Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
Дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ба як дастоварди муҳими байналмилалӣ ноил гардид. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пуштибонии кишварҳои ҷаҳон ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»-ро қабул намуд. Ташаббусе, ки бори дигар нақши кишвари моро дар пешбурди арзишҳои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад.
Ҳадафи асосии ин ташаббус таҳкими фарҳанги сулҳ, густариши муколама, мусолиҳа ва ҳамбастагии байни наслҳо ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои оянда мебошад.
Қатънома дар замоне қабул гардид, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон миллионҳо нафар аз оқибатҳои ҷангҳо, низоъҳо ва таҳдидҳои амниятӣ ранҷ мебаранд. Аз ин рӯ, ташаббуси Тоҷикистон ҳамчун даъвати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сулҳу ҳамкорӣ аҳаммияти махсус касб мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми шодбошӣ ба муносибати қабули ин қатънома таъкид намудаанд, ки таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ заминаи асосии зиндагии шоистаи наслҳои оянда мебошад.
Ба таъкиди Сарвари давлат, сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ фарҳанг аст, сулҳ масъулият аст ва сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон мебошад. Аз ҳамин хотир, ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифадор аст барои наслҳои оянда ҷаҳони амну осуда ва саршор аз ҳамкориву ҳамдигарфаҳмиро ба мерос гузорад.
Дар қатъномаи қабулшуда таҷрибаи давлатҳо ва халқҳое, ки тавассути муколама, оштӣ ва ваҳдати миллӣ ба сулҳи пойдор расидаанд, ҳамчун таҷрибаи арзишманд истиқбол шудааст.
Мардуми тоҷик дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарониданд ва арзиши сулҳу суботро бо қимати гарон ба даст оварданд. Маҳз ҳамин таҷрибаи таърихӣ имрӯз Тоҷикистонро ба яке аз пешоҳангони ташаббусҳои сулҳофарин дар сатҳи байналмилалӣ табдил додааст.
Президенти мамлакат дар паёми худ таъкид намудаанд, ки сулҳу оромӣ ва суботи сиёсие, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳукмфармост, ба осонӣ ба даст наомадааст. Ба гуфтаи Сарвари давлат, ҳамаи пешрафтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, рушди илму маориф, фарҳанг ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон самараи сулҳу ваҳдати миллӣ мебошанд.
Қобили зикр аст, ки қабули қатъномаи мазкур ба рӯзҳое рост омад, ки Тоҷикистон солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро истиқбол мегирад. Ин сана барои миллати тоҷик рамзи пирӯзии сулҳ бар низоъ, ҳамдигарфаҳмӣ бар тафриқа ва сарҷамъӣ бар парокандагӣ мебошад.
Дар ин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки вазифаи имрӯзаи ҷомеа мерос гузоштани арзишҳои сулҳ, таҳаммулгароӣ, фарҳанги муколама ва эҳтиром ба гуногунрангӣ ба насли ҷавон мебошад.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли оянда ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баланд бо иштироки шарикони байналмилалӣ баргузор хоҳад гардид.
Қабули қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид боз як далели равшани эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои созанда ва сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон мебошад. Ташаббусе, ки аз таҷрибаи сулҳофарини миллати тоҷик сарчашма гирифта, ба таҳкими сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷаҳон равона шудааст.
Тавре мушоҳида мешавад, Тоҷикистон имрӯз на танҳо аз сулҳу ваҳдати худ ҳимоят мекунад, балки таҷрибаи нодири сулҳофариниашро ба ҷаҳониён пешниҳод менамояд. Қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид далели дигари он аст, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар роҳи таҳкими сулҳ ва ҳамкорӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ мавриди дастгирӣ қарор доранд.
М. Акрамов
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР



