Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Муҳаббати беш аз 50 сола
Оила – ин муҳимтарин ячейкаи ҷомеа аз муҳаббат сарчашма гирифта, дар пояи садоқату боварӣ ба ҳамдигар ва якдигарфаҳмиву сабру таҳаммул дар пастиву баландиҳои рӯзгор устувору поянда аст. Хонавода бо бурду бохт ва гуногунрангиҳои рӯзгор ташаккул ёфта, танҳо нафароне хушбахту саодатманд мегарданд, ки дар мушкилот сабру таҳаммулпазириро пеша намуда, дар масири расидан ба орзуву ҳадафҳои худ мубориз бошанд. Аммо дар ҳама маврид инсонро мебояд, ки дар пешомади рӯзгор ва шикасту рехти зиндагӣ рӯҳан омода бошад. Бояд гуфт, ки маслиҳатгару роҳнамои ҷавонон дар ҳаёти оиладорӣ шахсиятҳои муътабаре буда метавонанд, ки бо фарҳанги хонаводагӣ ва фаъолияти ибратомӯзи хеш дар ҷомеа иззату обрӯ пайдо кардаанд.
Яке аз чунин хонаводаҳои хушбахту саодатёр оилаи Шохаёловҳо аз ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мебошанд, ки аз меҳру муҳаббат ба ҳамдигар Саодат Муродова ва Идибек Шохаёлов сарчашма гирифта, тӯли зиёда аз 50 соли оиладорӣ фарзандони солеҳу дар зиндагӣ муваффақ ба воя расонидаанд. Ин ҷуфти хушбахт дар баробари тарбияи фарзандону набераҳои хеш дар ҳаллу фасли мушкилоти зиёди ҳаётии ҳамсоягону хешовандонашон нақши муҳим доранд.
Саодат Муродова дар деҳаи ба номи Сафар Гадоӣ, ноҳияи М. А . Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Аз овони наврасӣ ба шуғлҳои хонаводагиву кори саҳро панҷа нарм карда буд, ки зиёд ҷавонписарон доштани чунин арӯси нозанину ҳунармандро доштанд.
- Бо Саодат ҳамсоя будем. Ӯ як духтаре басо кордону ҷасур буд, ки ҳамдеҳагон ӯро дӯст медоштанду эҳтиромаш мекарданд. Ман дар қалб ишқи ӯро мепарваридам, аммо иродаи назди касе кушодани розҳои хешро надоштам. Хушбахтона, падару модарам низ дар дил ҳаваси қудошавӣ бо ҳамсояамонро доштаанд, ки рӯзе ин матлабро бароям ошкор намуданд, - аз овони ҷавонӣ қисса оғоз кард Бобои Идибек.
– Бо амри тақдир бо ризоияти падару модаронамон Саодат ҳамсари ман шуд. Дере нагушта, маро ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд. Гарчанде ки ҷудоӣ аз ишқам бароям гарон менамуд, вале ғурури ҷавонмардиву ҳисси ифтихор аз хизмати ҳарбӣ маро водор менамуд, ки ин имтиҳони зиндагиро сарбаландона паси сар намоям.
Идибек хизмати ҳарбиро дар кишвари Олмон адо намуда, ба хона баргашт. Дар ин миён духтари нозанинашон ба дунё омадаву њамрању њамрози модари ҷавон буд. Саодат бо вуҷуди тифли хурдсол доштанаш кори хонаву саҳроро ба рӯзи дигар намегузошт. Баъдан, кордониву чолокиашро дида, ӯро ба фермаи ширию молӣ ба кор гирифтанд. Бо мурури солҳо ӯ бо заҳмати софдилонаву ҳисси масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои ба зимма доштааш дар сафи коргарони пешқадами хоҷагӣ қарор гирифт. Натиҷаи саъю талошҳои чунин коргарзанони фермаи ширию молӣ буд, ки сол аз сол ҳаҷми истеҳсоли шир ва саршумори чорвои собиқ хоҷагии Кирови Ҷамоати Калинин афзоиш меёфт. Солҳо паси ҳам сипарӣ мешуд, Саодат дар баробари фаъолияти пурсамараш дар фермаи хоҷагӣ ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир менамуд.

Саодат Муродова ва Идибек Шохаёлов соҳиби 6 духтару ду писар шуданд, ки ҳама фарзандони онҳо дорои касбу ҳунарҳои гуногун буда, дар рушду нумўи соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ саҳми худро гузошта истодаанд. Сарвари хонавода Идибек низ умре дар корҳои гуногуни хоҷагӣ андармон буда, баъдан ба ҳайси таркторчии хоҷагӣ фаъолият намудааст. Саодат дар баробари корҳои хонаводаву масъулияти дар ферма доштааш, фаъолияти сиёсии худро аз сатҳи вакили деҳот оғоз намуда, баъдан ба ҳайси вакили мардумӣ дар съезди ХIХ-ХХ ва Пленуми Ҳизби коммунистии Тоҷикистон иштирок намудааст. Ҳамчунин, соли 1986 дар мусобиқаи ҷумҳуриявии коркунони соҳаи давлатии агросаноатии РСС Тоҷикистон ғолиб гардида, аъзои Комитети Марказии Партиявии Коммунистии Тоҷикистон интихоб шуд. Умуман, давоми кору фаъолияти пурсамараш бо нишону ифтихорномаҳои гуногун қадрдонӣ шудааст. Айни замон Саодат Муродова давлати пирӣ меронад. Ба синну соли худ нигоҳ накарда, маслиҳатгару машваратчии сокинони деҳот аст.-Ҳеҷ гоҳ аз ёдам фаромўш намешавад, ки вақте соли 1991 аввалин гирдиҳамоиҳо дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, модарам бо Адолат Раҳмонова ва Рафиқа Мусоева ҳамеша бо шуҷоату далерӣ дар ҷаласаҳо иштирок менамуданд. Он замон модарам тифли хурдсоли худро монда, роҳ сўи Душанберо гирифт, то дар сессия иштирок намояд. Ман донишҷўй будаму тифли кучаки модарамро нигоҳубин мекардам. Вақте ки дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе муноқишаҳо сар зад, модарам дар он ҷо монду мо бо кўдаки гирён дар хона,-он рўзҳоро ба ёд меорад духтари калони хонадон Майрам Шохаёлова.
Аз ҳаёту фаъолияти гуногун ва рўзгори бобои Идибек ва холаи Саодат воқиф гардида, кас ба хулосае меояд, ки сарчашмаи хушбахтию саодати ин оила якдигарфаҳмиву хизмати содиқона ба халқу Ватан мебошад. Тавре падари оила иқрор меояд, аз овони ҷавонӣ масъулияти муҳими рӯзгорро бар зимма дошт. Ҳанўз аз овони Омўзишгоҳи касби техникиро бо ихтисоси булдозерист хатм намуданаш, ба ҳайси тракторчӣ дар хоҷагӣ фаъолият мекард.
- Насиҳати падари бузургворам буд, ки ризқу рӯзӣ ва неъматҳои зиндагӣ бе ранҷу заҳмат ба даст намеоянд. Худованд ба мардуми деҳот неъматҳои бузургеро фаровон ато намудааст, ки нафари бо нангу номус ҳеҷ гоҳ бе шуғли даромаднок намемонад. Аммо барои аз ин файзу эҳсони насибамонгардида баҳравар шудан, бояд, ки заҳматдӯст бошем. Фарзандонро дар рўҳияи ватандӯстиву саҳмгузорӣ дар рушду ободонии диёр тарбия намоем, то онҳо хизмати ҳарбиро вазифаи муқаддаси хеш бишуморанд, - мегӯяд Идибек Шохаёлов.
Феълан дар Ҷамоати деҳоти Панҷрўд, хоҷагии Ваҳдат деҳаи Сафар Гадоии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пирони хирадманд Идибек Шохаёлов ва ҳамсараш Саодат Муродоваро ҳамчун роҳнамои оилаҳои ҷавон мешиносанду эҳтиром доранд. Онҳо дар суҳбату вохўриҳои фаъолони деҳот бо аҳли ҷамоатчигӣ фаъолона ширкат намуда, бо панду маслиҳатҳои судманди хеш мардумро ба росткориву заҳмати содиқона роҳнамоӣ мекунанд.
Махфират ШОИМОВА
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?