Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОСОРХОНАИ ВОСЕЪ — ОЙИНАИ МУБОРИЗА БАРОИ АДОЛАТ
Осорхона – мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ дар деҳаи таърихии Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг на танҳо ганҷинаи ёдгориҳои нодир, балки макони зинда нигоҳ доштани хотираи қаҳрамони миллӣ, рамзи озодихоҳӣ ва худшиносии тоҷикон – Восеъ мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як давлат ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг ва аз ҷумла, ёдгориҳои таърихӣ ба шумор меравад. Чуноне Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ омили муҳими худшиносии миллӣ мебошад.
Тибқи феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди кишвар зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин далел бори дигар шаҳодат медиҳад, ки халқи тоҷик соҳиби таъриху фарҳанги бой, рангин ва бостонӣ мебошад. Осорхонаҳо низ ҳамчун муаррифгари ин мероси гаронбаҳо нақши калидӣ доранд.
Яке аз чунин маконҳои муҳим Осорхона – мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ мебошад, ки соли 1988 ба муносибати 100-солагии шӯриши Восеъ таъсис ёфтааст. Дар марҳалаи аввали фаъолият шумораи нигораҳои он тақрибан 500 ададро ташкил медод. Имрӯз бошад, фонди осорхона 2579 нигораи таърихиро дар бар мегирад, ки аз онҳо 2079 адад нигораҳои асосӣ ва 500 адад нигораҳои ёрирасон мебошанд.
Осорхона ҳаёту фаъолият, мубориза ва зиндагиномаи ибратомӯзи фарзанди фарзонаи миллат, қаҳрамони халқи тоҷик- Восеъро ба меҳмонону сайёҳон муаррифӣ менамояд. Восеъ бар зидди зулму истисмори сулолаи Манғитиён бархоста, бо шӯриши худ дар тамоми аморати Бухоро ғулғула андохта буд ва ҷони худро барои озодию адолат қурбон намуд.
Ноҳияи зебоманзари кӯҳистони Ховалинг бо деҳаи машҳури таърихии Дараи Мухтор шинохта мешавад. Ин деҳа, ки дар масофаи 5 – 6 километр ғарбтари маркази ноҳия ҷойгир аст, бо табиати дилкаш, дарахтони сабзу сояафкан, чаҳ-чаҳи парандагони хушхон ва ҳавои фараҳбахш ба дили ҳар бинандаро тасхир мекунад. Маҳз аз ҳамин диёри афсонавӣ Восеи қаҳрамон муборизаро оғоз кард.
Осорхона – мамнуъгоҳи Восеъ дар мавзеи зебоманзари Дараи Мухтори куҳна ҷойгир буда, имрӯз ба яке аз маконҳои дӯстдоштаи сайёҳии кишвар табдил ёфтааст. Ҳар меҳмону сайёҳи дохилию хориҷие, ки ба Ховалинг меояд, ҳатман ба тамошои ин осорхона омада, аз он ғизои маънавӣ мегирад.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015 ба осорхона мақоми ҷумҳуриявӣ дода шуд ва айни ҳол он дар тавозуни Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ба гуфтаи Худойдод Рабиев, мудири шуъбаи илмии осорхона, пас аз ворид шудан ба сохтори Агентӣ имкониятҳои муассиса дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ, ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳо ва тарбияи ватандӯстии насли ҷавон боз ҳам густариш ёфт.
Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат соли 2019 бинои осорхона аз нав бо тарҳи муосир бунёд гардида, ба истифода дода шуд. Осорхона дорои ду толори барҳавои намоишӣ ва як таҳхона мебошад. Ҳамаи нигораҳо тибқи талаботи илмӣ дорои шиноснома буда, феҳристи онҳо ба таври электронӣ тартиб дода шудааст.
Дар осорхона нигораҳои гуногуни таърихӣ — аз маснуоти оҳанӣ, мисӣ, сангию чӯбин то дастхатҳои қадима ва ҳунарҳои мардумӣ маҳфузанд, ки ба давраи асри III-и милодӣ то асри XIX тааллуқ доранд. Гӯшаҳои махсус, аз ҷумла «Дараи Мухтор — зодгоҳи Восеъ», «Ҷойи ба қатл расонидани Восеъ», «Паноҳгоҳи Восеъ» ва «Шаҷараи авлоди Восеъ» диққати ҳар бинандаро ҷалб менамоянд.
Каме дуртар аз бинои асосии осорхона, дар як гӯшаи ҳавлии он ҷувозхонаи Восеъ ҷойгир аст, ки тамошояш ба бинанда таассуроти гуворо мебахшад. Нигораҳо ва бозёфтҳои дар осорхона маҳфузбуда дар бораи таърихи шӯриши соли 1888 таҳти роҳбарии Восеи қаҳрамон ва шахсияти барҷастаи ӯ маълумоти муфид ва фаровон медиҳанд. Аз ҷумла, дар осорхона саллаю ҷома, пойафзол, кундаи ҷувози Восеъ, шохини чӯбин, пилтакамон, шамшеру ҷавшан, кордҳои гуногун ва асбобу ашёҳои кулолӣ ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз тамошои онҳо меҳмонону сайёҳон таассуроти амиқ мегиранд.
Дар саҳни ҳавлии осорхона муҷассамаи зебои Восеъ қомат афрохтааст, ки ба ин макони таърихӣ ва ба мавзеи биҳиштосои Дараи Мухтор шукӯҳу шаҳомати хоса мебахшад. Ба қавли шоир Ниҳонӣ:
Қомати Восеъ чу шуд афрохта бо ҳайкалаш,
Дараи Мухторро бо нури худ рахшанда кард.
Ҳангоми истодан дар ҳавлии осорхона, рӯ ба рӯ дар қисмати шимолӣ Кӯҳи Сурхсақова намудор мегардад. Ин кӯҳ, ки дар масофаи тақрибан 13 километр дуртар аз маркази ноҳияи Ховалинг ҷойгир аст, яке аз қуллаҳои баландтарини гирду атроф маҳсуб ёфта, аз баландии он тамоми манзараҳои дуру наздик ба хубӣ ба назар мерасанд.
Вақте романи бадеӣ-таърихии нависандаи маъруф Сотим Улуғзода — «Восеъ»-ро мутолиа мекунӣ, он лаҳзаҳои пурошӯби таърих пеши назар зинда мегарданд. Восеи ҷасуру далер бо аспсаворони ҳамроҳаш рӯзи якшанбе ба бозори ноҳияи Ховалинг омада, ба садҳо муздурону деҳқонони ҷамъомада муроҷиат мекунад: «Ҳамдиёрон ва бародарон, мо ба муқобили беки Балҷувон Мирзо Акрам ва амири манғит Абдулаҳад шӯриш мебардорем. Зулму истибдод аз ҳад гузашт. Онҳо моро одам ҳисоб намекунанд. Барои озодӣ мубориза мебарем. Шумо ба ҷанг омода бошед – ин нишонаи оғози шӯриш аст».
Имрӯз мавзеи таърихии Дараи Мухтор – зодгоҳи Восеи қаҳрамон ва осорхона - мамнуъгоҳи Восеъ ба яке аз хатсайрҳои муҳими сайёҳӣ табдил ёфтааст. Ҳамасола ба ин макони таърихию фарҳангӣ садҳо сайёҳони дохилию хориҷӣ ташриф меоранд, ки худ далели афзун гардидани таваҷҷуҳ ба мероси таърихии миллат мебошад.
Аъзам Бобоев, ноҳияи Ховалинг
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
БОНУИ МАТИНИРОДА
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД



