Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода: «ЗАН-МОДАР БАҲОРИ ЗИНДАГИИ БАШАР АСТ»
Бо омадани фасли зебои баҳор ду иди бофайзу пурнакҳату бобаракат, яъне Рӯзи модар ва Наврӯзи Аҷам фаро мерасад, ки на танҳо қалбҳоро мунаввар месозад, балки табиат гулафшону сабзу хуррам мегардад. Ба оғози фасли баҳор рост омадани Рӯзи модар ифодаи баракати беинтиҳои қадами пурфайзи Зан–модар аст. Ин худ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки агар баҳор эҳёгари табиат бошад, пас зан-модар офарандаи ҳаёт асту аз нишоти ў ҳаёт бардавом мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарону занон арҷ гузошта, занонро ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накукорӣ ситоиш карда, гуфтааст: “Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд” дар ҳақиқат осоишу оромии ҳар оила ба ободиву суботи ҷомеа таъсиргузор асту ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии Зан – Модар вобаста аст, зеро модари солим тавлидгар ва тарбиятгари фарзанди солиму бомаърифат аст. Таърих гувоҳ аст, ки модар бо нақши созандаи хеш дар камолоти шахсияти фарзанд саҳми беназир дорад. Солеҳтарин фарзандон онҳое ҳастанд, ки бо аъмоли нек ва писандида боиси ифтихори падару модари худ шаванд”.
Ҳеҷ омӯзгор беҳтару хубтар аз модар ба шахс дарси одамияту худшиносӣ, ватанпарастию меҳнатдӯстиро омӯзонида наметавонад. Бе ягон муболиға, ҳатто як насиҳати зиндагиомӯзи модар ба фарзанд баробар ба қурбу манзалати як шоҳасар аст.
Занони тоҷик дар баробари тарбияи баркамоли фарзанд, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи расму оинҳо, инчунин дар корзори зиндагӣ ҳампаҳлуи мардҳо истода саҳми шоистаи худро дар ободию зебоӣ ва рушду нумӯи ҷомеа мегузоранд.
Давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат, ба хотири дастгирии занон якчанд барнома ва стратегияҳои давлатӣ ба тасвиб расониданд, ки ҳар кадоми онҳо ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занону духтарон нақши муҳим доранд.
Дар сиёсати иҷтимоии давлат мавзӯи таъмини баробарҳуқуқии мардону занон яке аз масъалаҳои меҳварӣ ба шумор рафта, дар ин самт кишвари мо низ тадбирҳоеро амалӣ намуда истодааст, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ камназир мебошанд.
Тайи солзои соҳибистиқлолӣ кишвари мо ҷиҳати мавқеъ пайдо намудани занон дар сиёсат қадамҳои ҷиддӣ гузошта, дар тарбияи занони матиниродаи сиёсатмадор муваффақиятҳои назаррасро ноил гардид.
Воқеияти имрӯза нишон медиҳад, ки даҳҳо нафар занони боиродаи мо ба ҳайси аъзои Ҳукумат ва парламент, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони шаҳру ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият намуда истодаанд, ки ёдоварӣ аз кори пурмаҳсули онҳо боиси ифтихору сарбаландии ҳамаи мост.
Боиси тазаккур аст, ки 49,7 фоизи аҳолии вилоятро занон ташкил дода, намояндагии шоистаи онҳо дар мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин карда шуда, 1 нафар зан узви Маҷлиси миллӣ ва 6 нафар занон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 нафар вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят, 337 нафар вакили маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 1037 нафар вакили маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.
Аз шумораи 196 ҳазору 858 нафар занҳои коргар, 9 ҳазору 833 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд, ки дар муқоиса бо як соли пеш зиёда аз се ҳазор нафар бештар ба кори роҳбарӣ ҷалб карда шудаанд. Пӯшида нест, ки имрӯз занони роҳбар вазифаҳои хизматии худро сарбаландона ва бо дасту дили пок анҷом медиҳанд ва бисёре аз онҳо масъулияти худро аз мардҳо дида беҳтар иҷро мекунанд.
Шумораи занон дар соҳаи илм сол то сол меафзояд. Дар вилоят аз 387 нафар олимони дараҷаи илмидор 78 нафарашонро занон ташкил медиҳанд: аз ҷумла 3 нафар зан доктори илм, профессор, 75 нафар номзади илм, аз ин 28 нафар дотсент мебошанд. Мо бо бонувони муҳаққиқамон докторони илм, профессорон Муҳаббат Иззатова, Махфират Хидирзода, Табассум Тағоева, номзадҳои илм, дотсентон Шарофат Худойдодова, Арафамоҳ Даминова, Нодира Қурбонова, Рухшона Акрамова, Лутфия Расулова, Райҳонгул Ашӯрова, Сурайё Тағозода, Хатича Тағоева, Қурбоной Пирхонова, Муқаддас Рустамзода, Баҳриннисо Исоева, Дилором Маҳкамова, Зарина Шарифова, Манзура Тағойназарова, Маҳрамбӣ Акбарова, Гулбаҳор Раззоқова, Рухшона Боронова ва даҳҳо нафари дигар ифтихор мекунем.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ширкати занонро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва саҳми онҳоро дар рушди иқтисодиёти миллӣ баланд арзёбӣ карда, дар партави дастурҳои Роҳбари давлат кӯшиш мекунад, ки шароити мусоидро барои рушди бештари занони вилоятамон фароҳам оварад.
Бо мақсади дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунарҳои миллӣ дар соли 2020-ум 30 нафар занону духтарони соҳибкасби вилоят ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ сазовори Гранти Президентӣ шуданд.
Саҳми занон дар ободии Ватан ва хурраму назаррабо гардидани ҳар як гӯшаву канори диёр назаррас буда, занони вилояти Хатлон тамоми донишу неруи худро баҳри ҳифзи арзишҳои муқаддаси давлатдории миллӣ равона карда, сиёсати Пешвои муаззами миллатро дар амал татбиқ намуда истодаанд.
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон ва рушди фаъолияти соҳибкории онҳо бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 18 марти соли 2016, №64 “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020” дар ҳаҷми 250 ҳазор сомонб ба 21 нафар занон пешбинӣ гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои мазкур зиёда аз 1902 нафар бо ҷойи кор ва 2576 нафар ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ дар самтҳои гуногун фаро гирифта шуданд.
Дар маҷмӯъ, саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят назаррас буда, дар соҳаҳои маориф 27176 нафар, тандурустӣ 23619 нафар, фарҳанг 1698 нафар, соҳаи сохтмон ва меъморӣ 495 нафар, саноат 3407 нафар, почта ва алоқа 201 нафар, комуналӣ 777 нафар, бонкҳо 1176 нафар, (38 нафар роҳбар), кишоварзӣ 162034 нафар, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 11359 нафарро ташкил менамояд, ки саҳми онҳо дар пешрафти ҷомеа ва истеҳсолот назаррас аст.
Дар маҷмӯъ, 1680 нафар донишҷӯдухтарони вилоят тибқи квота дар муассисаҳои олии кишвар таҳсил намуда истодаанд.
Ёдовар бояд гардид, ки занону модарони тоҷик аз азал хушрӯзгору сариштакор буданд. Хусусан, дар давраи пандемия занони мо тавонистанд, ки баробари мардҳо дар саҳро ва ҳамаи ҷабҳаҳо аҳлона хизмати шоиста карда, ба исрофкорию зиёдаравӣ роҳ надода, дар пешгирии болоравии нархи маҳсулот саҳми арзанда гузоранд.
Барои тамоми мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ соли 2021 соли пурифтихор ва фаромӯшношуданист, зеро мардуми кишвар бузургтарин ҷашн - 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизу маҳбубамон - Тоҷикистонро истиқбол менамоянд. Итминони комил дорам, ки занону бонувони бонангу номуси вилоят бо як салиқаи баланди зебоипарастӣ ва дарки масъулиятшиносӣ дар тадбирҳои ободонию сабзкорӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф пешоҳанг буда, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва завқи бадеӣ дар ин амалҳои хайр камари ҳиммат баста, шурӯъ аз хона, кӯча, маҳалла ва шаҳру ноҳия ҳиссаи назарраси худро мегузоранд.
Тавре ки Пешвои маҳбуби миллатамон таъкид медоранд, “меҳру муҳаббати занони тоҷик аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, бо тору пуди ҷашни бузурги миллиамон - Наврӯз омезиш ёфта, ба гулҳои ҳамешабаҳори Тоҷикистон мубаддал ёфтаанд. Зеро зан ва гул ҷаҳонро зебоӣ мебахшанд”. Воқеан, тавъам омадани ин ду ҷашн - Рӯзи модар ва Наврӯзи оламафрӯз дар диёри мо худ рамзи баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон мебошад. Зеро зан-модар худ гул ва баҳори зиндагии башар аст.
Итминон дорам, ки модарону бонувони арҷманди тоҷик дар ин соли таърихӣ – 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азми дучанд суннати ободгариву покизарӯзгорӣ, тарбияи шоистаи фарзандонро идомаи нек бахшида, дар амри ободии Ватани азизамон, оромиву суботи ҷомеаи кишвар ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши пурарзиш мегузоранд.
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД