Бойгонӣ

МЎЙСАФЕД ВА МУСИБАТИ Ў

- Тақдир -

Танҳоӣ барои инсон марг аст. Имрўз дар ҷомеаи мо пирони солрафтаю барҷомонда ва танҳою муҳтоҷ кам нестанд. Тақдир онҳоро ба сахтиҳои зиндагӣ рў ба рў сохта, дар овони пирӣ ғаму мусибат ҳамқадамашон мебошад. Яке дар ҷанги шаҳрвандӣ писар гум кардаю дигареро ғами бефарзандӣ зуд ба пирӣ расонда. Сеюмӣ ба фарзанди нохалафаш сарборӣ шуда, ҳоло дар кўчаю бозорҳо монда. Онҳо бо ғамҳои худ танҳоянд. Барои дарёфти бурдаи нон ҷониби одамони пешорўяшономада даст дароз мекунанд.

Дар байни онҳо пирамарде зуд ба чашм мерасад. Ў бо амалҳои ғайриодии худ дар байни ҳамсолонаш фарқ карда меистад. Мўйсафед садақа наметалабад, чизе диҳанд ҳам намегирад. Мисли кўҳ хомўш аст, гўё гунги модарзод бошад. Мусибатҳояш норавшананд ва онҳоро ба касе намегўяд, дили худро намекушояд.

Асрори мўйсафедро танҳо худаш медонаду Худо…

Мўйсафедро ҳамарўза дар ҷойҳои серодам, яъне бозору маъракаҳо дидан мумкин аст. Ному насаб ва куҷоӣ буданашро касе намедонад. Мўйсафедро бештар дар байни одамон мебинем. Назди издиҳом меояд ва ҳамин ки одамон парешон мешаванд, вай ҳам якбора ғайб мезанад. Назди гурўҳи дигари одамон мешитобад. Бо ким – кадом сабабе қиёфааш доимо пуризтироб аст. Вай дуру дароз ва бодиққат ба рўи одамон менигарад, дар симои онҳо касеро меҷўяд. Шахси даркориашро наёфта, ноумедона боз самти дигареро интихоб менамояд. Самти даркориашро муайян намуда, ба назди гурўҳи начандон калони одамон, ки саргарми суҳбатанд, раҳсипор мешавад. Ў роҳравон ҳатто мижа намезанад, аз тарси он, ки ҳадафашро боз гум накунад. Барои ҳамин ҳам худро зуд – зуд худро қафо кашида, дуру дароз ба он нуқта менигарад. Сараш мисли барги дарахт меларзад ва аз пирии ў дарак медиҳад. Ба одамон наздик шуда, онҳоро як- як аз назар мегузаронад. Баъди ин ҳама зуд-зуд чашмак зада, ба тарафи дигар мегардаду назди дигарон меравад.

Мардҳои саргарми суҳбат баъди рафтани мўйсафед бо тааҷҷуб китф ба ҳам мекашанд. Ва ҳамеша мавзўи суҳбаташон дар бораи мўйсафед асту як мазмун дорад.

- Мегўянд, ки мўйсафед дар ҷанги шаҳрвандӣ писари ягонаашро гум кардааст ва ўро чанд соли охир байни одамон меҷўяд. Ҷигарбандашро хомўшона, бо нигоҳи ғамгинона меҷўяд, - мегўяд яке.

- Не, аз рўи шуниди ман ў ҳеҷ гоҳ писар надошт. Бефарзанд аст, зану хона ҳам надорад. Акнун ҷавониаш рафтаю пирӣ ба сараш омадааст. Вай бефарзандии хешро фаромўш намуда, писар меҷўяд. Аммо куҷост он писаре, ки ба дунё наомадаю дар тарбияи падар намонда, - ҳозирҷавобӣ мекунад дуюмӣ.

- Чӣ фарқ дорад, мўйсафед меҷўяд, ў мусибат дорад, - ба гап ҳамроҳ мешавад сеюмӣ.

- Агар ў писар доштаю вайро гум карда бошад, мусибат аст ва агар беписар бошад, мусибаташ боз бузургтар мебошад. Дар ин дунёи бевафою бераҳм ва сахтгир бенишон мемонад, - оҳи сарде кашида мегўяд дигаре.

- Ман фикр мекунам, ки ў аздусар писарро намеёбад, - илова мекунад марди аввала.

… Бале, мўйсафед писарашро намеёбад ва то охири умр ғам дар дилу мусибат ба дўш бардошта мегардад. Танҳо буд, имрўз ҳам танҳо аст ва фардо низ танҳо мемонад. Мутаассифона, аз ин дунё танҳои танҳо бо ормонҳои зиёд меравад. Мусибати ў бузург аст, вале онро дар қалбаш ниҳон медорад. Нисбати чунин мўйсафедон набояд бепарво буд. Аз рўи хайру эҳсон ва шафқат дасти мўйсафедони танҳою муҳтоҷро бигирем, дардҳояшонро малҳам бахшем, бо сухани нек ғами онҳоро сабук гардонем ва муттакои дасташон гардем. Зеро онҳо ба ин эҳтиёҷи зиёд доранд…

                  С. АТТОР

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019