Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОДИЯИ НОУМЕДӢ
Баҳор, ту зеботарин фасли сол ҳастӣ! Бо омад-омади ту турнаҳо дар фазо ба рақс меоянд. Дашту даман либоси наврӯзӣ ба бар мекунанд. Бо ин ҳама зебоӣ боди нарм-нармат ба машом бӯйи хушу форами гулҳои биҳиштосоро медиҳад. Дар дашту даманҳоят ҳама ба сайру тамошо рафта, аз ғаму андуҳ фориғ мешаванд. Ҳатто тамоми гиёҳу рустаниҳо ба пешвозат саропо шукуфон мегарданд. Духтарон ҳам гӯё ба гулҳо рашк мебаранд ва аз гулҳо ҳам зеботар мегарданд. Сирри ин зебоии духтарон дар он аст, ки онҳо либоси гулдӯзӣ ба бар мекунанд, бо гесувони парешон, бо чеҳраҳои хандон гӯё ба табиат ҳусни дигар мебахшанд.
Бо ин ҳама ҳусну ҷамолат дар дили ошиқон оташ меафрӯзиву чун дилбари дилфиребе аз пеши назар зуд мегузарӣ. Вале ман бо ин ҳама дилфиребиат фақат туро пазмонам! Эй кош, ҳамеша ту бо ману ман бо ту мебудам ва чун кӯдаки маъсум дар оғӯши биҳиштосоят худро фориғ аз ғаму ташвишҳои зинагӣ медидам.
Ман низ чун ту замоне зебову дилоро будам ва бо ҳусну ҷамоли хеш дилҳоро мафтуну шайдо мекардам, вале афсӯс, ки бо мурури солҳо чун барги заррини фасли тирамоҳ пажмурдаву хазон гаштам.
Эй баҳор, сад дареғо, ки умри одамизод чун ту ҷавону зебо такрор намегардад. Охир бигӯ, ки ин ҳама сирри зебоиву нотакрории ту дар чист?
Меҳринисо РАҶАБОВА
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



