Бойгонӣ

Намоди рӯшаниҳо

Сарнавишти падару духтар ончунон шабеҳу такрори ҳамдигар меоянд, ки гӯё рӯзгори пуршебу фароз ва ҳам муҳимтарин аъмоли Юнуси маорифпарвар дар саҳифаҳои рӯзгори ояндаи духтари нозбӯяш, Дилором нусхабардорӣ шуда бошад. 
Ҳар ду ҳам фориғуттаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба қавле зиндагиро бо нӯги қалам пеш бурдаанд. Бо  зарфиятҳои ақлонию заковату донишмандӣ, сабру таҳаммулпазирӣ ва иродаи мустаҳкаму дигар хислатҳои наҷибашон, онҳо парвардаи як муҳиту дудмони фарҳангиро мемонанд. Гарчанде наслҳои гуногуни солу замони мухталифанд, валекин корҳои илмии  падару духтар дар як мавзӯъ таҳлили ҳаводиси ҷангҳоест, ки аз қисмати яке хушбахтиҳои овони кӯдакӣ ва аз дувумӣ бахту баҳори ҷавониро рабудааст. 
Дилором Маҳкамова аз чеҳраҳои саршиноси даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад, ки бо кору пайкори ибратомӯзаш дар соҳаи журналистикаи кишвар, бахусус ҳимояи ҳуқуқҳои рӯзноманигорон таълиму тарбияи насли нави журналистикаи тоҷик, ҳифозат аз ҳаққу мавқеи бонувон дар ҷомеа ва саъю талошаш дар арсаҳои гуногуни ҷамъиятӣ муаррифӣ шудааст.
Ӯ дар хонадони маорифпарварони номдору муътабари шаҳри Бохтар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Муҳити эҷодии дудмони падарӣ дар тарбияву ташаккули афкору ҷаҳонбинии Дилором таъсири ниҳоят бузург расонида буд, ки то хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ номбардори МТМУ №4-и ин шаҳр дар озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ- оммавӣ буд. Хислати сарварӣ доштан ба гурӯҳи ҳамсолон ва дигар зарфиятҳои духтари чобуку донишманд буд, ки аз овони наврасӣ дар маҳфилҳои он вақт пионерону комсомолони мактаб ва қироати шеъру достонҳо дар барномаҳои фарҳангии мактаббачагони шаҳр фаъолона иштирок меварзид. Маҳз дар ҳамин овони ҷӯшу хурӯши мактабӣ маҳорати шеърхониашро такмил дода, дар қатори беҳтарин ровиёни чорабиниҳои фарҳангии маркази вилоят муаррифӣ шуда буд. 
Гарчанде ки дар аснои хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ нагузоштанд, ки соҳиби медали тилло гардад, аммо ноумед нашуд ва бо ҳамон шӯру шавқу иродаи хастанопазир Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм намуд.
- Соли 1978 вақте ба факултаи филологияи ДМТ дохил шудам, тибқи муқаррарот довталабони ихтисоси рӯзноманигорӣ бояд як сол  дар факултаи филологияи тоҷик таҳсил намуда, минбаъд тариқи озмун аз 100-150 нафар танҳо 25 танро барои идомаи таҳсил аз рӯи ихтисоси рӯзноманигорӣ интихоб менамуданд,- ба ёд меорад гузаштаро Дилором Маҳкамова. - Ҳамин тавр, баъди хатми соли аввали донишгоҳ дар қатори 25 нафар рӯзноманигорони оянда мо 5 тан духтарон низ шомил шудем.
Дар айёми донишҷӯӣ ҳам аъзои Шӯрои духтарони факултети филологияи тоҷик буда, мекӯшид, то дар ҳамбастагӣ бо ҳамдарсонаш тафаккури қолабии ҷомеаро, ки гӯё бонувон дар ҷодаи рӯзноманигорӣ муваффақ шуда наметавонанд, дигаргун созанд. Ҳамин тавр, соли 1983 ихтисоси рӯзноманигории ДМТ-ро бо баҳои аъло ва дипломи сурх хатм намуд. 
-Устод Воҳид Асрорӣ бисёр мехостанд, ки баъди ҳимояи кори дипломӣ фаъолияти илмию  эҷодиамро аз донишгоҳи мазкур оғоз намоям. Аммо ба хотири аҳду паймони назди зодмандон доштаам, баъди хатми донишгоҳ ба шаҳри имрӯза Бохтар баргаштам. Гарчанде ки тибқи роҳхат бояд ба ҳайси ходими адабии матбуоти даврӣ ба кор меомадам, вале, мутаассифона, роҳбарияти редаксияи он вақт “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” бо далели набудани басти корӣ ба ман вазифаи ҳуруфчинро пешниҳод намуданд, ки интихоби ин вазифаро рад намудам. Чаро ки дар он давру замон бонувон баъди хатми синфи 8-ум ҳам дар ин вазифаҳо кор мекарданд, -  қисса мекунад Дилором Маҳкамова.
Баъди чанде бо даъвати он вақта котиби комсомоли шаҳр Дилором фаъолияти худро ба ҳайси котиби комсомоли Омӯзишгоҳи тиббии шаҳр оғоз бахшид. Дар ин миён ба симати омӯзгори ҳамкор дар имрӯза Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба фаъолият шурӯъ намуд. Баъдан, бо даъвати шуъбаи маориф дар гурӯҳҳои русии муассисаҳои таълимии шаҳри зодгоҳаш аз фанни забони тоҷикӣ дарс медод.
Пас аз издивоҷ фаъолияти омӯзгории худро аз ноҳияи имрӯза Кӯшониён оғоз бахшида, солиёни зиёд ба наврасони ин ноҳияи овозадор аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс медод. Баъди чанд муддат Дилором Маҳкамова ба маркази вилояти Хатлон кӯчида, фаъолияти худро дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар идома бахшид. Дар ин миён соли 2005 дар заминаи факултаи филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав ихтисоси рӯзноманигорӣ кушода шуду Дилоромро ба ҳайси омӯзгор ба кор гирифтанд.
- Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъиятии НАНСМИТ-ро дар Хатлон ба зимма дошта, дар ин самт бобати рушди ВАО дар минтақа барномаҳои гуногунро амалӣ менамудем,- ба хотир меорад Дилором. - Соли 2012-ум бо роҳбарии устод Иброҳим Усмонов рисолаи номзадиамро дар мавзӯи “Муқовимати сиёсӣ ва раванди сулҳи тоҷикон дар публисистикаи китобии сиёсии тоҷик” ҳимоя намудам. Мақсад аз интихоби ин мавзӯъ омӯзиши омилҳои аслии ба қатл расидани одамони бегуноҳ, аз ҷумла, падару бародар ва додарам дар ҳаводиси шаҳрвандӣ буд.  Зеро ба ҳайси як фарди ҷомеа худро ҷойи садҳо модарони фарзандгумкардаву хоҳарони падару бародаронашро аз даст дода ва бонувони дар баҳори зиндагӣ аз шавҳарони худ маҳрумгашта, тасаввур карда, мехостам воқеияти таърихиро аз лиҳози илмӣ тадқиқ намоям. 
“Дарвоқеъ, ҳодисаҳои шаҳрвандӣ сабақи муҳиме барои мо ва наслҳои ояндаи ин сарзамини бостонист, ки агар барои як гулро сабз намудан заҳмати яксола лозим ояд, вале барои хазону нобуд кардани боғ, гулистонҳои сарсабз соате кифоя будааст. Ҳамин сон, мо, мардуми заҳматкаши Тоҷикистон, ки ба хотири рушду нумӯи Ватан қариб се даҳсола саъю талошҳо дорем, дигар намегузорем, ки душманони бадкирдор ҷавонони моро гумроҳу сарзамини сарсабзи моро дубора ба хун оғӯшта созанд. Бо амри тақдир соли гузашта дар ҳайати намояндагӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси САҲА вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, ки ҳамасола дар Варшава баргузор мегардад, ба ҳайси намояндаи бонувони кишвари азизамон аз номи хонаводаҳои шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ иштирок намуда, доир ба мавзӯъҳои арзишҳои инсонӣ, озодии баён ва ҳуқуқҳои занони кишварамон суханронӣ намудам. Ба ростӣ, чун як тан аз бонувони кишварам, ки 28 сол боз бо дарду доғи ҳаводиси шаҳрвандӣ  ба сар мебарам, солиён орзу мекардам, ки боре дар рӯ ба рӯ аз думравони қотилони пайвандонам ва ҳазорҳо шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ гуфта бошам: Мо, модарони ин марзу бум, дигар намегузорем, ки фарзандонамон қурбонии фитнаву гумроҳиҳои шумо гарданд”,- ҳароратангез изҳор дошт ҳамсуҳбатам.
Муаллима Дилором Маҳкамова дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияву омода намудани унвонҷӯёни ояндаи соҳаи рӯзноманигорӣ, инчунин ба ҳайси раиси Шӯрои занони маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бохтар ва бонувони пешоҳанги ҷомеа дар ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа суҳбату вохӯриҳо мегузаронад. 
- Ҳадафи ман дар зиндагӣ саҳмгузорӣ дар таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи ғояҳои ватандӯстиву сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду нумӯи Ватани азизамон мебошад, - ифтихормандона изҳор медорад Дилором Маҳкамова. 
Юсуфи СОБИР

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019