Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Нозиме аз Тахти сангин

Бо калиди ошиқӣ дарвозаи дил во нашуд,
Дар ҷавоби сӯзи дил ҳарфи сухан пайдо нашуд.
Шаммае овардаем, аз меҳри поки ошиқӣ,
Худ шудем аз ишқи ӯ шайдову ӯ пайдо нашуд.
Бо ҳама ранҷу сӯзи ишқу ҷабру ҷафои маъшуқ шоир сабру интизориро мояи расидан ба висоли ёр мешуморад.
Дарди мо, эй моҳрӯ, рӯзе ба охир мерасад,
Аз гули ҳуснат баҳори шеъри шоир мерасад.
Мезудоӣ номи ман аз лавҳаи хотир, вале
Шералии шукргӯ рӯзе ба хотир мерасад.
Шералӣ Шехвалӣ соли 1963 дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти “Тахти Сангин”-и ноҳияи Қубодиён чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми МТМУ №37 зодгоҳаш соли аввал ба ҳайси пионервожатий дар ин муассисаи таълимӣ фаъолият намуд. Соли 1981 фориғуттаҳсили факултаи забон ва адабиёти руси имрӯза Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ гардида, баъди итмоми донишгоҳи мазкур аз соли 1986 ба ҳайси омӯзгори МТМУ №37 ба фаъолият мепардозад.
Аз назари толибони каломи бадеъ дар шеъру ғазалҳои Шералии Шехвалӣ ҳассосияти Рӯдакию Саъдию Хоҷа Ҳофизу Бадриддин Ҳилолӣ баръало эҳсос мешавад, ки ин аз баҳрамандию меҳру дилбастагии бепоёни шоири қубодиёнӣ нисбат ба ашъори ноби нобиғаҳои адабиёти классикии форсу тоҷик ибтидо мегирад.
Ба Панҷрўд
Зи пандат хешро саршор кардам,
Ба ҳиммат килки худро ёр кардам.
Биёвардам ба ёд он Бунҷи Рӯдак,
Сафои Рӯдакӣ бедор кардам.
Танинандоз уду чангу рӯдат,
Раги дилро ба созат тор кардам.
“Шикоятҳо зи пирӣ”- ро раҳораҳ,
Бихонда сӯзи дил исрор кардам.
Зи шеъри “Бӯйи ҷӯи Мӯлиёнат”,
Ғами дурии худ изҳор кардам.
Ҳама носозии рӯзии худро
Ба назм овардаву хирвор кардам.
Кушодам чашми ҳикматгӯи дилро,
Назар бар пардаи Асрор кардам.
Ба рағми он ҳасадхорони бадраг,
Талаб аз ин фалак бисёр кардам.
Кашида мил ҳарифон бар ду чашмат,
Бароят гиряҳои зор кардам.
Гарчанде ки Шералии Шехвалӣ дар рустое дурдаст аз марказҳои фарҳангиву маҳфилҳои адабӣ зисту зиндагӣ дорад, валекин маҳсули эҷодиёташ бозгӯи он аст, ки рӯзгори шоир бо олами шеър ва ашъори шоирони форсигӯ сахт тавъам аст. Ӯ аз зумраи шоирони нозукбаёнест, ки ҳаводиси зиндагӣ, ғаму шодию нишот ва дигар розу ниёзҳои инсониро бо забони шеър моҳирона ифода карда метавонад. Дар баробари муҳиту манзараҳои дилфиреби диёр ва шароиту воқеаҳои зиндагӣ, ҳамчунин, баҳрамандӣ аз хазинаи пурғановати шоирони классики тоҷик низ сарчашмаи илҳоми шоир арзёбӣ мегардад. Ин аст, ки дар радифи машқи шеъри муосир ва ғазалу рубоӣ Шералӣ Шехвалӣ дар пайравӣ аз ғазалиёти бузургони назми форсу тоҷик, аз ҷумла Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ғазалҳои нобе навиштааст:
“Махмури ҷоми ишқам, соқӣ бидеҳ шаробе”,
Дар ишқи он париваш дилҳои мо кабобе.
Сад роҳро сипардам, дар роҳи ишқам оҷиз,
Хуршеди рӯйи дилбар, дилро барад саробе.
Оби даҳони ман рехт аз ҷилваи ҷамолаш,
Гуфтам: “Аз ин наззора, бошад маро савобе?”,
Рӯмол гирифт аз рӯй, дидам маҳи дуҳафта,
Аз пеши мо чу оҳу бигзашт бо шитобе.
Бар номаи ҷамолу қадди чу сарв боло,
Шуд қоматам суолу аммо набуд ҷавобе.
Маҳзун Шералӣ, инак аз ҳаҷри рӯйи ҷонон,
Дар сар на фикр дорад, дар дидаҳо на хобе.
* * *
«Он ки рухсори туро ранги гулу насрин дод»,
Мешавад бӯса ба он лаъли лаби ширин дод.
Рагу пайванди маро, гарчи Азозил бӯ кард,
Шукри Эзид, ки маро пайраҳаи эмин дод.
Бикунам сабр зи дидори ҷамоли маҳваш,
Ки маро дидани рухсору лабаш таскин дод.
Ҷаҳду кӯшиш бикунам, то ки биёбам бахте,
Гармии меҳру вафо кам ба мани мискин дод.
Бирасад пайки насим аз лаби рӯди ишқаш,
Шукри тақдири ҷабин, ки хати дил пурчин дод.
Ман шудам бандаи он ҳусни худододи парӣ,
Ишқу андеша ба ман зиндагии рангин дод.
Шералӣ рав ба сари кӯчаи ҷонон бинишин,
Шав чу Фарҳод, ки ҷон дар талаби Ширин дод.
То кунун ду маҷмӯаи ашъори Шералии Шехвалӣ, аз ҷумла «Туғёни дил» ва «Ваҳдати дил» интишор ва пешкаши толибони каломи бадеъ гардидааст, ки ин китобҳо як воситаи ошноӣ бо шеъри Шералӣ, олами орзуву ормонҳои романтикӣ ва афкору андешаҳои ватандӯстонаи соҳибқаламе аз диёри бостонии Тахти Сангин аст. Аммо маҳсули эҷодии шоир бо ҳамин ду китоби ба табъ расида маҳдуд нашуда, балки бештари шеъру ғазал, дубайтию рубоиҳои эҷоднамудаи ӯ дар дафтарҳои дастнависаш маҳфузанд, ки бо пайдо шудани имконияти молӣ маҷмӯаи нави ашъорашро ба чоп расонида, пешкаши мухлисони шеъри имрӯз хоҳад гардонид.
Таҳияи Юсуфи СОБИР, ноҳияи Қубодиён
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони беморхонаи Кӯлоб барқарор карда шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ
Дар Хатлон 97 км хати нахи нурӣ гузошта шуд
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН
НАЗОРАТИ ҚОНУН ВА МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ХАТЛОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАД
САМАРАИ ТАДБИРҲО ДАР РУШДИ КИТОБДОРӢ
АЗ ЯК ВАҶАБ ЗАМИН ТО ЯК АНБОР БАРАКАТ:
НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ХУРОСОН. 174 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД