Бойгонӣ

М А Р Д И Н А К У Н О М

 
Сайидои Насафии бузург барҳақ панд додааст:
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.
   Марди накуном, фидоии касби хеш, сокини Ҷамоати деҳоти Навободи нозияи Ҷалолиддини Балхӣ, собиқ муаллими фанҳои химияву биологияи омӯзишгоҳи касбӣ – техникии рақами 19 – и ноҳияи Колхозобод (ҳоло Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ)   Сафаралӣ Саидов як умр роҳи ростро пеша намуд ва аз ин роҳ дар зиндагӣ файзу баракат ёфт. Ў аз овони ҷавонӣ ба дарки ин нукта расида буд, ки ростӣ, накукорӣ инсонро ба қуллаи мақсуд хоҳад расонид. Пас ростқавливу росткорӣ, шиори ин марди шариф дар зиндагӣ гашт ва Худованди бузург ҳама хушиҳои зиндагиро насибаш гардонд.
  Падари зиндаёдаш бобои Зубайд як умр дар хоҷагии шуҳратёри ба номи Ниёзмуҳаммад Бегови ноҳия ба сифати сараграном ва сарзоотехники хоҷагӣ ифои вазифа намуд. Модараш холаи Сафармоҳ (рўҳаш шод бод) баробари дигарон дар саҳро кор карда, ҳамзамон фарзандони дилбандашро ба камол мерасонд. Дар ҳамин оилаи сокини деҳаи Комсомол қаҳрамони мо Сафаралӣ Саидов чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
  Солҳои 1967 – 1973 Сафаралӣ Саидов факултаи химия–биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба имрўза Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба кор омад. Қариб 50 сол дар ин боргоҳи маърифату ҳунар ба толибилмон аз фанҳои химияву биология сабақ дод.
- Имрўз шодам, ки бо иқдом ва ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Рашмон солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омўзиши фанҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Ҷаҳони муосир бештар  омўзиши ҳамин гуна фанҳо ва забондониро тақозо мекунад. Мо низ баҳри фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд наслҳои арзандаву сазоворро ба камол бирасонем. Рӯ ҷониби омўзиши фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзиву забономўзӣ биорем, зеро ҷаҳони муосирро бе донистани забонҳои хориҷӣ ва техникаву технологияи навин, дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон тасаввур карда намешавад,- мегўяд собиқадори соҳаи маориф Сафаралӣ Саидов.
    - Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар замони Шўравӣ бо номи омўзишгоҳи касбӣ – техникии рақами 19 – и ноҳияи Колхозобод маълуму машҳур буд. Намояндагони бонуфуз аз шаҳри Москав сифати таълиму тарбияро  дар омўзишгоҳ санҷиданд. Барои омода кардани гўшаи «Табиати зинда» устод Сафаралӣ Саидов ва банда ба гирифтани роҳхат ба яке аз осоишгоҳҳои машҳури шаҳри Сочӣ мушарраф гардидем, – аз рўзгори хуши он солҳо ёдовар мешавад собиқадори маориф  Раҳим Абдухалилов.
   Дар ҳақиқат, Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чӣ дар замони Шўравӣ ва чӣ дар 30 – соли замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҳти роҳбарии устодони варзида Сафар Саидов, Саидқул Шомалангов, Гулмуроди Маҳмадраҳим ва Гулмаҳмад Салимов дар омода кардани мутахассисони соҳаи кишоварзиву нақлиёт ва минбаъд кадрҳои ҷавони соҳаи барқи кишвар саҳми назаррас дорад. Хизмати устод Сафаралӣ Саидов ва дигар муаллимон дар баланд бардоштани мақому мартабаи ин боргоҳи ҳунар ва тарбияи наслҳои арзандаву сазовор барои рушди энергетикаи кишвар арзанда мебошад.
 Сафаралӣ Саидов ҳамчун омӯзгори собиқадор ташкилу баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ки  бо иқдоми Пешвои муаззами миллат ҳар сол баргузор мегардад, падидаи нек арзёбӣ менамояд. Ба синну соли худ нигоҳ накарда, ӯ дар даври ноҳиявии озмун ширкат варзид ва соҳиби ҷойи намоён гардид. Аммо дар даври вилоятӣ бо сабаби беморӣ ширкат намуда натавонист. Бо вуҷуди ин фарзандону наберагонро ҳидоят менамояд, ки рў ҷониби ин ганҷи муқаддас биёранд ва осори бегазанди шоирону нависандагони бузурги оламро аз худ кунанд. Муаллим тарғибгари дўстӣ миёни ҳамаи миллатҳо, бахусус,миллати тоҷику ўзбек мебошад.
- Бароям обрўи мардуми сарзамин, Тоҷикистони соҳибистиқлол, пешрафту ободӣ ва шукуфоии Ватан, мақому мартабаи диёри аҷдодӣ дар миқёси ҷаҳон басо азизу гиромӣ мебошад.  Онҳое, ки баҳри ободии Ватан коре накарда, аз хориҷи мамлакат ба сўйи Ватан санги маломат мезананд, кўри худу бинои дигарон буда, ба роҳи хато қадам гузошта истодаанд. Ин амали номатлуби онҳо камоли  ноҷавонмардист. Зеро халқ худаш сиёҳро аз сафед ба хубӣ фарқ карда метавонад. 
Сафаралӣ Саидов соли 1970 бо Робия Саидова оила бунёд намуд. Зиндагии босаодат ва хушу хуррамона бо ин зани солеҳаю хоксор, ҳалиму меҳрубон, кадбонуи хонадон онҳоро соҳиби 8 фарзанд гардонд. Онҳо соҳиби 35 набераю 7 – абера буда, худро дар зиндагӣ хушбахт мешуморанд.  Хешу пайвандон ҳама мардони меҳнат, созандаву бунёдкор, ҷонибдори сиёсати ваҳдатофари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар шукуфоӣ ва ободии Ватан саҳмгузоранд. Бо гузашти рӯзгорон гузаштаи худро саҳифагардон намуда, шукргузорӣ аз он дорад, ки умри худро зоеъ нагузаронидааст. Ба одаму олам аз нигоҳи ватандорӣ, ақли солим дида духта, ҳаёту рӯзгораш намунаи ибрат барои наслҳои имрўзу фардост.
                                                                            Саидзода ШЕРАЛӢ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019