гӯш карда, баъди бо сармуҳаррир Муқим Абдураҳмонов маслиҳат кардан, баррасии онро худ ба зимма гирифт. Ҳамин тавр бо маслиҳати устодон ба суди вилоятӣ аризаи касатсионӣ навиштам. Дере нагузашта дар асоси аризаи камина суди вилояти Хатлон мурофиаи судӣ доир намуда, ҳукми ноодилонаи нисбат ба рӯзноманигор баровардаро бекор карда, қарор қабул кард, ки масъалаи баҳси байни шаҳрванд М.Ҳасанова ва рӯзноманигор Азизи Фаттоҳ аз сари нав дар ҳайати судяи дигар мавриди баррасӣ қарор дода шавад. 
   Мурофиаи навбатӣ дар ноҳияи Шаҳритус дар ҳайати судии дигар таҳти роҳбарии онвақта раиси суди ноҳияи Колхозобод (имрӯз Ҷалолиддини Балхӣ) шодравон Т. Шукуров баргузор гардид. Баъди танаффус эълон кардани раисикунандаи мурофиа аз ман хоҳиши созишу мусолиҳа  намуд ва ман изҳори ризоят кардам. Чун мусолиҳаю созиш низ пирӯзии ҳақиқат ва исботи дурустии далелҳои  матлаби дар нашрия дарҷ гардида маҳсуб меёфт.
   Устоди арҷманд С.Бобохонов ин қазияро пайгирӣ намуда, дар шумораҳои гуногуни нашрияи вилоятӣ матлабҳои «Танқидро суд карданд» ва «Баъди он ки танқидро суд карданд»-ро ба нашр расонид. Ӯ дар мақолаҳои худ барои  сарсонию саргардониҳои рӯзноманигор баъзе намояндагони мақомоти судӣ, Кумитаи ҳизбии ноҳияи Шаҳритусро, ки муассиси нашрияи «Октябр» маҳсуб меёфт, зери тозиёнаи танқид қарор дод.
   Хуб мешуд каме дар бораи фаъолияти роҳбариатон дар нашрияи “Субҳи Шаҳритус” сухан мегуфтед
   Аз соли 2014 инҷониб дар вазифаи сармуҳаррири нашрияи «Субҳи Шаҳритус» фаъолият дорам. Дар ин муддат бо аҳли эҷоди рӯзнома ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус теъдоди обунаи нашрияро афзуда, соли 2016 ҷашни нашри 9000-умин шумораи рӯзномаро дар маркази ноҳия бо иштироки аҳли ҷомеа ва теъдоди зиёди журналистони маъруфи кишвар дар сатҳи баланд таҷлил намудем.  
   Моҳи марти соли 2017 рӯзномаи «Субҳи Шаҳритус» «Барои фаъолияти самарабахш дар рушди матбуоти вилоят ва иштироки фаъолона дар озмуни вилоятї барои дарёфти Ҷоизаи беҳтарин маводи журналистӣ зери унвони «Неруи сухан»  бо Сипосномаи раиси вилояти Хатлон  мушарраф гардид.  Инчунин дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 марти соли 2017, №62 мақолаи банда -«Нигаронӣ аз сагҳои осебрасон» “Ҷоизаи «Беҳтарин таҳқиқоти журналистӣ» дар соли 2016-ро дарёфт намуд. Давоми фаъолият дар ин ҷода,  бо ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали «100-солагии матбуоти тоҷик», Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон қадршиносӣ гардидаам. 
   Ҳамаи ин қадршиносиҳо моро водор менамояд, барои рушди ояндаи давлату ҷомеа, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҳастӣ заҳмат кашида, матлабҳое рӯйи чоп биёрем, ки ҳамдиёронро рўҳбаланд намуда, онҳоро ба корҳои бунёдкоронаю созанда сафарбар намояд.
Давлат СУЛТОНОВ


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019