Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
75-солагии Сулаймон Эрматов таҷлил карда шуд
Бо доираи васеи ҳаводорони каломи бадеъ рӯзи 25-уми майи соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Қубодиён 75-солагии шоир, публисист ва нависандаи забардаст, Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Сулаймон Эрматов дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Чорабиниро муовини аввали раиси ноҳияи Қубодиён Алиҷон Тоҷиев ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки баргузор гардидани чунин маҳфилҳои адабӣ бо иштироки шоирону нависандагон ба такомули зеҳнии сокинон, алалхусус наврасону ҷавонон такони ҷиддӣ бахшида, дар замири онҳо шавқу рағбат ва мутолиаю эҷодкориро бедор месозад.
Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Махсумзод зимни баромади хеш аз кору фаъолияти публисисти чирадаст, шоир ва тарҷумон Сулаймон Эрматов ва ёдовар гардида, хизматҳои арзандаи ўро дар тақвият бахшидани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек назаррас арзёбӣ намуд.
Сулаймон Эрматов ба ҳаводори каломи бадеъаш шеъру таронаҳои тараннумкунандаи зебоиҳои диёр, Истиқлолияти Ватан, ва дӯстии халқҳои дӯсту бародари тоҷику узбекро қироат карда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён кард.
Дар фарҷом аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия дастагули шеъру суруд аз эҷодиёти ин шоири ширинсухан пешкашӣ ҳозирин гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки Сулаймон Эрматов 25-уми майи соли 1946 дар деҳаи Бошқалъаи ноҳияи Шаҳритус ба дунё омадааст. Номбурда муаллифи маҷмӯаҳои насрию назмии “Онагинам”, “Таманно”, “Садоқат гуллари”, “Модарам, ҷон модарам”, “Дунё ба кафи туст, модар”, “Бешкент тароналари”, дуҷилдидаи “Оила одоби” (“Одоби хонадорӣ”), “Ғизол парвози”, “Солиҳа аёл қисмати”, “Ҳомиджон Мамадов соғинчи”, “Қалбда ӯрик гуллади” ва “Ӯқувчи қизралнинг севги мактублари” буда, муаллифи нахустин китоби “Алифбо”-и ӯзбекӣ мебошад, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикиро ба забони ӯзбекӣ мутобиқ гардонидааст. Китобҳои дарсии “Она тили”, “Ватан адабиёти”, “Одобнома” ва “Маърифати оиладорӣ” ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Ҳамчунин асарҳои бисёр адибони тоҷикро тарҷума ва ба китобҳои дарсии ӯзбекӣ дохил намудааст. Намунаҳое аз осораш ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тарҷума шудаанд.
Сулаймон Султонов
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



