Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОММАФАҲМОНИҲО САМАР ОВАРДАНД

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва баланд бардоштани маданияти истифодаи он миёни аҳолӣ дар саросари мамлакат корҳои оммафаҳмонӣ ҷараён дорад. Дар вилояти Хатлон низ гурӯҳҳои корӣ ташкил шуда, дар ин самт корҳои зиёдеро сомон додаанд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар соли сипаригардида ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи вилоят 2,9 миллиард киловатт/соат неруи барқ ба маблағи 679,7 миллион сомонӣ дода шуда, ҷамъоварии он мутаносибан 85,4 ва 87,6-фоизӣ таъмин гардидааст, ки нисбат ба ҷамъбасти соли 2019 дар умум 1,23 фоиз ё худ 68,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба аҳолӣ дар соли 2020 ба маблағи 295,7 миллион сомонӣ қувваи барқ дода шуда, ҷамъоварии маблағи он нисбат ба соли 2019-ум 2,31 фоиз ё худ 42,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Бо андешидани тадбирҳои судманд дар сатҳи вилоят қарзи маблағи неруи барқи истифодашуда бо назардошти солҳои пеш нисбат ба соли 2019 аз ҳисоби аҳолӣ 6372,2 ҳазор сомонӣ ва қарзи соли 2020-ум ба маблағи 12111,4 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла, дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Ҷайҳун, Қубодиён, Панҷ, Дӯстӣ, Кӯшониён, Хуросон, Носири Хусрав, Ховалинг ва Данғара кам гардид. Инчунин, қарзи дебиторӣ аз ҳисоби солҳои пеш дар шаҳру ноҳияҳои Левакант 1,6 миллион сомонӣ, Вахш – 0,5 ва Хуросон 2,7 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Вобаста ба татбиқи дастуру супоришҳои машварати кории назди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15-уми декабри соли 2020 оид ба оқилонаю сарфакорона истифодабарии неруи барқ дар сатҳи вилоят ду гурӯҳи корӣ ва дар шаҳру ноҳияҳо 175 гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд. Аз ҷониби ин гурӯҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то санаи 5-уми январи соли ҷорӣ 138 ҳазору 502 мулоқоту вохӯрӣ бо фарогирии 1 миллиону 211 ҳазору 581 нафар сокинон баргузор гардид.
Ҳамчунин, бо усули хона ба хона оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо, оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии неруи барқ, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор, гузаштан ба сӯзишвории алтернативӣ, роҳ надодан ба талафот ва зиёдшавии қарзи неруи барқи истифодашуда корҳои оммафаҳмонӣ гузаронида шуд.
Баъди дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 18-уми декабри соли 2020 то 6-уми январи соли ҷорӣ муштариёни барқ 273,6 миллион киловатт/соат неруи барқро истифода карданд, ки дар давраи ҳисоботӣ истифодабарии неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 7 миллион киловатт/соат кам гардид.
Инчунин, бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва бо ин васила баланд бардоштани маданияти истифодабарии самараноки он миёни аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо озмуни “Беҳтарин сарфакори барқ” эълон гардидааст. Озмуни мазкур дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Сардори хадамоти “Фурӯши барқ”-и шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар Аҳлиддин Шарифзода зимни суҳбат зикр кард, ки дар натиҷаи дуруст бурдани корҳои оммафаҳмонӣ миёни аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо сарфаи қувваи барқ дар як шабонарӯз аз 1 миллиону 300 ҳазор киловатт/соат ба 993 ҳазор киловатт/соат расонида шуд. Яъне зиёда аз 300 ҳазор киловатт/соат неруи барқ сарфа гардид.
– Дар якҷоягӣ аз ҷониби мутахассисони мо бо мақомотҳои дахлдор миёни аҳолӣ мунтазам корҳои оммафаҳмонӣ гузаронида шуда истодааст, ки натиҷаи хуб ба бор оварда истодааст,-гуфт Аҳлиддин Шарифзода.
Дар ҳоле, ки зимистони имсола хеле сард омад, Ҳукумати мамлакат тасмим гирифт, ба хотири хуб сипарӣ намудани сардиҳои имсола ба соҳаҳои иҷтимоӣ кумаки хешро расонад.
Аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба вилоят ба
миқдори се ҳазор тонна ангишт кумак карда шуд, ки ин тасмим ба хотири сарфаи неруи барқ ба шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят тақсим карда шуда, барои гарм нигоҳ доштани қисмати зиёди коргоҳҳо мусоидат мекунад. Ба иттилои масъулин, ба ҳар як шаҳру ноҳия мувофиқ ба маҳал аз 40 то 230 тонна ангишти хушсифат дастрас карда шудааст.
Сокини ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён Сулаймон Саидов зимни суҳбат иброз намуд, ки бо мақсади истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар фасли зимистон аҳли оилаи онҳо ва дигар сокинони деҳаашон ба истифодаи дигар воситаҳои гармидиҳӣ, аз ҷумла ҳезуму ангишт рӯй оварда, ҳамчунин ҳангоми пухтупази хӯрок аз гази моеъ истифода мебаранд. Сулаймон барои исботи суханони хеш аз ҷумла, иброз намуд, ки солҳои қаблӣ онҳо ба истифодаи ҳезуму ангишт дар фасли зимистон кам эътибор медоданд. Имсол ҳезуми хушки солҳои пешин захиракардаашон ва ҳамчунин ангишти фаровони аз нуқтаҳои зиёди фурӯши ин навъи сӯзишворӣ дастрас намудаашон имкон фароҳам овард, ки аҳли оила сардиҳои имсоларо бе ягон душворӣ паси сар намоянд.
– Бахусус ангишти хеле аълосифати аз кони ангишти мавзеи Камарови ноҳияи Рашт дастрас намудаамон барои мо ҳам арзон афтиду ҳам имкон дод, ки хонаҳо дар фасли зимистон гарму роҳатбахш бошанд, – иброз дошт дар идомаи суҳбат Сулаймон.
Ӯ мегӯяд, навъи ангишти дараи Камаров дар баробари гармии хеле баланд доштанаш, боз то ду маротиба дар печҳои гармидиҳӣ сӯзонида мешавад. Ҳамчунин, агар, барои мисол, аз ангишти дигар мавзеъҳо ду килограмм барои тафсонидани як печ истифода барем, аз ангишти дараи Камаров метавонем бо ин мақсад як килограмм истифода барем.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки сокинони шарафманди вилояти Хатлон моҳияти сарфакорона истифода бурдани неруи барқро дуруст дарк карда, кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар пешрафту гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


