ДАСТОВАРД ВА САРВАТИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ
Тоҷикон дар арзу тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ борҳо ба санҷишу имтиҳоноти сангини гӯшношунид мувоҷеҳ гардидаанд. Тоҷикон дар Осиёи Миёна ягона халқеанд, ки ба душманони аҷнабӣ муқовимати сахту сангин нишон медоданд, ягона миллатеанд, ки ҳатто дар сурати шикаст хӯрдану мутеи адӯ шудан ҳам назди истилогарон ҳаргиз сар фуруд наовардаанд, балки бо ақлу дониш, бо хиради хеш истилогарон, дадду дарандаҳо, онҳоеро, ки хоки моро тасарруф мекарданд, ноаён ба бардагони маънавии худ табдил медоданд.
Барои душманони мо шикастани қомати тоҷик, сари зону нишонидани ӯ ҳеҷ гоҳ муяссар нагардида буд, ҳеҷ вақт муяссар нахоҳад шуд. Ин Фрадаи мо буд, ки зидди зулму заҷри форсҳо исён бардошт, ваҳшиёна кушта шуд, аммо ба душман сар фуруд наовард. Шераки далер буд, ки бо баҳои ҷон хатари ба сари мардумаш омадаро рафъ кард. Деваштичи диловар буд, ки муддати дароз бо душман - истилогарони араб мубориза бурд, оқибат бо фиребу дасисаи аъроб кушта шуд, аммо пеши душман наҳаросид, бардагиро ба дӯш нагирифт. Ин Темурмалики шуҷоъ буд, ки чун урдуи нимваҳшии муғулон пои нопоки худро ба хоки Мовароуннаҳр гузоштанд, бар мубориза алайҳи ин ваҳшиён қиём кард ва солиёни зиёд муғулро маҳв мекарду душманро нобуд.
Оре, мардуми тоҷик мусибатҳои зиёдеро паси сар кардааст. Аммо, алорағми тамоми кӯшишҳои душманон аз байн нарафт, гумному бенишон нашуд. Як аз муаррихон ва мусташриқони маъруфи ғарб А. Ф. Миддендорф навишта, ки тоҷикон дар сайёраи мо ягона миллатеанд, ки бо вуҷуди душманиҳою фишоровариҳои зиёд бо як матонату истодагарӣ барои нигоҳ доштани мавҷудияти хеш, барои роҳ кушодан ба худ мубориза бурдаанд. Аз рӯи сохти худ, ба қавли Миддендорф, сари тоҷик тимсоли наҷобат ва ақли расо аст.
Вақте урдуи муғулони додсифат вориди Вароруд шуданд, онҳо бо тоҷикон рӯ ба рӯ гардиданд. Ҷойе хонда будам, ки чингизиёни дур аз тамаддун дар Осиёи Миёна панҷ миллион, дар Хуросон ҳафт миллион тоҷиконро сар заданд. Ҳазорон ҳазор шаҳру деҳоти мо беодам монданд, ки баъд ба ин шаҳру деҳот қабилаю ақвоми гуногуни бегона маскун шуданд.
Муғулон бузургтарин китобхонаи шарқ – китобхонаи Бухороро нест карданд. Устод Садриддин Айнӣ навиштаанд, ки худи Чингизхон вориди китобхона шуд, бар курсӣ нишаст ва амр дод, ки китобҳоро аз сандуқҳо
берун оваранд ва назди аспҳо бирезанд ва аспони онҳо китобҳоро мисли алаф мехӯрданд.
Албатта, қавме, ки хабар надошт китоб чисту навиштани китоб чист, аз куҷо метавонист ба қадри китоб бирасад?
Баъди зарбае, ки муғулон ба тоҷикон заданд, кам миллате метавонист эҳё бишавад, боз гирди ҳам ояд ва нақши тамаддунофарии худро идома бидиҳад. Ва аммо Тоҷик миллати назаркарда аст. Тоҷик боз зинда шуд, бо душворӣ, дандон болои дандон мавҷудияти худро давом дод, бо як саховатмандии бузургу бесобиқа боқимондаҳои ҳамон муғулонро соҳиби илму фарҳанг, адабиёт, ҳунар ва тамаддун намуд.
Пас аз суқути давлати Сомониён (соли 999 милодӣ) тоҷикон ҳамеша дар орзую армони давлати соҳибистиқлоли хеш буданд. Ниҳоят ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта ормони миллати мо ҷомаи амал пӯшид ва мо истиқлолияти давлатӣ ба даст овардем. Вале бо омадани истиқлолият ба сари миллат рӯзҳои сахт низ фурӯ рехтанд. Як гурӯҳи ночизу оҷиз, ки ташнаи ғасби ҳокимият буданд, як даста бесаводоне, ки орзу доштанд меҳани моро исломӣ бикунанд, ғофил аз он ки миллат, назар ва фаҳмиши ӯ дигар шудааст, ғафлату ҷаҳолати асримиёнагиро дур афкандааст, сару садо баланд карданд, харҷу марҷ ба миён оварданд ва вазъро то ба ҷанги дохилӣ расониданд.
