Бойгонӣ

ШАРАФИ МАРДОНАГӢ

     Даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба мардонагӣ, шуҷоату далерӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ маҳсуб ёфта, аз ҳар ҷавонмарди ҷасур иродаи қавию матонатро талаб мекунад. Ҳар шахсе, ки модарро дӯст дошт бояд дӯстдори меҳан бошад. Зеро, ки Тоҷикистон ҳам барои ҷавонон ва ҳам барои пиру барно Ватан буда, обу хокаш бароямон азизу муқаддас аст. Аз ин рӯ пос доштани муқаддасоту арзишҳои меҳан, ҳифзи марзу бум ва аз ҳама қиматтар посбони Модар - Ватан будан қарзи ҷонии ҳар як фарзанд мебошад.

Набояд фаромӯш кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ва давлат такя ба ҷавонони бо нангу номус намуда, пайваста баҳри беҳбудии ҳаёти ин қишри ҷомеа чораю тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаанд. Имрӯз барои кулли ҷавонон хизмат намудан шараф буда, дар онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳимояи миллати тоҷик вазифаи аввалиндараҷаи оила ва ҷомеа маҳсуб меёбад.

Оилаи Муҳиддиновҳо, ки дар ноҳияи Хуросон сукунат доранд, аз оилаҳое мебошанд, ки намунаи ибрат буда, фарзандони ин хонадон ҳамасола ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил мешаванд. 

Аз нигоҳи модари наваскар аёнам гашт, ки ин модар қалби бузургу саршор аз умеду боварӣ ба ватану миллати осоишта дошта, фарзандони худро баҳри ҳимояи халқу давлат сафарбар намуда, дар ниҳоди онҳо ҳисси гиромидошти меҳан, далерию ҷасоратро бедор сохтааст. 

Розия ва Зиёвуддин Муҳиддиновҳо волидайни наваскар Аҳмад Муҳиддинов зимни суҳбат бо хушнудӣ қайд намуданд, ки ду фарзандашон ихтиёрӣ бо сари баланд адои хизмат намуда омадаанд. - Дар лаҳзаи гусел ба фарзандонам гуфта будам, ки ҳимояи Ватан шараф аст, Аҳмад дар навбати худ қайд намуд, ки на танҳо шараф, бароям ҳам қарз асту ҳам фарз. Пайваста аз ҳолашон хабар мегирифтем, шароитҳои қисмҳои ҳарбие, ки писаронам Аҳмад ва Акрам хизмат намудаанд, ҷавобгӯи талаботи замон буда, бо сару либос, маводҳои ғизоӣ ва тиббӣ таъмин буданд. Боре нашудааст, ки фарзандонам аз вазъи будубош ва аз сармову гармо шикоят дошта бошанд,- қайд намуд Розия Муҳиддинова.

Зимни суҳбат Аҳмад бо хурсандӣ хостори он шуд, ки арзи сипосашро тариқи расонаҳои хабарӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонем, ки дар қисмҳои ҳарбӣ бароямон чунин шароитҳои мусоидро фароҳам ва таъмини моддию техникӣ хело беҳтар гардидааст. - Махсусан дар қисми ҳарбии 6593-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 27.04.2018 то 27.03.2020 сол дар он ҷо қарор доштам, беҳтарин шароитҳо бароямон муҳайё буда, масъулон ҳамеша аз вазъи саломатиамон бохабар мешуданд. Барои рӯҳану ҷисман солимгардонии ҷавонон аз ҷониби масъулон барномаҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ гузаронида мешуд, ки ин тадбир дар ниҳоди ҳар як ҷавони боору номус ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандориро бедор менамуд. Вақти адои хизмат дарк намудам, ки хизмати ҳарбӣ ҳамчун як мактаби матонату далерӣ дар ҳаёти ҳар шахс нақши созгор дорад. Ман пас аз хатми мактаб тасмим гирифтам бо хоҳиши худам ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда, қарзи фарзандиамро ба ҷо оварда, Ватанро ҳимоя намоям. Ҳамсолони худро даъват месозам, ки хизмати ҳарбиро содиқона ба ҷо оранд ва ба ватани азизу маҳбуби худ содиқ бошанд,- қайд кард сержант Аҳмад Муҳиддинов.

Инак, пас аз адои хизмати Модар - Ватан Аҳмад, ки хатмкардаи мактаби санъати бачагонаи шаҳри Бохтар буд ва майли зиёд ба навохтани асбобҳои мусиқӣ дошт, боз ба дунёи санъату мусиқӣ баргашт. 

Дар заминаи таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон ва дар рӯҳияи ҳарбӣ - ватандӯстӣ ба камол расонидани онҳо сол аз сол шумораи ҷавонони ихтиёран ба хизмати ватан раҳсипор меафзояд. Умед аст, ки дар оянда ҳимоятгарони меҳан бо дарки баланди инсондӯстию ватанпарварӣ баҳри суботу амнияти Тоҷикистон чун Аҳмад Муҳиддинов хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда, назди Модар-Ватан қарзи фарзандиро бо сари баланд ва шуҷоату далерӣ  адо хоҳанд кард.


Махфират ШОИМОВА 
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019