Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТОҶИКОНУ ӮЗБЕКОН- ДУ ТОРИ ЯК ДУТОР
Тоҷику ӯзбек ин ду миллатро ҳеҷ гоҳ аз ҳам ҷудо кардан нашояд. Зеро тоҷикону ӯзбекҳо асрҳо боз дар ҳамсоягӣ зиндагӣ дошта, ба ҳамдигар духтар додаву духтар гирифта, ба ниҳоят омезиш ёфтаанд. Бо хости Худованди бузург ҳама монеаҳо бартараф гардиданд, ақли солим пирӯз шуд. Ин ҷо суханони ҳикматомези Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири зиндаёд Мирзо Турсунзода ба хотир мерасад: «Тоҷикону ӯзбекон ду тори як дуторанд. Агар аз ин торҳо яке канда гардад, садо ноҷӯр мебарояд».
Хушбахтона, баъди беш аз бист соли фироқ бо азму ирода ва саъю талошҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев торҳои гусаста аз нав ҷӯр шуда, пайванди дӯстию бародарӣ хешутаборӣ барқарор гардид. Дар таърихи давлатдории мову ҳамсояи дӯсту қаринамон муносибатҳои нави ҳамкорӣ оғоз ёфт. Дасти ҳақ боло шуда, меҳру муҳаббат, самимияту меҳрубонӣ, вафодорӣ танинандоз гардид. Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 10 гузаргоҳ ифтитоҳ ёфта, роҳи оҳани «Амузанг - Ғалаба» боз шуд. Роҳи ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар хизмати мардумонамон қарор дорад. Ин рӯзҳои накӯро ҳарду миллат дер боз интизор буданд. Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев қарзи фарзандӣ ва рисолати таърихии худро дар назди ҳарду миллат бо сари баланд ва нигоҳи ватандорию инсондӯстӣ ба ҷо оварданд, ки дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои зарҳалин сабт хоҳад шуд. Пешвои миллат зимни ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъкид доштанд: «Миёни тоҷикону ӯзбекон мақоле ҳаст, ки ҳамсояро интихоб намекунанд. Халқи мо ҳамсояи некро чун атои Худованд қабул дорад. Рушду ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа аҳамияти стратегӣ дорад».
Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон,
Магар дӯстӣ к-он бувад ҷовидон.

Намунаи барҷастаи дӯстию бародарӣ ва устодиву шогирдии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Мир Алишер Навоиро ҳарду миллат арҷ мегузоранд. Бунёди муҷассамаҳои ин ду шахсияти муътабари олами ирфон, номгузории муассисаҳои фарҳангӣ, боғҳои дилкушо дар Тоҷикистону Ӯзбекистон сабақи ибратомӯзест барои наслҳои ояндасози ҳарду миллат. Пайванди устод Садриддин Айнӣ бо адибони ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом ин дӯстиро таҳкимбахшанда буда, роҳи моро ба кошонаи дилҳо наздиктар мегардонад. Дӯстию бародарии Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев дари бахту саодатро ба рӯи ҳарду миллат боз намуд. Садои хушу марғуладори ҳунармандони мардумӣ Шералӣ Ҷӯраев ва Ҷӯрабек Муродов ва даҳҳо ҳофизони машҳури ду давлат бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ дар Тоҷикистону Ӯзбекистон пайваста танинандоз аст, зеро торҳои дӯстӣ ҷӯр гардиданд, ҳамнавою ҳамсадо шуданд. Инак, боз ду миллати ҳамтақдир, ҳамсояи наздику қарин ба ҳам омаданд. Садои шоираи бедордил Зебунисо аз қаъри асрҳо таскинбахши дили дӯстон гардид:
Тоза созад гулбуни умедро пайғоми дӯст,
Бишкуфонад ғунчаи дилро насими номи дӯст.
Гар ғубори хотире аз дӯстон бинӣ, маранҷ,
К- аз дуои душманон беҳтар бувад дашноми дӯст.
Дар рӯзҳои ифтитоҳи роҳу гузаргоҳҳои миёни ду кишвар Олим Панҷизода, сармуҳаррири рӯзномаи тоҷикии «Ховар» дар вилояти Сурхандарё ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар кишвари мо ҳамсабақону дӯстони зиёд дорад. Тавре зимни суҳбат бо мо иброз дошт, дар дилам як ҷаҳон шодмонӣ, ғурур ва ифтихор дорам, ки боз ба дидори дӯстон мерасам. Шоири ширинбаён Абӯабдулло Рӯдакӣ фармудааст:
Ҳеҷ шодӣ нест, андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
- Боварии комил дорам, ки ҷовидонии дӯстию бародарии ду миллати ба ҳам дӯсту ҳамсояву хешу пайванд орзуи муштараки кулли сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон аст.
Инак офтоби дурахшони дӯстӣ болои сари тоҷику ӯзбек боз шуълаҳои зарҳалинашро арзонӣ медорад. Бигузор ин гармӣ, ин меҳр, ин самимият то ҷовидон миёни тоҷику ӯзбек боқӣ бимонад. Дарахти дӯстӣ боровар гардад, чуноне ки Хоҷа Ҳофиз фармудааст:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Шералӣ САИД
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



