Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Сабзавоткорони беҳтарин
Чунончӣ чандин сол боз анъана шудааст, кишоварзони ин маҳалла аз ҷумлаи аввалинҳо шуда маҳсулоти барвақтии хешро пешкаши мардум мегардонанд. Дар ин маҳалла хонае нест, ки парвариши помидору бодирингро ба роҳ намонда бошад.Кишоварзони чашмикордони маҳаллаи «Ғайрат”-и шаҳри Бохтар дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаби заминро сармашқи кори худ намуда, сол то сол истеҳсоли маҳсулоти барвақтиро афзун намуда истодаанд. Бо ин мақсад деҳқонон навъҳои серҳосилу хушлаззати сабзавотро интихоб намуда, дар иқлими мусоиди гармхона, парвариши онҳоро ба роҳ мондаанд. Ҳамарӯза аз гармхонаҳои ин маҳалла сабзавоти тару тоза ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ба дигар навоҳии ҷумҳурӣ содирот карда мешавад.
Дар маҳаллаи болозикр хоҷагии деҳқонии “Ғайрат” бо роҳбарии Холмурод Зиёев фаъолият мекунад, ки пайваста ба парвариши сабзавот машғул аст. Ин хоҷагӣ дар ихтиёри худ зиёда аз 15 гектар замин дошта, парвариши помидору бодиринг, карам ва дигар сабзавотҳоро дар шароити гармхона ба роҳ мондааст.
Хоҷагии пешқадами дигар бошад, хоҷагии деҳқонии “Азимҷон” аст. Роҳбари хоҷагӣ Юнусалӣ Азимов зимни суҳбат зикр кард, ки хоҷагӣ дар ихтиёри худ наздики 3 гектар замин дошта, дар он 20 нафар кору фаъолият мекунанд. Ҳамаи саҳмдорони хоҷагиро аҳли оилаи онҳо ташкил кардааст. Дар майдони 1, 93 гектар помидор, 0,50 гектар бодиринг ва 0,50 гектар дигар намуди зиротҳо кишт шудаанд, ки нашъунамои онҳо хуб буда, аллакай бозорҳои вилоятро бо маҳсулоти тару тоза таъмин карда истодаанд. Номбурда афзуд, ки дар якҷоягӣ бо аҳли оила заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, ки ин дар беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо нақши бузург мегузорад. Аз ҳисоби ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ва фурӯши он рӯзгори онҳо ба хубӣ пеш меравад. Ба иттилои ӯ соли гузашта аз ин хоҷагӣ 10 тонна помидору бодиринг ба бозорҳои шаҳру вилояту ҷумҳурӣ бароварда шуд. Имсол низ нашъунамои помидору бодиринг хуб буда, умедворанд, ки нисбати соли гузашта зиёдтар ҳосил ба даст биёранд.
Ин деҳқони соҳибтаҷриба чун меҳнати ҳалолу азми сидқан ба замин кор карданро дорад, аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти дастранҷаш хароҷоташро пӯшонида, фоидаи иловагӣ ба даст меорад. Ӯ мегӯяд аз интихоби тухмӣ то коркарди агротехникиву додани нуриҳои минералӣ, ҳамаи кори парваришу роҳҳои бадастоварии ҳосили хубро аз сомонаҳои интернетӣ меомӯзад. “Барои ҳосили хуб ба даст овардан, тухмии хубро интихоб намудан лозим аст. Нарму мулоим кардан ё додани нурӣ вақту соати муайяни худро дорад. Агар ҳар як деҳқон ин амалҳоро иҷро кунад, боварӣ дорам, ки фоидаи хуб ба даст меорад”, - гуфт Юнусалӣ Азимов.
Натиҷаи заҳмати ин деҳқони чашмикордонро ба инобат гирифта, соли гузашта ҳамчун сабзавоткори беҳтарин ба Юнусалӣ Азимов Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлонро тақдим намуданд.
Бино ба иттилои мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Абдураҳмон Халифаев соли 2019 сабзавоткорони соҳибтаҷрибаи шаҳр дар майдони 110 гектар помидору бодиринг кишт карда буданд, ки аз он 1 ҳазору 270 тонна маҳсулот ба даст оварданд.
Соли 2020 бошад деҳқонон майдони киштро зиёд карда, онро ба 122 гектар расонидаанд. Аллакай маҳсули дастранҷашон самар оварда, бозорҳои вилоят ва ҷумҳуриро бо маҳсулоти тару тозаи помидору бодиринг таъмин карда истодаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар барои кишоварзон тамоми шароитҳоро муҳайё намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми худро гузошта истода, дастгир ва мададгори марди деҳқон мебошад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР


