Бойгонӣ

РУШДИ ЁВОН САМАРАИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛ АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Шаҳритузу Қубодиён, ки 4-уми августи соли 2017 сурат гирифта буд, иброз намуданд, ки «Аз оғози давраи соҳибистиқлолӣ Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таъмин намудани рушди босуботи ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакатро самти асосии фаъолияти худ эълон кардааст». 

Ноҳияи Ёвон низ аз ин ҷумла истисно набуда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз бо ғамхорию ташаббусу неку шоистаи Пешвои муаззами миллат ба яке аз минтақаҳои воқеан рушдкардаи Тоҷикистони азиз табдил ёфтааст.

Бахусус рушду тараққиёт ва пешравиҳои соҳаи саноат имкон доданд, ки ин ноҳия дар байни шаҳру ноҳияҳои вилоят яке аз аввалинҳо шуда, худкифо гардад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, бахусус чанд соли охир бунёд ёфтани якчанд корхонаҳои калони соҳаи саноат, бахусус корхонаҳои истеҳсоли семент исботи ин гуфтаҳоянд. Вале агар мо танҳо дар бораи сатҳи рушди саноат ин ҷо сухан гӯем, гумон мекунам аз рӯи адолат нахоҳад буд. Зеро баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сохтмони иншооти таъиноти гуногуни хоҷагии халқ дар ноҳияи Ёвон вусъати тоза гирифта, садҳо адад биноҳо, корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ, аз қабили гармхонаҳо, фермаҳои ширию молӣ ва гӯштӣ, фабрикаю корхонаҳои саноатӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ, маданӣ, тарабхонаҳо, марказҳои хизматрасонию фароғатӣ, роҳи оҳан ба таври замонавию симои миллӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хусусан шаҳраки Ёвон, қомат афрохта, симои маъмурии ин куҳандиёрро ба таври куллӣ беҳтару зебо гардониданд. Аз ҳама муҳимаш ҷойҳои зиёди кории бунёдгардида имкон доданд, ҳазорон нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гарданд.

Агар гӯем, ки соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳияи Ёвон-саноату кишоварзӣ имрӯз дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ аз ҷумлаи соҳаи хеле пешрафтаанд, хатое нахоҳем кард. Барномаи аз ҷумҳурии аграрӣ ба мамлакати саноатию аграрӣ табдил ёфтани ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, ки бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст, имрӯзҳо дар ноҳияи Ёвон татбиқи амалии худро пайдо намудааст.  Натиҷаи ҳамин буд, ки ибтидо аз моҳи декабри соли 2015 ноҳияи Ёвон ба ноҳияи содиркунандаи маҳсулоти саноатӣ табдил ёфтааст. Соли 2019 аз корхонаҳои саноатии ноҳия ба миқдори беш аз 4,5 миллион тонна семент, 399 ҳазору 280 дона гачкартону варақаҳои гачӣ, 617 тонна риштаи пахтагин, 2 миллиону 255 ҳазор ҷуфт ҷӯроб, 38,2 тонна риштаҳои рангкардашуда ва 2 ҳазору 620 тонна алюминии фтордор ба маблағи умумии 382 миллиону 273 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар содир гардидааст.


Дар соли 2019 ба маблағи 1 миллиарду 543 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нисбатан 197 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Фаъолияти пурмасъули чанде аз корхонаҳои пуриқтидори саноатӣ омили асосии рушд ва чунин нишондодҳои хуби истеҳсолӣ гардидааст, ки корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр семент», «Ҷунгстай Моҳир семент», «Ғаюр», «Хима Текстил», «Ваҳдат», «Хуагин Ғаюр Индустриал» ва чанде дигарон аз ин ҷумлаанд. Ин корхонаҳо новобаста аз рақобатҳо ва таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ фаъолияти пурсамарро таъмин намуда, ҳаҷми истеҳсолии маҳсулотро зиёд кардаанд.

Корхонаи «Ваҳдат»- корхонаи истеҳсоли ҷӯроб ва сару либоси мактабӣ, ки бо иқдоми бевоситаи соҳибкори ватанӣ Илҳом Мирзоев рӯи кор омадааст, исбот намуд, ки дар натиҷаи тарҳрезии нақшаҳои оқилонаю дурандешона метавон корхонаҳои фоидаовари соҳаи саноати сабукро низ дар ҷумҳурӣ таъсис доду ба натиҷаҳои назаррас соҳиб гардид. Илҳом аз ҷумлаи соҳибкорони ҷавону муваффақест, ки фаъолияти соҳибкории худро дар ҳудуди Федератсияи Россия аз фурӯши чатрҳо оғоз намудааст. Чун ӯ ватани худ-Тоҷикистонро хеле зиёд дӯст медораду эҳтироми миллаташро ба ҷо меорад, бо маблағи дар хориҷи мамлакат ба даст оварда, дар диёраш корхонаи саноатӣ бунёд намуд. Корхонаи ӯ на танҳо дар сатҳи вилоят, балки дар сатҳи ҷумҳурӣ низ яке аз корхонаҳои муваффақтарин асту он ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла Россияву Қазоқистон маҳсулоти худро содирот менамояд.

Чун маҳсулоти босифати тибқи талаботи бозори ҷаҳонӣ истеҳсол мешавад, он дар хориҷи кишвар хеле хуб ба фурӯш меравад. Боиси хушбахтист, ки ин иқдому ташаббуси Илҳому ӯ барин соҳибкорон дар байни дигар соҳибкорони ноҳия дастгирӣ ёфта истодааст. Имрӯзу оянда ба нақша гирифтану бунёд ёфтани якчанд иншооти замонавии саноатӣ исботи ин гуфтаҳо хоҳанд шуд. 

Соҳибкорони дигари ин ноҳия Баҳриддин Ҷурахонов ва Акбар Ғуломов - роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли семент бошанд, дар  қатори дастовардҳои истеҳсолӣ бо ташабусҳои наҷибонаи худ пайваста дар пешрафту ободонии ноҳия ҳиссаи арзанда мегузоранд. 

Дар қатори даҳҳо корхонаю коргоҳҳои навбунёд, дар заминаи корхонаи «Ҷунгстай Моҳир семент» корхонаи истеҳсоли халтаҳо барои семент бо иқтидори истеҳсолии 40 миллион дона халта дар як сол мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Бунёди чунин корхона мушкилоти нарасидани халтаҳоро на танҳо барои корхонаи «Ҷунгстай Моҳир семент», балки барои дигар корхонаҳои аз байн бурд. Зеро то ин вақт чунин халтаҳо аз хориҷ ворид карда мешуданд.

Тавре болотар қайд намудем, Ёвон ноҳияест, ки баробари саноат дигар соҳаҳо, аз ҷумла кишоварзӣ низ сол то сол рушд меёбад. Баробари растанипарварӣ, чорводорию паррандапарварӣ низ дар ноҳия тараққӣ карда истодааст. Гармхонаҳои дар ин ҷо бунёдёфта дар сатҳи ҷумҳурӣ аз ҷумлаи гармхонаҳои калону сердаромад ҳисоб меёбанд. Дар давраи камчинии сабзавот, яъне фасли зимистон, деҳқонони чашмикордони ёвонӣ бозорҳои ҷумҳуриро бо сабзавот аз ҷумла бодирингу помидору караму қаланфури булғорӣ ва ғайра таъмин мекунанд.

Ба шарафи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҷурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва заҳмати сохтмочиён бунёди 341 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шудааст. То соли 2019-ум 189 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Маркази дилхушии кӯдкону наврасон, дар ҷамоати шаҳраки Ёвон, муассисаи таълимӣ, пули мошингузар ва сартарошхона дар деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов, дар деҳоти Норин - маркази хизматрасонӣ ва сехи дӯзандагӣ, дар деҳоти Даҳана - мағозаи замонавӣ, дар деҳоти Ситораи Сурх - нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва таъмири техникӣ, дар шаҳраки Ҳаёти Нав - маркази савдо, нуқтаи хизматрасонӣ ва майдончаҳои варзишӣ, дар деҳоти Обшорон - нуқтаҳои шустушӯи нақлиёт ва сехи дӯзандагӣ, дар деҳоти ба номи Г. Юсуфова - мағозаи замонавӣ ва дар деҳоти Чоргул – бошишгоҳи саҳроӣ ва ду дорухона ва даҳҳо иншооти дигар дар ин давра сохта шудаанд.

Дастовардҳои заҳматкашони ноҳияи Ёвон самараи неку шоистаи Истиқлолият ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Заҳматкашони ноҳия ба дастовардҳои назаррас қонеъ нагардида, кӯшиш мекунанд ин гуна нишондиҳандаҳоро дар оянда боз ҳам беҳтару хубтар гардонанд.

                                                                        Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019