«САБР»-И КАБИРӢ ЧӢ САБРЕСТ?! ё андешае чанд оиди фаъолияти гурӯҳи ба ном Паймони миллии Тоҷикистон
МАВҚЕЪ. Имрӯз мардуми дунё гирифтори вируси маргзои КОВИД-19 ва дар робита бо ин дар воҳимаву валвалаи маргумир қарор доранду аммо гурӯҳе аз нафарони роҳгумзада ба худ Паймони миллии Тоҷикистон ном дода, ба мисли саги дастисоҳибгазида ва аз хона баъди чанд лагади обдор фироркарда аз дур ба ак-аки худ мехоҳанд ба қавле пинаки моро вайрон намоянд.
Ин амали онҳо сирф номардона ва ноҷавонмардона аст. Чаро? Бубинед, ҳатто ИГИЛе, ки вуҷудаш дар дили сарон ва мардумони абардавлатоне ба мисли Амрикову Русия ва соири кишварҳои аврупоӣ тухми тарсу ҳарос киштан буд, ҳатто Толибоне, ки зери ҳимояи хоҷагонашон зери ниқоби Ислом пинҳон мешуданду хуни бародар мерехтанд, ва ниҳоят ҳатто Додоҷони Атовуллое, ки вуҷуди худро танҳо муборизаву мухолифат бо ҳукумати вақти Тоҷикистон медонад, дар ин рӯзҳои мушкил аз муборизаву сиёсатбозӣ канор рафтанду, аммо, чанд ноҷавонмарде бо истифода аз ин мушкил дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба даъвати инқилоб ё худ ба забони ҲНИ ҷиҳод ва ё қиём даст задан доранд.
Ин муроҷиатҳои мухолифини тоҷик ба мисли Додоҷони Атовулло ва ё Суҳроби Зафар - роҳбари «Гуруҳи 24» дар мавриди дар чунин рӯзҳо аз муборизаҳои сиёсӣ даст кашидан то чӣ андоза самимиянд ва ё як навъ худшириннамоӣ ё худнамоӣ ва ё стратегияи нави маҳбубияти мардумро ба даст овардан, худашон медонанд. Аммо мо медонем, ки «Душманат гар паша бошад, камтар аз филаш мадон!»
Мо медонем ва шумо ҳам медонед!
Имрӯз вазъ, ҳолат ва шароит на ба ҳоле ҳаст, ки мушкилоти мардумро парчам кунему онҳоро ба ҷойи дилдорӣ, дастгирӣ даъват ба шикебоиву сабр ва дуои хайру солимӣ боз ба инқилоб, ба қиём, ба гирдоби хун бикашем. Шумо инқилоб мегӯед ва хуб медонед, ки хуни чандин ва ҳатто садҳо нафар аз бечорагон хоҳад рехт, чун инқилоб бе хунрезӣ нест ва инро мо ҳам медонем. Мардуми камшумори тоҷик бе ин ҳам дар вартаи гирифторӣ ба бемории вазнин асту бархеашон бо марг дастбагиребон. Бо вуҷуди талошҳои пайвастаи масъулин ҳар рӯз як хеш, як табор, як ҳамсоя, як ҳамдеҳа, як азиз, як маҳбуб, як модар, як падар ва як фарзанди худро аз даст дода истодаему шумо аз ин ҳолат истифода карда, баъди ин боз даъвои мардумӣ будан, бо мардум будан мекунед? Ҳайфатон! Агар ба шумо ҷони мардум танҳо василаи расидан ба ҳукумат бошад, барои мо ҷони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ азиз аст, ҳар як насими орому нафаси тозаи кашидани ҳар як фарди кучактарини ин миллат азиз аст! Бидонед, мо онро ба шумо ба осонӣ, арзонӣ нахоҳем дошт!
Аз тарафи дигар, роҳбари ташкилоти мамнуи террористии ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ куҷост, ки мисли пешин худро саховатманду эҳсонкор нишон диҳад ва ақаллан ба мардум дорувору лавозимоти тиббӣ дастрас намояд? Магар пулҳои хоҷагон тамом шуданд? Магар ин Ҳукумат набуд, ки бо Шумо даромехт ва то 30 фисади қудратро дар дастатон дод? Чӣ кардед? Фасоду табадуллоту дуздиву ғарӣ?! Дигар чӣ?!
«Сабр»-и Кабирӣ, сабри ҳукумат ва сабри мардум
Доиман дар суханрониҳои Муҳиддин Кабирӣ як сухан - «сабр» такрор меёфт ва он зеҳнамро такон медод. Аз пайравонаш талаб мекард, то дар ҳама масъала сабр кунанд ва тавассути ин ба ҳукумату ба мардум низ хоҳунохоҳ сабрро талқин медод. Дар назари аввал ин ҳолат ӯро чун сиёсатмадори қавиву дурандеш ҷилвагар мекард, ки мехоҳад бо роҳи осоишта, бо роҳи сиёсӣ ҳизбашро пеш бубарад ва ба дастовардҳое ҳам ноил гардад. Аммо, инак маълум мегардад, ки танҳо манфиатҳои шахсии ӯ – доштани тиҷоратҳову бозору мағозаҳо ва тавассути онҳо рӯйпуш кардани сармоягузории хоҷагонаш ӯро таҳрик медодаанд, ки пайравони гумроҳашро ба «сабр» даъват кунад.
Магар ин майдоншерони хонағариб намедонанд, ки тақдири пайрави дигари онҳо - генерали бахтбаргашта Ҳалим Назарзода, ки бо супориши Кабирӣ ва хоҷагони беруниашон фурсати «сабр»-и аввали ӯро тавассути табаддулоти давлатӣ барҳам зад, ба чӣ анҷомид? Ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки агар ӯ сабр медошт, чаро чанд муддат пеш аз ин табаддулоти тарҳрезинамудааш ақрабову аҳли оилаашро ба берун бурду наҳзатиёни дигар дар пайи ин табаддулот ба кунҷи зиндон рафтаву дигар илоҷе ба ҷуз аз «сабр» надоранд.
Табиист, ки ӯ дигар ин корро наметавонад ва яқин гашт, ки марҳилаи дигари «сабр»-и ӯ бо омадани мушкил сари мардум – пандемияи КОВИД- 19 ба охир расидааст ва акнун даъвои ҳукумат ва ҷиҳоду инқилоб мекунад.
«Сабр»-и Кабирӣ ба кӣ чӣ дод?
Аввал ин ки «сабр»-и Кабирӣ барои ӯ ва аҳли оилаи ӯ агар ҷоҳу манзалат дар Аврупо, шиками серу кайфу сафо дода бошад, барои Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва пайравонаш марг, барои пайравони дигари ҲНИ кунҷи зиндон, барои бархеи дигар беморӣ, барои баъзеи дигар гумроҳӣ дар шахсияти худ ва барои баъзе оилаҳо парокандагӣ ва гум шудани эътимоду бовариро фаровон кард. Яъне, сабри Кабирӣ ба ҳама пайравонаш танҳо гумроҳӣ оварду ба ҳукумат шинохти сареъи ӯ ва ҲНИ-ро.
Мухолифати ғайрикасбӣ ё «чашм бикушову дунёро бубин!»
Мо медонем, ки баъди шикасти балвои сентябри соли 2015 ва ташкилоти террористӣ эълон гардидани ҲНИТ Кабирӣ ва аксари пайравонаш ба Аврупо фирор намуда, мунтазири пайте «сабр» доштанд ва акнун ки ин вабо ба сари мардуми мо, агарчӣ дертар аз ҳама кишварҳои аврупоӣ ҳам бошад, расид, Кабириву пайравонаш истеъфои ҳукуматро тақозо доранд, ки бар сари мардумаш вабо омадааст. Гӯё дар омадани ин беморӣ маҳз ҳукумати вақти кишвар гунаҳкор бошад. Ман аминам, ки тамоми мухолифони кишварҳои аврупоӣ ва ҳатто хоҷагони Кабирӣ аз ин гуна палидиву номардии ӯ ангушти ҳайрат мегазанд. Бо паҳн гаштани КОВИД-19 мухолифини кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла ҳаракати «Камзулҳои зард»-и Фаронса, ки беш аз 3 моҳ боз дар тазоҳурот буданд, ягон хел истеъфову инқилоб талаб накарда, бо вуҷуди мухолифатҳои ҷиддии миёни онҳову ҳукумати Эмануилл Макрон фавран тазоҳуротҳоро қатъ карда, аз худ ҳамчун сиёсатмадорони дорои касбияти баланду дилсӯзи миллаташон дарак доданду Кабириву атрофиёнаш бошанд аз чунин вазъ мехоҳанд барои худ холи сиёсӣ касб кунанд.
Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр!
Ростӣ, барои нобино ҳатто дар рӯз ҳам чароғу шамъ бидуни фоида аст. Агарчӣ давлату ҳукумати Тоҷикистони азиз бо барномаҳои сареҳу пухта ва барои манфиати мардуми кишвар бомарому собит талош мекунад, аммо ин кӯри худу бинои мардумон боз ҳам ҳукуматро ба камталошӣ, надоштани барномаҳои комили рушди Тоҷикистон ва беҳбудбахшии рӯзгори мардуму расидан ба зиндагии шоиста гунаҳгор мекунанд. Ин далели он аст, ки ҳар чӣ ки ҳукумат мекунад, ноқабул аст, ба қавли мардум агар баҳона наёфтанд, мегӯянд, ки «Думи сагат каҷ аст». Зеро, тинати онҳо бад аст ва як марому мақсад доранд: душманӣ ба мардум ва бори дигар шӯронидани он. Аммо дар охир бо як байти Сайидои Насафӣ ба ин ноҷавонмардон муроҷиат мекунам, ки
Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст, чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад!
Абӯбакри ФАЙЗАЛӢ, рӯзноманигор