«Ин ҷанги бемаънӣ,- навиштаанд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон,- ғайр аз оворагию сарсонӣ, ғайр аз адовату хонавайронӣ, ғайр аз талафоти ҷони ҷавонон ба мо чизе надод. Роҳҳои обод вайрон гардиданд, кӯпрукҳо таркиданд, хонаҳо сӯхтанд, амволи корхонаҳо ба ғорат рафт, даҳшати гуруснагӣ дар ҷумҳурӣ доман афрохт. Ҳазорҳо оилаҳо бесаробон монданд ва шумораи ятимону тифлони бепарастор боз шаст ҳазор нафар афзуд».
Ҷанги гражданӣ, афзудаанд. Эмомалӣ Раҳмон,- моро ба вартаи даҳшатбори буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ тела дода, хатари аз байн рафтани давлату миллати тоҷикро пеш овард.
Ана дар чунин як айёми сангин ва махуф Эмомалӣ Раҳмон, марди бузургу хирадманд бори гарони роҳбарӣ ба миллатеро, ки дар остонаи пошхӯрию парокандашавӣ қарор дошт, ба дӯш гирифт. Баъди талошҳои зиёд, бар ивази ҷонфидоию худфарсоӣ, бо заҳматҳои гӯшношунид тавонист ба хоки тоҷикон сулҳу оромӣ оварад, миллатро бо ҳам оштӣ бидиҳад ва ба зеҳну дарки мардум бирасонад, ки роҳи пешгирифтаи миллат метавонад чи оқибатҳои даҳшатворе ба бор оварад.
Ҳарфе, ки аз умқи дил, аз мағзи ҷон берун меояд, ба гӯш мерасад. Суханони Пешво ба гӯши миллат расид. Ақли миллатро ба таҳрик овард, виҷдони онро бедор кард. Ва миллат дар ин авохир аввалин бор буд, ки бедор шуд, ба худ омад ва идрок кард, ки по ба чи вартае ниҳодааст.
Бино бар ин таҳти роҳбарии Сарвари давлат ҳар тоҷики ватандӯст, бофарҳанг, ҳар шахсияте, ки ба ояндаи Ватан ва миллати худ бетафовут набуд, бар мебориза баҳри барқарор намудани сулҳу оромӣ бархост, ақли солим бар ҷаҳл ғолиб омад ва ба кишвари тоҷик сулҳ, ваҳдат, оромию тинҷи мустақар гардид.
Баъди фаро расидани сулҳу оромӣ барои миллати мо давраи нави рушду пешрафт, корҳои ободонию созандагӣ фаро расид. Мо имкон пайдо кардем, ки ҷашнҳои Истиқлолияти давлатӣ, Наврӯзи бостонӣ, Рӯзи ваҳдати миллӣ – ҷашнҳои умумихалқии хешро таҷлил намоем, таърих ва номи шахсиятҳои бузурги таърихии худро зинда гардонем, ба шарофати Истиқлолият, сулҳу ваҳдат, ба туфайли сиёсати дурандешонаи Пешвои азиз иқтисодиёти мамлакат рӯ ба болоравӣ овард, роҳҳо обод ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ мешаванд, корхонаҳои нави саноатӣ ва воҳидхои дигари таъиноти гуногун бунёд мегарданд, кишоварзӣ эҳё мешавад, маориф, тандурустӣ, фарҳанг бо суръати бесобиқа рушд менамояд, сол ба сол зиндагии мардум беҳ мегардад. Имрӯз Ватани азизи мо соҳиби рукнҳои давлатдории мустақил – Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ мебошад. Тоҷикистони соҳибихтиёри мо ба узвияти СММ, созмони амнияти ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ ва чандин созмонҳои бонуфузи дигар пазируфта шудааст.
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоса ва арзанда дорад, Пешвои муаззами мо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ проблема ва мавзӯъҳоеро матраҳ менамоянд, ки ба нафъи тамоми сокинони сайёраанд.
Бо шарофати Роҳбари давлат обрӯю нуфузи Тоҷикистону тоҷикон бемайлон боло меравад.
Мо бояд ба қадри ин рӯзгор бирасем, аз доштани чунин пешво ва роҳбари ғамхору дурандеш шукргузор бошем, дар атрофи Пешвои худ зичтар муттаҳид гардем ва зери сарварии роҳбари хирадманди хеш ба сӯйи ояндаи дурахшони худ бо қадамҳои устувору муътамад пеш биравем. Танҳо дар ҳамин сурат метавонем Истиқлолияти худро ҳифз ва дастовардҳои онро фузунтар намоем.
«САФО»