Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Гулчеҳра Неъматуллозода: Беҳтарин ҳарфи муҳаббат Ватан аст
Рӯзи ҳузури мо ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ба навбатдории майор Гулчеҳра Неъматуллозода рост омада будааст. Аз лаҳзаҳои нахустини дидору ошноӣ ӯ бо чолокию маҳорати баланди касбӣ супоришҳои фаврии роҳбариятро ба кормандон расонида, ҳамзамон ба зангҳои телефонӣ посух медод.
Гулчеҳра Неъматуллозода соли 1998 баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Кӯшониён бо маслиҳати волидонаш ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил мешавад. Баъди хатми донишгоҳи мазкур муддате дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №41-и ноҳияи Кӯшониён ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шуд. Чун аз овони наврасӣ дар дил орзуи фаъолият дар сохторҳои низомиро дошт, он меҳру рағбат ӯро ба Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят овард. Корро бо рўҳбаландӣ ва шавқи беандоза оғоз намуда, баъди 6 моҳи фаъолият ба рутбаи лейтинант сарфароз гардид.
Бонувони қолабшикане мисли Гулчеҳра собит менамуданд, ки бонувон низ дар фаъолиятҳои низомӣ муваффақ шуда метавонанд.
Яке аз санадҳои муҳим ва тақдирсоз оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли 1999 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” мебошад, ки бо шарофати он сол то сол сафи бонувон дар тамоми низодҳои давлатӣ аз ҷумла, сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ афзуда истодааст.
Аз ҷумла, феълан дар Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон 6 нафар бонувон фаъолият доранд. Майор Гулчеҳра Неъматуллозода вазифаи афсар-омӯзгори Маркази таълимии методии Раёсати номбурдаро ба зимма дорад. Ба гуфтаи Гулчеҳра тибқи нақша 5 нафар кормандони ин марказ ба 25 бахшу шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шароити таббиӣ ва техногенидоштаи мудофиаи гражданӣ, ҳимояи аҳолӣ аз хатарҳои гуногун, ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани мардум дарсҳои омӯзишӣ ва амалӣ мегузаронанд.
- Кор дар сохтори низомӣ одамро рўҳану ҷисман обу тоб дода, дар шебу фарози зиндагӣ тобовар менамояд,-мегӯяд Гулчеҳра. Итминон дорам, ки дар вазифаҳои роҳбарии ниҳодҳои қудратӣ занон низ дар баробари мардон аз иҷрои вазифаҳои пурмасъул баромада метавонанд. Аммо, мутаассифона, ҳангоми баргузории озмунҳо барои ишғоли вазифаҳои роҳбарӣ довталабон аз ҳисоби занҳо ба Раёсат камтар муроҷиат менамоянд.
Гулчеҳра ҳамроҳи кормандони дигари Раёсат ҳамчун ҳомии Ватан оид ба пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулода ва бартараф намудани оқибатҳои он иштирок карда, ба имдоди зарардидагон мерасад.
Аз ҷумла, дар санаи 17-майи соли 2020 дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон бар асари боридани боронҳои пай дар пай ва омадани сел ба манзилҳои истиқоматии бисёре аз сокинон зарари калон расид. Кормандони Раёсат 3 моҳ бо мардуми деҳа паҳлӯ ба паҳлӯ истода, оқибатҳои зарари табииро бартараф намуданд.
Дар фасли тобистон низ ташвишу тарадудҳои мо кормандони Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боз ҳам зиёдтар мегардад,-мегӯяд Гулчеҳра Неъматуллозода. -Зеро, дар баъзе минтақаҳои хавфнок ҳангоми оббозӣ дар кўлу дарёҳо ҳар сол ҳодисаҳои ғарқшавӣ ва ба ҳалокат расидани аҳоли (махсусан кӯдакон) ба қайд гирифта мешавад. Яке аз роҳҳои пешгирӣ аз ин ҳолатҳои нохуш гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва семинарҳои машваратӣ миёни сокинон мебошад.
Гулчеҳра Неъматуллозода ба ғайр аз иҷрои вазифаи касбии хеш инчунин раиси Шўрои занони Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоятро низ бар зимма дорад. Ҳамасола бо ташаббуси ин бонуи фаъол миёни зиёда аз 60 нафар бонувони шуъба ва бахшҳои Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳои вилоят чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ гузаронида мешавад.
Гулчеҳра Неъматуллозода як тан аз он бонувонест, ки бо хизмати содиқона ба Ватан миёни ҳампешагон иззату обрӯ ёфтааст. Тавре худ иқрор меояд порчаҳои шеъри шоири ширинкалом Сайдалӣ Маъмурро шиори худ дар зиндагӣ медонад:
Беҳтарин ҳарфи муҳаббат Ватан аст,Меҳру ихлосу садоқат Ватан аст.
Шеърбофӣ ҳунаре нест, ки нест,
Сухани аз ҳама қимат Ватан аст.
Аъзам БОБОЕВ
Добавить комментарий
Ахбор
БАРОИ “БЕҲТАРКУНИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН” 4,8 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО МЕШАВАД 13:19ҶАВОН ВА ВАТАН: МАСЪУЛИЯТ, ДОНИШ ВА САДОҚАТ 15:04ХАТЛОН: НАЗДИК БА 80% ДУХТАРОНИ СИННИ 10 – 14-СОЛА ИММУНИЗАТСИЯ ШУДАНД 14:48ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:15ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД 11:33ФАРРУХЗОДАҲОИ МИЛЛАТ 11:38ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ 11:25ЭЪЛОН. "ҚАЛАМИ ДОНИШҶӮ" 10:51
Серхонандаҳо
НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, САНОАТӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЯК ВОЯИ GARDASIL САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОНРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
Бохтар. Бозсозии муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
РӮЗНОМАНИГОРИ БОХИРАДИ САДСОЛА
ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ
Иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта дар Леваканту Бохтар
КИТОБХОНАИ ОММАВИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАС АЗ БОЗСОЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ИСТИФОДА ШУД
ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД