Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дастпарвари Истиқлол
Зафар Ализода аз чеҳраҳои саршиноси насли ҷавони даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар баробари фаъолияти пурсамари гуногунҷабҳаи хеш, ҳамзамон ба симати поягузорони соҳаи технологияи коммуникатсионӣ дар рушду эҳёи соҳаи алоқаи интернет ва марҳилаи ибтидоии гузаштан ба ҳуҷҷатгузориҳои электронӣ дар идораву муассисаҳо нақши бағоят муҳим гузоштааст.
Ӯ соли 1977 дар хонаводаи зиёии шаҳри Бохтар чашм ба олами ҳастӣ кушода, аз овони наврасӣ ба технологияи муосир ва илмҳои техникӣ шавқу рағбати бепоён дошт. Ин буд, ки аз синни мактабхонӣ аъзои Маркази ҳунаромӯзии “Техникони ҷавон” –и маркази вилояти Хатлон гардида, бо нахустин кашфиётҳои техникӣ миёни ҳамсолони худ муаррифӣ мешавад. Новобаста аз толибилмони аълохони МТМУ №10-и шаҳри Бохтар буданаш, баъди хатми синфи 9-ум таҳсилро дар Коллеҷи техникии шаҳри имрўза Бохтар идома медиҳад. Соли 1996 коллеҷи мазкурро бо баҳои аъло ва дипломи сурх хатм карда, ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон факултаи механикиву технологӣ дохил шуд. Дар баробари таҳсилоти олию касбӣ машғулиятҳои дӯстдоштаниашро идома дода, ҳамзамон ба ҳайси мудири сохтори идоракунии бахши (CADA) Оҷонсии Рушди Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бохтар ба фаъолият оғоз менамояд. Баъди хатми факултаи механикаву технологияи ДТТ ба шуъбаи ғоибонаи факултаи иқтисодии донишгоҳи мазкур дохил шуда, соли 2006 соҳиби ихтисоси дувуми олӣ - менеҷмент дар идоракунӣ гардид.
Маҳз дар ҳамин солҳои пурҷўшу хурӯши илму донишандӯзӣ соҳаи технологияи компютерӣ рушду ривоҷ ёфта, шурўъ аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то дар идораву ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ раванди омӯзишу аз бар намудани донишу малакаи истифодаи компютер ва воситаҳои муосири алоқаи интернет суръати тоза пайдо мекард. Дар ҳамин марҳилаи ба омӯзиши истифодаи технологияи компютерӣ фаро гирифтани қишрҳои гуногуни ҷомеа, идораву ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимӣ ба мутахассисони соҳавӣ эҳтиёҷи зиёд доштанд. Ҳамин сон, бо роҳбарии ӯ як гурӯҳ технологҳои ҷавон дар ҷараёни омӯзиши истифодаи технологияи муосир, насбу васли воситаҳои муосири алоқаи интернетӣ ва созмон додани почтаву хазинаҳои электронӣ ва минбаъд ташкили сомонаҳои соҳавию иттилоотӣ дар вилояти Хатлон саҳми ниҳоят арзанда гузоштаанд.
Соли 2004 бо мақсади ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ дар кишвар барномаҳои гуногун, аз ҷумла, тарҳҳои омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани донишу малакаи истифодаи шабакаҳои интернет ва гузаштан ба ҳуҷҷатгузорию идоракунии электронии идораву ташкилотҳо рӯи кор меомаданд. Дар он солҳо яке аз таъминкунандагони асосии муштариён бо алоқаи интернетӣ ширкати провайдерии “ИСТЭРА” маҳсуб меёфт, ки роҳбарии онро дар вилояти Хатлон Зафар Ализода бар зимма дошт. Маҳз ҳамин гурӯҳи донандагони технологияи компютерӣ, ки мутахассисони ҷадиди соҳаи алоқаи интернет ва созмондиҳандагони почтаҳои электронӣ ба ҳисоб мерафтанд, амалисозии системаи электронӣ ва ба низом даровардани шабакаҳои қабули ҳуҷҷатҳои электрониро дар сохтору соҳаҳои гуногуни вилояти Хатлон роҳандозӣ менамуданд.
Баъдан Оҷонсии Рушди Осиёи Марказӣ дар вилояти Хатлон ҳамчун Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва таълимии “МАТЭМА” табдили ном карда, З. Ализода роҳбари ин Маркази бозомӯзии ҷавонон таъйин гардид.
Шурўъ аз соли 2010-ум Зафар Ализода фаъолияти хешро ба ҳайси мудири бахши меҳнат ва шуғли аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оғоз бахшида, хусусан, дар ин давра бо иқдомҳои ояндасози ӯ системаи электронии дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот оид ба таъмини ҷойи кор ва дигар шуғлҳои музднок роҳандозӣ мегардад, ки ин аз беҳтарин шоҳкориҳо дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ арзёбӣ меёфт. Баъдан, системаи электронии огоҳонии муштариён оид ба ҷойҳои холии корӣ ҳамчун таҷрибаи намунавӣ дар дигар кишварҳои ҳамҷавор мавриди омӯзиш ва истифода қарор дода шуд.
Дарвоқеъ, фаъолияти пурсамари ӯ дар ин ҷода аз шавқу таваҷҷуҳи беандозааш ба илму технологияи муосир ва донишу таҷрибаи дар пайроҳаи зиндагӣ аз бар намудааш сарчашма мегирад, ки ҳанӯз аз овони наврасӣ бо як ҷаҳон шавқу шӯри беназир рӯ ба мутолиаи китоб ва илму касбомӯзӣ намуда буд. Ин буд, ки дар баробари хатми ду ихтисоси олӣ ва фаъолияти пурсамараш дар ҷодаҳои илму технологияи коммуникатсионӣ, рушди соҳибкорӣ ва таҳияи лоиҳаҳои ҷадиди тиҷоративу самти банақшагирӣ ва рушди стратегияи содирот дар сектори тиҷоратӣ Зафар Ализода курсҳои махсуси Академияи байналмилалии Cisco Networking, Маркази байналмилалии СММ оид ба ТИК, Ҷамъияти Ҳамкориҳои байналмилалии Олмон, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Барномаи Иттиҳоди Аврупо, Донишкадаи содирот ва тиҷорати байналмилалии Британия, Вазорати савдои ИМА, Донишкадаи логистика ва нақлиёти (CILT) Британияи Кабирро хатм карда, соҳиби 5 сертификати эксперти байналмилалӣ мебошад.
Зафар Ализода аз соли 2015 ба ҳайси ҳамоҳангсози барномаи “Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон фаъолият намуда, аз моҳи июни соли 2019 то инҷониб роҳбари Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Хатлон мебошад. Ӯ дар баробари фаъолияти гуногунҷабҳаи хеш инчунин, аз соли 2011 то имрӯз роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, котиби масъули Шӯрои технологияҳои иттилоотии коммуникатсионии назди раиси вилояти Хатлон ва роҳбари Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва таълимии “Матема” дар вилояти Хатлон мебошад. Аз соли 2011 инҷониб вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ба уҳда дорад.
Истеъдоду малакаи фитрӣ ва дигар зарфиятҳои ин ҷавони донишманду худогоҳ аз муҳити оилавӣ ва таълиму тарбияи зодмандони донишманду маърифатпарвараш маншаъ мегирад, ки фарзандонро дар рўҳияи худшиносиву башардӯстӣ, ҳисси баланди меҳру муҳаббату садоқат ба Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддас тарбияву ба воя расонидаанд.
“Сафо”

Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД
Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ”