Бойгонӣ

ДУ СОҲИЛИ ЯК ДАРЁ

Ба шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва дастгирии халқҳои мо, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавонистанд муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои худро ба сатҳи сифатан нав бароранд.                                                                        Эмомалӣ РАҲМОН

Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Хатлон низ ҳамоишу тадбирҳои иқтисодию фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он меҳмонон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя ташриф оварданд. Дар ҳамин росто Амонҷон Маҳкамов - ходими адабии маҷаллаи вилоятии “Сафо” бо якчанд нафар аз меҳмонон оид ба риштаҳои дӯстии ин ду халқу давлат мусоҳибае орост, ки фишурдаи онро манзури шумо – хонандагони азиз мегардонем.     
Абдулазиз Абдулхалилов, ходими Раёсати сармоягузорӣ ва савдои берунаи вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон:

- Ҳамкориҳои судманд миёни ду кишвар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон сол то сол рушд намуда истодааст. Аз азал тоҷикону ӯзбекон муносибати мустаҳками дӯстӣ ва арзишҳои умумӣ доранд. Маҳз ҳамин пайвандҳои неку ҳамсоягӣ моро ҳушдор медиҳад, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда ҳамкориҳоямонро дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла иқтисодиёту иҷтимоиёт боз ҳам густариш бахшем. Бо як қатор корхонаҳои саноатӣ ва бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодӣ дорем. Вилояти Намангони Ӯзбекистон бо вилоятҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Хатлон оид ба содироту воридоти молу маҳсулоти гуногун шартномаҳо дорад. Сарони кишварҳоямон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди худ нияту мақсади нек гузоштаанд, то дар ояндаи наздик гардиши савдои дуҷонибаро ба 1 миллиард доллар расонанд. Аз ин лиҳоз мо дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни тоҷикамон тамоми кӯшишу талоши худро баҳри расидан ба ин ҳадафи калони шарикӣ равона месозем. Умедворем, ки дӯстии халқҳоямон то абад поянда бошад, ҳеҷ чиз ин риштаи дуру дароз ва мустаҳкамро канда натавонад.           
        Ман бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон меоям. Таассуротам хеле зиёд мебошад. Мебинем, ки ин ҷо дар ҳар қадам иншоот қомат афрохта истодаасту корҳои созандагӣ авҷ мегиранд. Арзишҳои мо ӯзбекону тоҷикон як будааст. Меҳмоннавозӣ, рафтору кирдор ва урфу одатҳоямон шарқиёна. Мо бояд ифтихор кунем, ки чунин фарҳангу тамаддуни ғанӣ дорем. 
Муродулло Қуролов, соҳибкор аз вилояти Навоии Ҷумзурии Ӯзбекистон:
- Мо ӯзбекону тоҷикон якҷо калон шудем. Аз аввал робитаҳои хешу таборӣ дорем. Дар шаҳри Душанбе пайвандонам зиндагӣ мекунанд. 25-30 сол боз онҳоро надида будам. Духтарам инҷо келин шуда омадааст. Қаблан ба тӯю тамошо ва ҳатто қазову қадари ҳамдигар иштирок карда наметавонистем. Зеро роҳҳо баставу муносибатҳо сард гардида буданд. Аммо акнун чӣ? Сад шукр барои рафту омад ҳеҷ монеае нест. Ду сол пеш қудоям ба хабаргирии мо омада буданд, акнун мо ба Тоҷикистони азиз ташриф овардем. Духтарам ва хешовандонамро дар Душанбе дида баҳри дилам кушода шуд. Хеле хурсанд шудам. Ин ҳама бо шарофати сиёсати оқилонаи сарваронамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароямон муяссар шуд. Хурсандибахш аст, ки бо гузашти солҳо боз ба ҳам расидем. Рушду тараққиёти Тоҷикистонро дида, ба ин давлату миллат офарин хондам. Зеро мо насли калонсол хуб медонем, ки Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, талафоти калон дошт. Аммо акнун мебинем, ки бо гузашти 30 - сол Тоҷикистон ободу зебо гашта, ба пеш ҳаракат дорад. Таманно мекунам, ки дар Тоҷикистон ҳамеша тинҷию амонӣ ҳукмфармо бошаду мардуми ватанпарвараш дар оғўши он зиндагии хуш дошта бошанд. 
Ӯғулой Мирзомуродова, аз вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон:

