Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Даргоҳи аҳли «Сафо»
Таъсиси маҷаллаи «Сафо» -ро ки моҳномаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва адабии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аст, бо чунин номи зебою дилнишин нахустин бор аз забони сармуҳаррири ҳамонвақтаи ин махзани маърифатӣ – дӯсти азизу меҳрубонам, рӯзноманигори варзида, шодравон Абдувалӣ Абдувоҳидов шунидам. Ҳар замон ба наздаш рафта, перомуни забони мақолаҳои маҷалла, ҳусну қубҳи тарҷума суҳбатҳои гарму самимии доманадори фарҳангӣ меоростем. Азбаски банда дар ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ»-и нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон адои вазифа менамудам, Абдувалӣ чун сармуҳаррири маҷалла аз ман хоҳиш мекард, ки ба моҳномаи онҳо аз ҳаёти кормандони мақомоти андоз чизе бинависам. Ҳар дафъа аҳд бастаю ваъдахилофӣ мекардам, чунки таъбирҳои ҳафтавор, аз қабили андозу андозбандӣ, андози арзиши иловашуда, маблағҳои ҳисобгардида, муоинаи хронометражию истифодаи мошинҳои назорати хазинавӣ ва ғайра сирф соҳавӣ буда, барои ин маҷаллаи рангину бонуфуз, ки маводҳояш бо забони фасеҳу равон таҳияю тайёр мегардиданд, шоиста ва лоиқи қабул набуданд. Баъд, бисёриҳо ба он ифодаҳо ҳамон вақт дуруст сарфаҳм намерафтанд.
Аз шиносоӣ бо маводҳои баъдинаи маҷалла имонам комил гашт, ки дӯстам муҳаррири кунунии моҳномаро ба ин вазифа тавсия дода, ҳаргиз хато накарда будааст. Зеро дар ҳар як нигоштаи хомабадастони он сабку услуби хоси нависандагию тарҷумонии рӯзноманигор Абдувалӣ Абдувоҳидов, ки дар ин ҷода шогирдони бисёреро тарбия намудааст, бараъло ҳис мегардид. Ҳатто гоҳе зебою рангину ширинтар.
Баъди аз ҳафтавори «Боҷу хироҷ» ба нафақа баромадан Латофат, ки бо вай тавассути дӯстам Абдувалӣ шинос будам, ба ман занг зада, хоҳиш намуд, ки агар вақт ёбам, тез-тез ба коргоҳи онҳо омада, дар хондану таҳияи баъзе маводҳо ёрӣ расонам. Худ низ як чиз - ним чиз навишта, ба идора биёрам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ба маҷалла чанд мақолаяке навишта овардаю бо маводҳои он дурусттар шиносоӣ пайдо кардам. Аз рубрикаҳои ҷолибу диққатҷалбкунандаи он, аз қабили «Шарқ -нозуксуханист», ки таҳти он ашъори адибон пайваста ба табъ мерасад, ростӣ дар шигифт мондам. Дар шигифт мондаю байти муаммогунаеро аз ашъори классикон ба ёд овардам:
Аз дари аҳли сафо дур машав, эй дили ман,
Ҳарки дур аст, аз ин дар ба Худо наздик аст.
Ҳарки дур аст, аз ин дар ба Худо наздик аст.
Оре, маҳз аз дари аҳли сафо, ки ба номи маҷаллаи «Сафо» хеле мувофиқу муносиб афтодааст, ба висоли Ҳақ расидан мумкин аст, на аз дурию ҷои дигар. Гузашта аз ин, кас аз маводҳои он ки бӯи гули хору мушку анбар мекунанду навои обшорро доранд, як ҷаҳон маънӣ мебардорад. Як ҷаҳон маънӣ бардоштаю ба маҷаллаи «Сафо», ки ин калима дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба мазмуни покӣ, тозагӣ, беғуборӣ, ҷило ва равшанӣ маънидод гардидааст, боз ҳам қарину наздиктар мегардад.
С. БАЁЗӢ
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР


