26 июн 11:21АСОСӢ / Ахбор / Иҷтимоъ

МОДАРҶОН КАЙ МЕОЕД?


- Ин суолест, ки ҳамарӯза фарзандон ба ман медиҳанду пазмони барвақт омаданҳояманд. Банда чун дигар кормандони соҳаи тандурустӣ реҷаи муайяни корӣ доштему фаъолият ва кори рӯзгорро чун зан -модар аз субҳ тибқи нақша амалӣ менамудам. Вале имрӯз, ки вазъияти чаҳонро паҳншавии вируси COVID- 19 ноором сохтаву ба ташвиш гузоштааст, мо -  кормандони Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии (МНДСЭ) шаҳри Бохтар дар ин лаҳзаҳои ҳассос бепарво буда наметавонем,- сухан оғоз кард Гулбаҳор Субҳонова.

Дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро, доман паҳн намудани бемории сироятии коронавирус ба мушкилоти ҷиддӣ ва таҳлука рӯ ба рӯ гардонидааст, дар баробари табибони ҳозиқу кордон, ҳамшираҳои тиб, сироятшиносон, духтурони эҳёгар, кормандони маркази номбурда низ дар безараргардонии кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Бохтар баҳри солимии аҳолии шаҳр ва пешгирӣ аз ин беморӣ корҳои безараргардониро вусъат дода, баҳри солимии омма талош меварзанд.

Дар МНДСЭ-и шаҳри Бохтар феълан 30 нафар баҳри безараргардонии хиёбону кӯчаҳо, ба қавли мардум «дорузанҳо» фаъолият менамоянд, ки миёни онҳо 4 нафар занону модаронанд. Эшон модаронеанд, ки дар баробари рисолати зан -модар будан, боз баробари мардон дар пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар иҷрои вазифаи хеш сермасъуланд ва баҳри сиҳатии омма талош меварзанд. Барои табибон, мутахассисони соҳаи тиб, ҳамшираҳо, фаррошон, ки бештари онҳоро занону модарон ташкил медиҳанд, дар баробари оила сиҳатии ҷомеа дар мадди аввал истода, баҳри солимии аҳолӣ бо марг рӯ ба рӯ гашта, баҳри ҳифзи саломатии онҳо саъй мекунанд.  Ҳамарӯза аз субҳи барвақт то поси шаб баҳри безаргардонии кӯчаю маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо, дорухонаҳо, марказҳои савдо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҳамарӯза корҳои безраргардониро оид ба пешгирии паҳншавии ин вируси ҳамагир заҳмат мекашанд.

- Дар ин вазъияти басо мураккаб феълан шавҳарам дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, тарбияву нигоҳубини фарзандон ба зиммаи худи ман аст. Аз субҳи барвақт ба кор рафта, гоҳе то дергоҳ машғули корем. Ҳис мекунам, ки фарзандонам имрӯз он меҳру муҳаббат, якҷо хӯрдану хуфтан бо модарро пазмон шудаанд ва ниёз ба диққату навозиши модар доранд. Лек, имрӯз замоне фаро расидааст, ки ҳифзи солимии ҷомеа, пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус моро водор месозад, ки бетараф набошем, - мегӯяд Гулбаҳор Субҳонова.

Бо дидани манзарае, ки модар дар китфони хеш, ки бе ин ҳам бори гарони қисмат бар дӯши ӯст, бардоштани асбоби дорупошӣ, ки вазни зиёд дорад мисрае шеърӣ ба ёд меояд;

Сано бодо ба занҳое, ки марданд,

Баёзи зиндагиро байти фарданд.

Дар воқеъ, имрӯз модарон бори дигар исбот намудаанд, ки бо сабурӣ, заҳматпешагӣ, ғамхори мардум ва тавоно буданашон ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар мушкилоту вазнинӣ дар паҳлӯи мардонанд.

Ин аст, ки бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмати шабонарӯзии кормандони тиб қадр карда шуда, музди маоши онҳо давоми се моҳ баланд бардошта шуд. Таъмини кормандони соҳаи тандурустӣ бо маҳсулотҳои тиббӣ ва маводҳои ғизоӣ низ аз ғамхориҳои навбатии Пешвои миллат маҳсуб меёбад.

- Шукрона мекунам ва миннатдор аз онам, ки дар лаҳзаҳои душвор мо ҳамеша аз пуштибонии Пешвои миллатамон бархурдор буда, аз ғамхориҳои ҳамешагиаш дилгармем. Махсусан чанде пеш кумакҳое, ки аз маводҳои ниёзи аввал иборат буданду ба мо, кормандони соҳаи тиб, ирсол шуда буд, дар рӯзгори мо сабукиҳо овард,- бо хушнудӣ мегӯяд Гулбаҳор.

Мо, аҳли эҷод, низ дар навбати худ ба ин фариштагони хилати сафедпӯш, ки шабонарӯз барои аз марг наҷот додани аҳолӣ мардонавор заҳмат мекашанд, аҳсан мегӯем.

                                                                               Махфират ШОИМОВА




Добавить комментарий