Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПРЕЗИДЕНТИ МАҲБУБ, МУЪТАБАР ВА МАРДУМПИСАНД
Андеша

Мардуми сарбаланди Тоҷикистон, инак, панҷумин маротиба ба таври озоду демократӣ Президенти мамлакатро интихоб намуданд. Агарчи имсол ҳизбҳои сиёсӣ ва Иттифоқҳои касабаю ҷавонон 5 номзадро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кардаанд, шиносоӣ бо шахсияти номзадҳо ва барномаҳои пешазинтихоботии онҳо ба мо имкон дод, ки номзади арзанда, таҷрибадор, корозмуда ва соҳибмақомро интихоб намоем.
Мо – модарон аз аввали маъракаи интихоботӣ бидуни дудилагӣ номзади шоистаи худро доштем. Эмомалӣ Раҳмон тӯли 28 соли роҳбариаш тавонист, ки як мамлакати ҷангзадаю иқтисодаш фалаҷгаштаро ба кишвари тараққикардаю осоишта тадбир диҳад. Хотима ёфтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, бозгардонии як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ, барқарории сулҳу субот ва таъмини пешрафти иқтисодии мамлакат, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёди иншоотҳои бузург, гузоштани қадамҳои устувори Тоҷикистон ба сӯйи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат аз ҷумлаи хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тамоми мардуми Тоҷикистони маҳбуб шоҳиди бевоситаи ин дастовардҳо мебошанд.
Президенти мо имрӯз дар арсаи байналмилалӣ низ соҳиби обрӯю мақоми баланд гардидааст. Собиқ Дабири кулли Созмони Конфронси исломӣ Акмалиддин Эҳсон Оғлу саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар муттаҳидсозӣ ва якдигарфаҳмии ҷаҳони ислом бузург номида гуфтааст: «Ҷаноби Олӣ… ҳамчун табиби бомаҳорат на танҳо тамоми дардҳои миллати исломро ташхис кард, балки роҳҳои табобати онҳоро нишон дод. Барои амалисозии орзуҳои Умма ҳар кадоми мо бояд суханони самимии муҳтарам Президенти Тоҷикистонро ҳамчун дастурамал қабул намоем».
Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд низ бо арзи эҳтироми самимӣ ба Президенти мо гуфтааст: «Шумо бо сиёсати хирадмандона ва аъмоли ҷасурона дар кишвари худ сулҳу суботро барқарор намудед ва миллати хешро аз шикаст ва марг наҷот додед. Ба Шумо тақдири миллати бародари мо, ки бо таърихи қадим ва фарҳанги ғании худ машҳур аст, вогузор шудааст».
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин эътироф кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти бисёрсолаи худ дар маснади Сарвари давлат, ба эҳтироми шоистаи ҳамватанон ва аҳли башари бурунмарзӣ ноил гаштааст: «Таҳти роҳбарии Шумо мардуми Тоҷикистон дар арсаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба комёбиҳои қобили таҳсину назаррас муваффақ шуд.
Дар Россия саҳми шахсии Шуморо дар таҳкими муносиботи шарикӣ ва иттифоқчигии стратегии миёни кишварҳои мо, инчунин иштироки фаъолатонро дар талошҳои дастаҷамъӣ ҷиҳати таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ ва умуман, дар фазои авруосиёӣ, баланд арзёбӣ менамоянд».
Бахту иқбол ва саодатмандии миллат ба сарвару роҳбари он вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, чунин шахсиятҳо бо корномаҳои бузургу ҳидоятҳои дурусташон ба монанди хуршед медурахшанд ва нуру гармӣ мебахшанд. Вазифаи шаҳрвандӣ ва инсонии мо дар он аст, ки сиёсати дурусту дурандешонаи Пешвои худро дастгирӣ бикунем ва дар атрофаш сарҷамъ бошем. Ба ин хотир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилпурӣ изҳор медорад, ки ба қудрати созандаи халқи азизаш бовар ва итминони комил дорад.
Тақдир ба халқи тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон ходими барҷастаи давлатӣ ва шахсияти беназири таърихиро, ки дорои хирад, иродаи қавӣ ва истеъдоди муттаҳид намудани мардум мебошад, тақдим кардааст. Аз ин рӯ, мо – занону модарони тоҷик ӯро дӯст медорем ва аз ташаббусҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат бо дилпурӣ ҷонибдорӣ менамоем.
Ҳангомаи ИСМАТ,
Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон,
сокини шаҳри Бохтар

Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06ТАРБИЯИ МАЪНАВӢ – ВАСИЛАИ МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ 14:00К И Т О Б Д О Р 13:56ХАТЛОН. ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ЯК МАТОВУ САД РАНГ» 13:50РИШТАИ МЕҲР 13:44УСТОДЕ, КИ АЗ ХУД МАКТАБ ГУЗОШТ 14:16САРГУЗАШТИ ИБРАТОМӮЗИ ХАБИСА ХОЛОВА 13:39ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН: БАРРАСИИ КАМБУДИҲО ВА СУПОРИШҲОИ ҚАТЪӢ 13:34
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
КӮШОНИЁН. 369 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАШТАНД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
ШАБАФРӮЗ: БОНУЕ ДАР МАСИРИ ЭҶОД
ЗАН ДАР МАЪБАДИ КИТОБ