Ман фикр мекунам, ки варзиш ва тиҷорат ҳамеша василаи пайванди дўстӣ миёни дилхоҳ халқу давлат аст. Ҳазорон бор шукр мегӯем, ки ба чунин рӯзҳои босафо расидем. Президентҳоямон дӯсти асил ҳастанд ва мо низ бояд чунин бошем. Ман дар ноҳияи дурдасти Бекобод зиндагӣ мекунам. Ноҳияи мо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷойгир аст. Бо тоҷикон ҳамсояи наздик ҳастем. Шабу рӯз дар марз бо ҳамкасбони худ доду гирифт намуда, риштаи дӯстиро мустаҳкам бастаем. Аз ин лиҳоз расму оин ва маданияти тоҷиконро хуб медонам. Як нуктаро мехоҳам таъкид намоям, ки чанд сол пеш ҳатто дар ҳолати муносибати начандон хуби кишвари мо ба Тоҷикистон халқи тоҷик хеҷ вақт рафтору кирдори худро дигар накард, баръакс онҳо кӯшиш намуданд, ки бо мо ҳамсоягии нек дошта бошанд. Зеро ин миллат дорои фарҳангу маданияти баланд буда, мардумонаш беозору самимӣ ва инсондӯст ҳастанд. Дар марз борҳо дидаем, ки тоҷикон ба мо, занҳо “муаллима” гуфта муроҷиат мекарданд, онҳо ҳеҷ гоҳ дағал набуданд. Ҳоло мебинем, ки торафт риштаи дӯстии ӯзбеку тоҷик мустаҳкам гашта истодааст. Аз ин самимияту муҳаббат нисбат ба ҳамдигар мо меболем ва ифтихор дорем, ки чунин давлату миллати дӯсту ҳамсоя дорем.        
Сайёра Эргашева, сокини шаҳри Чирчиқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон:

- Ман тоҷикам ва бо тоҷик будани худ ҳамеша ифтихор дорам. Дар ноҳияи зебоманзари Бӯстонлиқ таваллуд шуда, онҷо ба камол расидаам. Ҳоло дар шаҳри Чирчиқ ба сар мебарам. Мо халқҳои ду миллат дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аҳлонаву дӯстона зиндагӣ карда, хурсандию мушкилотро бо ҳам мебинем ва бо меҳру муҳаббат ба ҳамдигар ба сӯи ояндаи дурахшон раҳсипорем. Дӯстию пайванди хешутабории ин ду халқро Мирзо Турсунзода ба ду тори як дутор ва Комил Яшин ба ду мағзи як бодом шабоҳат додаанд. Аҳли илму адаб ва фозилону донишмандони Шарқ низ онро “ду соҳили як дарё”, “ду саҳифаи як китоб”, “ду мисраи як байт” ва амсоли ин ташбеҳ додаанд. 
Ҳоло ба туфайли сиёсати дурандешонаи сарварони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар таърихи ҳамзистию бародарӣ ва муносибатҳои дӯстию ҳамсоягии миёни тоҷикону ӯзбекон саҳифаҳои нав боз гардидаанд, ки ҳар лаҳзаи ин тадбиру баҳамоиҳо бо хатҳои заррин сабт гардида истодаанд. Меҳру садоқат ба ҳамдигар буд, ки пиряхҳо об шуданд, сарҳадҳо боз гардиданд. Мардумони ду кишвар имрӯз аз ҳоли ҳамдигар бохабаранд. Орзуи чандинсолаи халқҳои дӯсту бародар ҷомаи амал пӯшид. Зеро Пешвоёни ду миллат тухми муҳаббатро зи нав коштанд, то он самари хуб ба бор оварад. 
Мехостам қайд намоям, ки дар Ӯзбекистон мувофиқи маълумоти расмӣ беш аз якуним миллион тоҷик зиндагӣ мекунад. Дар сар то сари кишвар таҳти сарпарастии Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлис, инчунин Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзномаи сирф тоҷикии “Овози тоҷик” нашр мегардад, ки он аз шуҳрати миллати тоҷик дарак медиҳад. Ман ҳамчун тоҷик муштарии доимии ин рӯзнома мебошам. Ҳар шумораи онро бесаброна интизор мешавам. Аксар вақт нашр дар бораи рӯйдоду таҳаввулот ва ободию шукуфоии Тоҷикистон низ маводҳо чоп мекунад, ки бо мутолиаи он мо хушнуд мегардем. Инчунин аз барномаҳои телевизионии “Рангинкамон”, “Дӯстӣ” ва барномаҳои гуногуни тоҷикии радиоҳои ҷумҳурӣ баҳравар мегардем. 



Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019