Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
15 янв 15:36АСОСӢ / Ахбор / Маориф

«ТОҶИКОН» - И АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ - САРЧАШМАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ»


15-уми январи соли 2021 дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров - сарчашмаи худшиносии миллӣ» семинари илмӣ -амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази  таҳлиливу иттилоотии донишгоҳ ба «САФО» хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки конфронси мазкур бо ташаббуси кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ, доир карда шудааст.

 Ҷӯрабой Собиров, муовиниректор оид ба илм ва инноватсия  зимни оғози конфронс иброз доштааст, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки «олимони таърихнигор ва ҷомеашиноси мо ва умуман аҳли зиёи кишвар бояд дар омӯзиш ва тарғиби зиндагинома ва осори ҷовидонаи ин бузургмарди миллат саҳмгузор бошанд». Давлаталӣ Алимов мудири кафедраи таърихи умумӣ, доктори илмҳои таърих дар мавзӯи “Мухтасари зиндагиномаи академик Бобоҷон  Ғафуров” маърўза карда,  мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, номзади илмҳои таърих Казаков Рустам дар мавзӯи “Аз таърихи таълифи “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров»  баромад намуд. 

Ҳамчунин Файзидин Наботов, мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, номзади илмҳои таърих дар мавзӯи “Бобоҷон Ғафуров дар ситоиши олимону сиёсатмадорони бузург” суханронӣ кард.

Рустам Тағоймуродов, доктори илмҳои филологӣ нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро дар рушд ва нумӯи таърихшиносии миллӣ ҳалкунанда арзёбӣ намуданд. 

- Ташаккули ҷаҳонбинии таърихии Б. Ғафуровро устод Тағоймуродов марҳила ба марҳила таҳқиқ намуда, қайд кард, ки мавзӯи калидии таҳқиқоти академик Бобоҷон Ғафуровро таърихи халқи тоҷик аз замонҳои қадим то давраи муосир ташкил медиҳад. Бо фарохии мавзӯи тадқиқотӣ, масъалагузорӣ ва ҳалли он дар заминаи маводҳои нодиру дасти аввал ва тадқиқоти таърихшиносии ҷаҳонӣ Б. Ғафуров имрӯз низ дар таърихнигории тоҷик мақоми аввалиндараҷаро соҳиб мебошад.

Аламшо Пиров, номзади илмҳои фалсафа зикр кард, ки воқеан таҳқиқоти Бобоҷон Ғафуров, ба вижа «Тоҷикон», - и ӯ дар таърихшиносии миллӣ ҳамчун асарҳои бунёдии ҷамъбастӣ то имрӯз арзиши баланди илмии худро нигоҳ медоранд ва ояндаҳо нигоҳ хоҳад дошт.

(Аксҳо аз маркази  таҳлиливу иттилоотии ДДБ)

          «САФО»

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