Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Аз майдони набард то сайқали ҳунар
Давлатшо Туронов соли 1925 дар деҳаи Саротеғ,Ҷамоати деҳоти Зубайр, ноҳияи Сари Хосор дар оилаи усто Турон ба дунё омадааст. Онҳо се бародару хоҳар буданд. Сарвари хонадон бобои Турон, аз устоҳои чирадасти юғу сипор ва модараш Гулбоғ умре андармони корҳои хонаводагӣ буд. Зимни даъват ба хизмати ҳарбӣ ноябри соли 1942 Давлатшо пойи пиёда аз Сари Хосор то Кангурт омада, аз он ҷо ду рӯзи дигар то имрӯза шаҳри Ваҳдат рафта мерасанд.
-Мо аз Орҷенкидзеобод (имрўза Ваҳдат) тариқи қатораи камбар ба шаҳри Сталинобод рафта, дар истгоҳи мошинҳои №3 моро ҷо ба ҷо намуданду ҳамин тавр 15 рӯзи дигар ҳудуди 2 ҳазор даъватшаванда дар Сталинобод мондем, -ба хотир меорад гузаштаро Давлатшо Туронов, сокини деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ.– Баъдан мо ба қатораи Сталинобод - Москва савор шуда, баъди се рӯз ба шаҳри Пугачёва, қарибиҳои Саратов расидем. Дар он ҷо даъватшавандаҳо аз курсҳои ҳарбӣ гузашта, ба Фронти Белоруссия ва Фронти Украина фиристода мешуданд.
Баъди гузаштан аз курси кӯтоҳмуддати ҳарбӣ ҷанговар Давлатшо Туронов ҳамчун пулемётчӣ ба Саратов ва аз он ҷо тариқи қатора ба шаҳри Сталинград раҳсипор шуд. Вақте онҳо ба Сталинград расиданд, ин шаҳри қаҳрамон аллакай аз дасти душман озод карда шуда буд. Қаламрави шаҳр аз тупу танкҳои аз кор баромада ва замини аз ҷанг сӯхтаву сиёҳгардида, ҳоли ҳузновар дошт.
-Вақте ки ба Красноярск расидем, моро тавассути киштӣ ба Курск фиристоданӣ шуданд, аммо ҳавопаймоҳои ҷангии душман киштиро бомбаборон карданд. Ин буд, ки мо бо роҳи дигар ба Курск расидем ва баъди як ҳафтаи набардҳои хунин Курскро аз дасти душман озод намуда, аз он ҷо ба Мичуринск ва вилояти Ворошиловград раҳсипор шудем. Баъдан, шаҳру минтақаҳои шарқии Украинаро аз душманон озод намуда, пеш мерафтем. Аскарону афсарони мо ҳатто барои озод кардани баъзе деҳаҳои хурд, ки ҳамагӣ 10-20 манзилҳои чӯбин дошт, ҷони худро дареғ намедоштанд.
Давлатшо Туронов баъди муҳорибаҳои шадиди шаҳри Чернигови Украина то қисмати болоии шаҳри Киев ҷангида, 10 декабри соли 1943 аз пои чап захмдор мешавад. Баъди 40 рӯзи бистарӣ дар беморхонаи низомии шаҳри Киев ба яке аз бригадаҳои ҳарбии сохтмонӣ ба Днепропетровск фиристода мешавад. Ӯ ва 30 нафари дигар аскароне, ки баъди ҷароҳатҳои вазнин ба истеҳсолот фиристода шуда буданд, дар корхонае, ки барои фронт снаряд месохтанд, ба кор гирифта мешаванд.
- Ин корхона 3,5 ҳазор нафар коргар дошт, ки қариб ҳамаашон бонувон буданд,- иброз дошт дар идомаи суҳбат Давлатшо Туронов. Рӯзе бо супориши роҳбарият моро ба шаҳри Житомир фиристоданд, ки қаблан ин шаҳр дар асорати фашистон будааст. Санаи 24 феврали соли 1944 мо дар ин шаҳр истгоҳу маконҳои қарордоштаи фашистонро аз назар мегузаронидем, ки баногаҳ як тан аз минакобони атрофи корхонаи коркарди гӯшт ба мина бархӯрда таркид ва лаҳзае баъд дар наздиктари ман минаи дувум таркид, ки аз пораҳои он ҷароҳат бардоштам.
Ҳамин сон Давлатшоҳро дубора ба беморхонаи низомии шаҳри Киев бистарӣ намуданд ва баъди 10 рӯз барои идомаи табобат ба истироҳатгоҳи ҳарбии Краснодар фиристода мешавад. Баъди 70 рӯзи муолиҷа моҳи ноябри соли 1944 бо асобағал ба Тоҷикистон баргашт. Тӯли ду соли дигар дар хона бо асобағал роҳ мерафт, сипас оҳиста-оҳиста ба як асои якдаста монд. Ҳамакнун 76 сол мешавад, ки бо кумаки асо равуо дорад.
Соли 1947 бо духтари амакаш Зумрад оиладор шуда, аз зиндагии якҷоя соҳиби 11 фарзанд шуданд.
Баъди бозгашт аз ҷанги дуюми ҷаҳон ӯ чанд сол ба карбосбофӣ машғул шуда, баъдан дар корхонаи коркарди тухмии пилла фаъолият мекунад. Соли 1952 сокинони деҳаи онҳоро ба хотири азхудкунии заминҳои имрӯза қаламрави ноҳияи Мир Сайид Алиии Ҳамадонӣ муҳоҷир намуданд.
-Ин ҳама ободиву сарсабзиҳои деҳаи Пушкин ва умуман ноҳия замоне ҷангалзор буду шабонгоҳон аз атроф овози гургу шағолу дигар ҷонварҳои ваҳширо мешунидем, - мегӯяд Давлатшо Туронов. Дар он солу замон аллакай се фарзанд доштам. Дар он давра раиси хоҷагии навтаъсис Амир Маҳмадалӣ гуфтанӣ як марди заҳматқарин буд, ки дар баробари талаби иҷрои саривақтии корҳо нисбат ба мардуми меҳнаткаш ниҳоят меҳрубону ҳалим буд.
Ҳамин тавр, бо мурури азхудкунии заминҳо ва пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва дигар самтҳои даромадноки хоҷагии халқ собиқадори ҷангу меҳнат Давлатшо Турсунов ҳам дар ҷодаҳои гуногун фаъолият намуда, дар пешрафту ободонии ин гӯшаи Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоштааст. Тавре худ иқрор меояд, давоми ҳаёти баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қариб кору пешае намондааст, ки ӯ ба он даст назада бошад. Аз меҳнати ҳалол дар соҳаи савдо, роҳсозиву пиллапарварӣ, ронандагиву ҳунари чўбтарошӣ ва пешаи занбўриасалпарварӣ фарзандонро ба воя расонид, ки имрӯз зери ғамхориву нигоҳубини онҳо давлати пирӣ меронад.
Билоли ШАМС, ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ

Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд 16:48Ҷ. Балхӣ. Корхонаи ордбарорӣ дубора эҳё мешавад 15:36Беш аз 1000 нафар бо ҷои кор таъмин шуд 15:44“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо” 14:51Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30
Серхонандаҳо
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
ДАСТОНИ ПУРҲУНАР
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад