Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бахшида ба 76-солагии¬Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945
Ҳамдиёрони азиз!
Собиқадорони гиромиқадр!
Боиси сарфарозию ифтихормандии ҳар яки мову шумост, ки дар фазои озоду осоишта, сулҳу суботи устувор, таҳти сиёсати хирадмандонаю ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ истиқбол менамоем.
Ба ин муносибат сокинони шарафманди вилояти Хатлон ва кулли ҳамватанонамонро самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик файзу баракат, хушиҳои рӯзгор ва барори корро орзу менамоям.
Солҳо мегузаранд, аммо хотираҳо аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ёди иштирокчиён ва тамоми мардуми сулҳхоҳ боқӣ мемонанд. Дар он солҳо баробари халқу миллатҳои кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ наздик ба 300 ҳазор ҷавонмардони тоҷикистонӣ низ зидди душмани аҳриманӣ дар майдони набард ҷонфидоиҳо карда, хоки Ватани ягонаро аз фашизм ҳифз намуданд ва барои насли оянда ҳаёти осоиштаро таъмин карданд.
Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик қаҳрамонию корномаи бузурги дар ақибгоҳбудагонро низ, ки бо вуҷуди душворию машаққатҳои гӯшношунид дар ҳамаи соҳаҳо фидокорона меҳнат карда, ғалабаро наздик оварданд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард. Корнамоиву диловарии фарзандони баору номуси Тоҷикистон дар ҳарду арса барои наслҳои имрӯза намунаи олии садоқат ва хизмат ба Ватан мебошад.
Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва мактаби ватандӯстии собиқадорони ҷангу меҳнат, ба кор бурдани маслиҳату машварат ва сабақомӯзӣ аз рӯзгори ибратманди онҳо барои наслҳои имрӯзу фардои ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёр, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатдорӣ роҳнамо ва дастури амал ба ҳисоб меравад.
Дар замони пойдории истиқлолияти кишвар зери таваљљуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат дар баробари нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин, ба масъалаҳои беҳсозии вазъи иҷтимоии онҳо эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт мунтазам кумакҳо расонида шуда, баҳри беҳдошти зиндагии ин қишри ҷомеа чораҳои зарурӣ амалӣ мегардад.
Ҳамдиёрони азиз!
Ёдовар бояд шуд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ садҳо ҳазор ҳамдиёрони мо - родмардони хатлонӣ иштирок карда, дар торумор намудани фашизм далерию садоқат нишон додаанд. Айни замон дар вилоят ҳамагӣ 30 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт мебошанд, ки синнашон аз 95 то ба 101-сола расидаанд. Эҳтиром доштану қадршиносӣ намудани ҳар яки онҳо вазифаи муқаддаси фарзандии мост.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиби корӣ барои раисони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳру ноҳияҳо ва дастгирии меҳтарони ҷангу меҳнат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Ин қишри ҷомеа, ки бо корнамоиву меҳнати садоқатмандонаи худ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳми беандоза гузоштаанд, ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Аз ҷумла онҳо ҳамешагӣ таҳти назорати табибон қарор дошта, табобати онҳо дар муассисаҳои тандурустӣ ройгон сурат мегирад. Кумаку ғамхорӣ ба онҳо дар вилоят ба як амали доимӣ ва рафтори ҳамешагиву инсондӯстонаи роҳбарони идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор табдил ёфтааст.
Имрӯзҳо мо дар баробари ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, инчунин ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба мебинем, ки истиқболи ин санаи муқаддас моро ба ояндаи дурахшони кишвар роҳнамоӣ менамояд.
Шароити имрӯза тақозо менамояд, ки барои ҳимояи марзу буми меҳан, пешгирии амалҳои террористию ифротгароӣ, паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии насли имрӯзу фардои ҷомеа аз мактаби шуҷоату ҷавонмардии собиқадорони ҷангу меҳнат таҷрибаи ватандӯстию хештаншиносӣ омӯхта, фарзандонро дар рӯҳияи баланди инсондӯстию меҳандӯстӣ тарбия намоем.
Мо ифтихормандем, ки имрӯз ҳам дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон ҷавонони ҷасуру қавирӯҳи вилояти Хатлон сарбаландона хизмати модар-ватанро адо мекунанд. Намунаи олии хизмати содиқона ба Ватанро мо дар мисоли сарҳадбонони тоҷик дидем, ки охири моҳи апрел дар қазияи Ворух қаҳрамонона аз марзу буми диёр дифоъ карданд. Тамоми мардуми Тоҷикистон ёди он сарбозону афсарони марзбонеро, ки дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ҷон бохтанд, то абад гиромӣ медоранд ва Тоҷикистон бо чунин фарзандони баҳодуру таҳамтани худ ҳамеша ифтихор хоҳад дошт.
Итминони комил дорам, ки ҷавонони бонангу номус, далеру шуҷоъ ва посдорони қавииродаи Модар–Ватан бо истифода аз сабақҳои матонату шуҷоати наслҳои калонсол минбаъд низ барои ҳимояи неъмати бузургтарини ҳаёти сокинони мамлакат– Истиқлолият ва озодӣ, тақвияти пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани мақому мартабаи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамеша омодаву ҳушёр хоҳанд буд.
Бори дигар, ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, собиқадорон ва мардуми шарифи вилоятро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба шодбош гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатии бардавом, рӯзгори обод ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ, пешрафту шукуфоӣ таманно дорам.
Ҷашни Зафар муборак, ҳамватанони гиромӣ!
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд 16:48Ҷ. Балхӣ. Корхонаи ордбарорӣ дубора эҳё мешавад 15:36Беш аз 1000 нафар бо ҷои кор таъмин шуд 15:44“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо” 14:51Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30
Серхонандаҳо
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
ДАСТОНИ ПУРҲУНАР
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад