Бойгонӣ

«ДАСТИ РОСТ»

                                                            (ҳаҷвия)   
(Сергей Авдеенко)
             Ҳамааш  аз он сар шуд, ки  маро, мутахассиси ҷавонро,  комсорг (Комсорг- роҳбари ташкилоти ҷавонони корхонаҳо, ташкилотҳо  ва муассисаҳо дар замони Шӯравӣ) интихоб  карданд. Фикр кардам, ки чӣ илоҷ, шуъбаи  мо хурд аст. Моҳе  як  маротиба  ҳаққи аъзогӣ  ҷамъ  кардан он қадар мушкилӣ надорад- ку? Розӣ шудам. Рӯзи дигар сардор  маро фавран ба ҳуҷраи  кориаш даъват карда гуфт:
- Хӯш, ки бошад… ту Иванов комсорги шуъба-а !  Ту акнун фаромӯш накун, «дасти рост» -и ман ба ҳисоб  меравӣ. Байни ману  ту ягон хел сирри махфӣ набояд бошад. Аз  шуъбаи  мо ба базаи сабзавот одамонро барои ёрӣ  бояд  фиристод. Ин корро ба зудӣ иҷро кардан лозим. Ҳа акнун, ташаббус нишон деҳ.
- Киҳоро барам?  - пурсидам аз  сардор, -дар шуъба аз  мардҳо танҳо худам. Боқимондаи кормандон ҳама занҳоянд. Боз чӣ тавр ман ташаббус нишон медодаам…
- Ту маро ба ҳисоб намегирӣ-а ? Ман ҳам, шукр, мард ку! – табассуми маънидорона  кард сардор.  Ин албатта, шӯхии  сардор буд.  Ман ба қадри  шӯхиҳои ӯ  мерасам. Дар шуъба як корманди ҷавон ба рухсатии таваллуд баромадааст, дуюмаш варақаи  корношоямӣ дорад, сеюмӣ  ба мазмуни зер  маълумотномаи тиббӣ гирифтааст: «аз иҷрои  тамоми корҳои ҷисмонӣ озод карда шавад»… Ҳайрон мондам. Ба фикр фурӯ  рафтам. Ҳамин ки  корро ташкил карда наметавонӣ, маҷбур ҳастӣ, ки  ба ҷойи дигарон  кор кунӣ. Ман ба базаи  сабзавот омадам.  Мудири он маро  дида:
- Дар нақшаи пешакӣ барои шуъбаи  шумо фаровардани як вагон картошка нишон дода шудааст. Бе гапу калоча ба даст панҷшохаи картошкафарориро  гирифта ба вагон часпидам…
    Баҳор омад. Хурсандии  ман ҳадду канор надошт. «Ҳоло то вақти сабзавотҷамъкунӣ  ва дигар растаниҳои полезӣ  вақт бисёр», аз дил гузаронида  будам, ки сардор таъҷилан маро  ба ҳуҷраи  кориаш даъват карда гуфт:
- Хӯш, ки  бошад, Иванов!  Ту комсорг –а?  «Дасти рост»-и ман. Байни ману ту ягон гапи махфӣ  набояд бошад. Чунин таклиф шудааст, ки одамонро  аз шуъба  барои хишовакунӣ ба хоҷагиҳо бурдан лозим аст. Ту акнун  аз уҳдаи кор мебароӣ.  Корро  аз ҷавонон сар кун. Метавонӣ маро ҳам ҳамроҳи худ бигирӣ…
   Чизу чораамро ғундошта хомӯшона роҳи хоҷагиро  пеш гирифтам. Маро  бригадир  ба як қитъаи замине бурд, ки агар рост ба он сӯяш назар афканӣ, поёнашро дида наметавонистӣ.
- Ин барои шуъбаи шумо, -фаҳмонд бригадир, - тамоми кормандони шумо бояд хишова  кунанд. Ба кор  сар кардам. Чунон босуръат пеш мерафтам , ки бригадир бо мототсикл базӯр аз ақибам расида меомад.
- Ту ҳама вақт  ҳамин тавр кор мекунӣ? – пурсид бригадир.
- Набошад чӣ, -гуфтам. Оё кам ё бесифат кор кардаам?
- Не, баръакс. Биё, мо туро ба хоҷагиамон ба ҷои трактори култиватсиякунанда ба кор қабул кунем, -шухӣ кард бригадир  ва афзуд: - Дар ҳақиқат чаққон  ва чусту чолок будаӣ…
  Тобистон фикр кардам, ки  ягон кори пурсабру  тоқат  ва бо ташаббус  баромадкунанда набояд бошад. Боз комсорг нав интихоб кунанд, ташвишҳо  аз байн  мераванд. Танҳо  баъд аз якчанд рӯз сардор маро наздаш хонда  гуфт:  
- Хуш, ки бошад  Иванов!  Ту комсорг-а ?  «Дасти рост»- и ман. Дар байни  ману ту  ҳеҷ вақт ягон  сирру асрори ниҳонӣ  набуд ва шуда ҳам наметавонист.
   Ба тарафҳои Қрим  пешакӣ  саёҳати туристӣ муайян шудааст. Бояд пешқадамони  ҷабҳаи истеҳсолот  он ҷо рафта, дам гирифта, кӯфти  корро  бароранд. Аз шуъбаи мо  як нафар як нафар рафтанаш лозим аст, ки ҳаққонӣ  сазовори  эҳтироми  коллектив бошад. Ба ту Иванов  нигариста дилам  месӯзад. Аз супоришҳои  зиёд  мондаву хаста  шудагистӣ. Бояд ту дам бигирӣ. Дар бораи номзади ба саёҳати  туристӣ  киро фиристодан ман худам нағзакак фикр  мекунам…
     Сардор аз Қрим  баргашта, зоҳиран тамоман тағйир  ёфта буд. Пӯсти дасту рӯяш офтобхӯрда,  худаш зиндадилу боқувват  менамуд. Дасти маро сахт фишурда гуфт:
- Аҳвол чӣ тавр,  Иванов? Хеле дам гирифтӣ-а ?  Қувваи нав ҷамъ кардӣ ? фаромӯш накун, ба наздикӣ  маҷлиси ҳисоботию  интихобии  ташкилоти  комсомолӣ  барпо мегардад. Умедворам,  ҷавонони шуъба  боз аз нав  номзадии  туро тарафдорӣ  мекунанд. Боз «Дасти рост» -и  ман мешавӣ, фаҳмидӣ, Иванов ?
Аз русӣ тарҷумаи Ҳ. ҲОҶӢ 


 

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019