ЧОРБОҒ - МАЙДОНИ ДИЛОВАРӢ


Моҳи майи соли равон, аниқтараш рӯзҳои 14-16 май дар натиҷаи сел ва ярч дар деҳаҳои Анҷумани 18-ум ва ба номи Неъматулло Асадуллои ҷамоати деҳоти Айни ноҳияи Хуросон 25 хона пурра, ба 14 манзили дигар қисман зиён расид. Офат офат аст, дар як лаҳза макони ободон ба вайрона табдил гашт. Мақомоти масъули давлатӣ аз нахустин рӯзҳо ба кумаки зарардидагон омаданд. Ба оилаҳои зарардида барои бунёди хонаҳои нав аз мавзеи Чорбоғи ноҳияи Хуросон ба масоҳати 8 садякї қитъаҳои замин ҷудо карда шуд.


НАБЗИ ШАҲРАКИ ХАЙМАҲО

Субҳи барвақт ману ҳампешаам озими Чорбоғ гаштем. Мехостем дар салқинии пагоҳӣ корамонро шуруъ кунем. Дар чанд лаҳза ба Чорбоғ- шаҳраки хаймаҳо расидем. Гарчанде ақрабаки соат 6.00 –ро нишон медод, аммо офтоб аз паси кӯҳҳо аллакай хеле баланд шуда буд. Дар маҳаллаи навбунёд кор ба қавле ҷӯш мезад. Техникаҳои боркашу экскаватор бомаром кор мекарданд. Ҳама андармони хонасозӣ буданд. Мошинҳо бо навбат ба ин мавзеъ одамонро меоварданд. Гурӯҳ-гурӯҳ одамон ба хаймаҳо тақсим шуда, ба кор шуруъ мекарданд. Мо аз роҳи байни хаймаҳо гузашта то охири хаймаҳои зарардидагони офати табиӣ гашту гузор намудем, то бо чашми сар ҳамаро бубинем. Ин мавзеъ корзори диловаронро ба хотир меовард. Касе дар ин ҷо бекор набуд, яке хишт, санг, дигаре об мекашонд. Сохтмони таҳкурсии ҳамаи хонаҳо анҷом ёфта, сохтмони девори аксарияти хонаҳо дар арафаи анҷомёбист. Ба кумаки зарардидагон хешу ақрабо, дӯстон ва дигар кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва вилоят омада, бо дилу ҷон ёрмандӣ мекарданд.

НОНИ ГАРМИ МОДАРОН

Вақти гаштугузор байни хаймаҳо гурӯҳи занонро бо сарварии Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрдем, ки ба бошандагони ин ҷо нону кулча, чапотиҳои гарм ва ниқобу маҳлулҳои антисептикӣ тақдим мекарданд.

-Модарро силаи раҳм гуфтаанд, барҳақ дуруст аст. Модарони мо ба қадри тинҷию амонӣ мерасанд ва ҳамеша тарафдори иттиҳоду сарҷамъиянд. Онҳо дар ин лаҳзаҳои барои мардуми зарардидаи деҳаҳои ноҳияи Хуросон вазнин худро дар канор гирифта натавонистанд. Бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру навоҳии вилоят ба аёдати зарардидагон меоянд.

БАНӢ ОДАМ АЪЗОИ ЯК ПАЙКАРАНД

Дар назди яке аз хаймаҳо таваққуф намудем, ки ҳама саргарми кор буданд. Бо марде, ки ҳашарчиёнро роҳбаладӣ мекард, ҳамсуҳбат гардидем. Ӯ Ойматов Қамариддин, омӯзгори мтму № 16-и ноҳия Хуросон аст, ки ҳамроҳи дигар ҳамкасбонаш ба кумаку ёрии зарардидагон омадааст.

-Дар ин рӯзҳо дар бари зарардидагон будан, дастгирии онҳо, бо сухане эшонро рӯҳбаланд кардан, ғамшарики онҳо будан кори савобу инсондӯстона аст,- мегӯяд ӯ.

Имрӯз ин омӯзгори асил ва садҳо омӯзгорону дигар фаъолон ҷойи худро канори мардуми осебдида медонанд. Барои онҳо дар ин гармои рӯз дар канори ин мардум заҳмат кашидан мояи сарфарозиву ифтихор аст.

МО ТАНҲО НЕСТЕМ

Оймгул Пирова, сокини деҳаи Анҷумани XVIII-и ҳизб-и ноҳияи Хуросон қисса мекунад, ки ҳангоми омадани сел аз хона баромада рафтанд. Субҳи дигар шавҳараш ба деҳа баргашта, ба ӯ занг зад, ки саргардон шуда наояд, ки дигар хона надоранд. 

-Бовар накарда омадам, дидам, ки хонаамон таги лой мондааст. Аз хона ягон чизи рӯзгорро бароварда натавонистем,- мегӯяду гиря гӯлӯгираш мекунад.

Тавре Пиров Маҳмараҳим-шавҳари Ойимгул нақл мекунад, онҳо ба наздикӣ манзили навро иборат аз шаш хона ба анҷом расонида буданд ва ба тӯйи писарашон омодагӣ мегирифтанд. Хонаи уву ҳамсояашонро лойиқа зер кард. Вай ба капае, ки ҳоло дар он зиндагӣ мекунад, ишора карда мегӯяд, ки аз хонаи наваш танҳо чанд пора фанерро гирифта тавонистааст.

Албатта, гарон аст, рӯзгору хонаву дари тӯли чандин даҳсола бунёд намударо аз даст додан. Аммо имрӯз ӯву дигар зарардидаҳо ҳис мекунанд, ки онҳо танҳо нестанд. Дастгириву кумаки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хоса Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва тамоми мардумро ҳар лаҳза эҳсос мекунанд ва ин ба онҳо неруву тавон мебахшад. Эшонро ба зиндагӣ дубора рӯҳбаланд мегардонад. Ӯву дигар ҳамсояҳозанҳо гирди мо ҷамъ омада, аз таваҷҷуҳу дастгирии Ҳукумату Пешвои миллат, раиси вилояти Хатлон, роҳбарияти ноҳияи Хуросон ва дигар шахсони саховатпешаву ҳиматбаланд изҳори сипосу минатдорӣ мекарданд.

Саодат Мирзоёрова, бошандаи дигари ин маҳаллаи навбунёд аст, ки аз мо ҳоҳиш намуд, ки арзи сипосашро ба Пешвои миллат, роҳбарияти вилояти Хатлон ва тамоми тоҷикистониён расонем.

- Хурсандиямро ҳадду канор нест, зеро ки соҳиби манзили нав мешавам. Хонаи пештараам чандон шароити хуб надошт,- мегӯяд Саодат. Чӣ мушкил дошта метавонем, мегӯяд ӯ. Масолеҳи сохтмонӣ, орду равған, либос доданд, хӯроки гарм ҳаст. Ман аз тинҷии замона шукрона мекунам. Замони ҷангҳои солҳои 90-ум ҳамагӣ 7-8 сола будам. Аммо он рӯзҳои даҳшатнок аз хотирам намераванд. Падарам моро дар чоҳи об пинҳон мекард, то дар амн бошем. Рӯзҳое буданд, ки тамоми рӯз дар торикӣ менишастем. Гарчанде хурд будам, тарсу ваҳм ва ранҷи он рӯзҳои наҳс дар хотирам нақш бастаанд,-идома медиҳад вай.

Ҳине, ки мо бо Саодат суҳбат доштем, духтараке давида пешамон омаду хоҳиш кард, ки ба шеъри аз бар намудааш гӯш бидиҳем. – Ин духтари ман- Нозия аст, гуфт ҳамсуҳбати мо Саодат. Нозия мисле, ки дар назди ҳакамон баромад мекарда бошад, ба қироати шеъре дар васфи Пешвои миллат шуруъ кард:

Эй роҳбари кордони мо,

Пешвои тоҷикони мо

Меҳрат буват дар ҷони мо,

Эмомалӣ Раҳмони мо.

Бар миллати худ роҳбар,

Бар наврасон ҳамчу падар.

Солдидаҳоро чун писар,

Пушту паноҳ ҷону ҷигар.

Арзанда фарзанди диёр,

Бономусу бонангу ор.

Бо қалби аз меҳр саршор,

Бо номат дорем ифтихор.

Пешвои тоҷикони мо,

Эмомалӣ Раҳмони мо.

ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

Дар канори роҳи шаҳраки хаймаҳо барои бошандагони ин мавзеи навбунёд нуқтаи тиббӣ ва дастаи махсуси наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар хизмати мардум қарор дорад.

Гадоев Ҷамолиддин, прапоршик ҳамчун дастурдиҳандаи тиб дар байни мардум кор мебарад. Тавре ӯ иброз медорад, духтурон дар ҳама ҳолатҳо заруранд. Вай ва ду нафар ҳамкасбонаш бо навбат дар ин мавзеи навбунёд навбатдорӣ мекунанд. Дар шароити паҳншавии бемории вируси нав онҳо дар байни мардум ва ҳашарчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Тозагӣ ва риояи қоидаҳои санитариро назорат мекунанд ва ба ниёзмандон ёрии аввалияи тиббӣ мерасонанд. Барои паҳн нагаштани ин бемории ҳамгир талош мекунанд. –

Як рӯзи мо дар шаҳраки хаймаҳо сипарӣ гардид, то бо набзи корҳои сохтмонӣ ва зисту зиндагонии бошандагони он шиносоӣ пайдо намоем. Аз дидаву шунидаҳо хулоса кардан мумкин аст, ки барои зарардидагони офат давраи оғози зиндагии нав шуруъ гардидааст. Онҳо аз ин гардиши рӯзгор навмед нестанду хурду бузург ҳар дам ғамхориҳои ҳукуматро эҳсос менамоянд. Нозияи хурдсол мисоли равшани гуфтаҳои болост, ки нишони сипосу миннатдорӣ шеър аз бар менамояд.

Бунёди манзили эшон таҳти назорати ҷиддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо роҳбарии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода пайваста аз ҳолу авҳоли бошандагони ин мавзеи навбунёд хабар мегиранд. Барои сокинон ва ҳашарчиён ҳамарӯза ду маротиба хӯроки гарм дода мешавад. Таваҷҷуҳу ғамхорӣ аз ҷониби ҷомеае ба ин мавзеъ ва сокинонаш ҳар лаҳза эҳсос мегардад. Умуман, тоҷик аз азал рисолати ободгарӣ ва ваҳдатгароӣ дошту дорад. Инчунин ҳодисаҳо дар солҳои қаблӣ низ рух дода буданд. Ҳамаи мушкилот бо ҳидояту роҳнамоии хирадмандонаи Сарвари давлат оҷилан бартараф карда шуда буданд. Ин навбат ҳам хонаҳои онҳо то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ қомат меафрозанд ва ин оғози субҳи босафову босаодати зиндагии сокинон дар маҳаллаи нав мегардад. Маънии сарҷамъиву иттиҳод ҳамин аст - ободиву осудагӣ!

                                              «САФО»

Добавить комментарий