15 окт 11:34АСОСӢ / Аксҳои гӯё

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон кишвари хуршедӣ, кӯҳҳои сар ба фалаккашида, манзараҳои дилрабо ва диёри обҳои мусаффост. Табиати нотакрор ва зебои ин сарзамин кайҳост, ки диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намудааст. Муссавирон кӯшиш намуданд, ки зебогиҳои ин сарзамини биҳиштосоро бо килки се рофарашон ба таври шоиста муаррифӣ намоянд. Яке аз мавзӯъҳои ҷолиб дар офариниши асарҳои эшон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, ин манзараҳои назаррабои табиати кишвар, обҳои ҷонбахшу тоза, чашмасорону кӯлҳо ва дарёҳост, ки диёри моро чун сарчашмаҳои оби пок тоза муаррифӣ мекунанд, мебошад. 


Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» намоиши асарҳои рассомон таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид.  Зимни ифтитоҳи намоиш муовини раиси вилоят М. Хидирзода, муовини аввали директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон З. Иброҳимзода,  роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва дигар зиёиён иштирок намуданд.

Махфират Хидирзода дар баромади худ аз ҳадафи баргузории намоиш ва ҳамкориҳои судманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ёдовар гардида, ин иқдомро дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» нек арзёбӣ кард. 

Хайрулло Давлатов, рассоми шинохта ифтитоҳи намоишро як руйдоди фараҳбахши фарҳангӣ арзёбӣ намуда, гуфт, ҳар шахсе, ки таваҷҷуҳ ба зебогӣ дорад, тамошои чунин намоиш ғизои маънавӣ мегирад.

- Дар ҳар офаридаи рассомон як ҷаҳон меҳру муҳаббат ба сарзамину хоку оби Ватан таҷассум ёфтааст. Хурсандибахш аст, ки ба намоиш хазинаи тиллоии асарҳои рассомон пешниҳод гардид. Дар ин ҷо ман асарҳои устодони худ, пеш аз ҳама Г. Н. Кузмин, асари беҳтарини З. Ҳабибуллоевич, Я. Маматқулов ва дигар рассомонро дида, хеле шод шудам. Бигзор чунин намоишҳо бештар доир гарданд ва мардум аз он ғизои маънавӣ гиранд. Кишвари мо, ки дар саргаҳи обҳои софу зулол қарор дорад, дар аксарияти асарҳои рассомон ин сарвати бебаҳо бо тамоми зебогиҳояш таҷассум ёфтааст. Рисолати рассом аст, ки бо килки одиву рангҳо ҳама зебогиҳоро тасвир карда тавонад,- гуфт Х. Давлатов.

- Дар намоиш 25 адад асарҳо аз хазинаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз эҷодиёти рассомони машҳури Тоҷикистон, аз ҷумла  Х. Хушвахтов, З. Ҳабибуллоев, И. Волинский, З. Довудов, А. Ҳайдаров, Ю.

Талдигин, Р. Богдасаров, Я. Мамадқулов, Б. Одинаев ба намоиш гузошта шудааст.,- иброз дошт З. Иброҳимзода.

Гулистон Сафарзода, директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» вобаста ба ҳамкориҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо осорхонаи вилоятӣ ва табодули таҷриба гуфт, ки ин иқдом аввалин набуда, чунин намоишҳо минбаъд низ дар шаҳри Бохтар баргузор карда мешаванд. Намоиши мазкур 20 рӯз идома ёфта, ҳаводорони ин намуди санъати воло метавонад, давоми ин рӯзҳо сайри обҳои зулолу ҷонбахши Тоҷикистонро дар эҷоди асарҳои рассомон бубинанд.

Бояд зикр намуд, ки ҳар асар аз минтақаҳои гуногуни кишвар- Бадахшону Зарафшон, Рашту Хатлон, Варзобу дигар мавзеъҳои назаррабову дилрабои диёр тасвир шуда, бо зебогиҳои хоси худ фарқ мекунанд.


Л. Мирзо

              
Добавить комментарий