Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ФИДОИИ КАСБ
Нависандаи забардасти рус Максим Горкий барҳақ гуфтааст: “Ҳамду сано бод ба зан - модар! Ба чашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар!”
Оре, зан-модар олиҳаест, ки ба мо ҳаёт мебахшад ва беҳтарин хислатҳои инсониро дар вуҷудамон бо шири зулолу сапедаш ҷой медиҳад. Дасти дуои модар ба қалби мо қуввату мадори ҷон бахшида, домони мубаррояш нахустин мактаби тарбияи инсоният ба шумор меравад.
Хатича Сайдалиева аз зумраи бонувонест, ки беш аз 30 соли умри пурбаракати худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст. Ӯ дар деҳаи Фрунзе (ҳоло Обшорон)-и Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён, дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, баъди хатми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолияти кориашро ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ҳамин ноҳия оғоз намудааст. Тӯли зиёда аз 30 сол дар ин даргоҳи илму маърифат ба шогирдон дарс гуфт ва муддати 14 сол масъулияти роҳбарии дабистонро низ ба уҳда дошт. Дар ин давра садҳо шогирдони лаёқатмандеро тарбия намудааст, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият намуда истодаанд.
Хатича Сайдалиева аз пешаи интихобкардааш, ки ӯро миёни мардум номдору соҳибэҳтиром намуд, ба гоҳе эҳсоси пушаймонӣ накардааст. Падари равоншодаш Қурбоналӣ Сайдалиев низ солҳои зиёд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и ноҳияи Кӯшониён омӯзгори фанни математика ва ҳамчунин сарвари мактаб буд. Модари шодравонаш низ аз ҷумлаи занҳои фаъолу донишманди деҳа маҳсуб меёфт.
Фаъолияти хуби меҳнатиашро дида, сокинони чанд деҳаи Ҷамоати деҳоти “Заргар” муаллима Хатича Сайдалиеваро намояндаи худ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб карданд. Давоми фаъолияти вакилӣ бо ташаббуси ӯ чандин мушкилоти сокинони маҳал дар маҷлисҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён ба баррасӣ гузошта шуда, ҳаллу фасли худро пайдо кардаанд.
Чандин маротиба бо ифтихорномаю сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, шуъбаи маорифи ноҳия ва Ҷамоати деҳоти “Заргар” қадршиносӣ шудааст.
-Хатича-апа дар ҳама лаҳзаҳои ғаму шодии аҳли коллектив ҳамроҳи онҳо буда, бо кормандон ва корафтодагон ҳамеша муомилаи нек дорад. Ҳатто кормандони техникии муассиса ҳамеша аз хислати хуби муаллима тавсиф мекунанд. Дар лаҳзаҳои душвор ҳамеша кумаки худро аз омӯзгорону дигар кормандони муассиса дареғ намедошт, аз ин рӯ, миёни кормандон обрўву эътибори хосаро соҳиб буд, - мегӯяд Шаҳригул Сангимуродова, як тан аз ҳампешагони Хадича Сайдалиева.
Бонуи Хатича дар баробари тарбияи толибилмони МТМУ №10-и ноҳияи Кӯшониён инчунин, фарзандони худро низ дар рӯҳияи меҳандӯстию ҳисси ифтихору арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддас таълиму тарбия намудааст. Гарчанде нафаре аз фарзандонаш пешаи вайро интихоб накарда бошанд ҳам, аммо дар тиҷорат роҳи дурустро интихоб карда, ҳамеша бо маслиҳатҳои судманди модари меҳрубонашон ба муваффақиятҳо ноил мегарданд.
Айни ҳол, Хатича Сайдалиева ба нафақа баромадаву ба тарбияи наберагон машғул аст. Тавре худ иқрор дошт, ба хотири таълиму тарбияи набераҳояш, ки алъон дар шаҳри Душанбе зиндагонӣ доранд, ӯ низ як муддат ҳамроҳи онҳо дар пойтахти кишварамон истиқомат карда истодааст.
Мадинаи Фирдавсӣ яке аз шогирдони муаллима, ки хатмкардаи МТМУ № 10-и ноҳияи Кӯшониён аст, дар ҳаққи сарвари оқилу ғамхори мактабашон чунин сатрҳоро эҷод кардааст.
Сарвари ғамхори мактаб, бонуи зебои мо,
Ғамшарику ҳамдами ҳар лаҳзаи дилҳои мо.
Дӯст медоранд шогирдони мактаб беҳадаш,
Кош бошад доиму ҳар лаҳза ӯ ҳамроҳи мо.
Номи ӯ Хатичаву Қурбоналӣ номи падар,
Тарбият аз модараш дидаст дар роҳи ҳунар.
Ӯ асилзода, аз ин рӯ, меҳрубони одам аст,
Дар замини тоза рӯяд ҳар ниҳоли пурсамар.
Самараи хизмати шоиставу садоқати вафодорӣ ба пешаи омӯзгорӣ ва заҳмати чандинсолаи муаллима дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас буд, ки баъди ба нафақаи иҷтимоӣ баромаданаш ҳам шогирдону ҳамкорон аз кору пайкори созандааш ба некӣ ёдовар мешаванд. Дарвоқеъ, Хатича Сайдалиева ҳамчун омӯзгори соҳибтаҷриба бо фаъолияти пурсамараш дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас намунаи ибрати ҳамкорону дастпарваронаш ба ҳисоб меравад.
Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР