Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОЛАМИ ҲУНАРУ НАВРӮЗИ ХОВАЛИНГ
Ховалинг яке аз ноҳияҳои зебоманзари кӯҳистони кишвар буда, бо табиати дилфиребу нотакрори худ машҳур аст. Кӯҳҳои сарбафалаккашида, чашмасорон, дарёчаҳои мусаффо ва ҳавои софу гуворояш ба ин гӯшаи диёр ҳусни хос бахшида, ба инсон неру ва саломатӣ мебахшанд.
Ҳангоми сафар ба деҳаҳои ин минтақа мо аз меҳмондӯстӣ, хушсуханӣ ва заҳматписандии мардуми он шод гардидем. Мардуми ин гӯшаи афсонавии кишвар бо меҳнати ҳалол ва ҳунари волои худ шинохта шудаанд. Дар ҳақиқат, табиати зебо, таърихи ғанӣ ва мардуми ҳунарманд Ховалингро ба яке аз мавзеъҳои ҷолибу дидании Тоҷикистон табдил додааст.
Бо фарорасии баҳори оламафрӯз сокинони ин ноҳия онро бо шодию нишот истиқбол мегиранд. Барои онҳо гармии нурҳои хуршед рамзи файзу баракат ва неъмати илоҳӣ мебошад. Нури офтоб ба инсон неру, руҳбаландӣ ва ба табиат сабзидану шукуфтан мебахшад. Маҳз ҳамин неру мардумро водор месозад, ки бо меҳнати ҳалол рӯзгори худро пеш баранд.
Бо расидани баҳор барои марди барзгар айёми кишту кор оғоз мегардад. Дарахтон гулбасар мешаванд, замин ҳосил медиҳад ва зиндагии мардум низ ранги тоза мегирад. Барои мардуми тоҷик расидани Наврӯз рамзи оғози зиндагии нав ва умед ба ояндаи нек аст.
Зимни сафар мо аз хонадоне дидан намудем, ки дар он бонувон машғули дӯхтану пухтан буданд ва дар дег таоми суннатии далда меҷӯшид. Маълум гардид, ки аҳли хонадон ба истиқболи Наврӯзи ҷаҳонӣ омодагӣ мегиранд.
Ҳисси кунҷковӣ моро водор сохт, ки вориди ин хонадон шавем. Модари хонадон – Зикамоҳ Холова ба дӯхтани рафида машғул буд. Ӯ ба мо куртаҳои чакани омодакардаи худро нишон дод, ки маҳсули дастони ҳунармандаш буданд.
Аз суҳбат бо ин модари меҳрубон маълум гардид, ки ӯ на танҳо ба рафидадӯзӣ машғул аст, балки дар чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, омода кардани чодари арӯсӣ ва пухтани таомҳои миллии лазиз низ маҳорати баланд дорад.
Чакан яке аз ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик ба шумор рафта, то имрӯз аз насл ба насл гузашта, ҷойгоҳи худро дар фарҳанги миллӣ ҳифз намудааст. Гулдӯзӣ бо нақшу нигорҳои рангоранг ва рамзҳои хоси худ ифодагари ҷаҳонбинӣ ва завқи зебоипарастии бонувони тоҷик мебошад.
Ҳунари бонувони Ховалинг нишонаи сабру таҳаммул, меҳнатдӯстӣ ва муҳаббати онҳо ба фарҳанги миллӣ аст. Модарони ҳунарманд бо маҳорати худ на танҳо зиндагии оилаашонро обод мекунанд, балки фарҳанги ғании миллати тоҷикро низ ҳифз намуда, онро ба насли оянда мерос мегузоранд.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат чакани тоҷик ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид ва дар ҷаҳон маъруф шуд. Дар ҳақиқат, либоси миллӣ оинаи фарҳанг ва тамаддуни миллати мост.
Аз ин рӯ, занону модарон ва гулдухтарони тоҷик бояд аз таърихи бостонӣ ва арзишҳои фарҳангии худ огоҳ бошанд, либоси миллиро гиромӣ доранд ва ба бегонапарастӣ роҳ надиҳанд.
Анъанаҳои ниёгони мо зебоянд ва бо фарорасии баҳор ҳар узви оила ба кору ҳунар машғул мегардад. Тозагии хона, пухтани таомҳои миллӣ ва дӯхтану ба бар кардани либоси миллии чакан нишонаи истиқболи ҳаёти нав ва умед ба ояндаи нек мебошад.
Вақте аз модари ҳунарманд сирри ин олами зебоиро пурсон шудем, ӯ чунин гуфт: – Ҳар як ҳунарманд бояд пеш аз ҳама зебоипараст бошад. Ӯ бояд бо риштаҳои ранга, сӯзан ва матоъ кӯшиш намояд, ки зебоӣ ва эҳсоси нуҳуфтаи қалби худро рӯи матоъ таҷассум кунад. Нақшҳои офтоб, гул, моҳ ва дигар рамзҳои табиатро бо санъати баланд рӯи матоъ гулдӯзӣ намояд. Барои омода кардани як куртаи чакан баъзан ҳафтаҳо лозим аст. Зеро ҳар нақш бо сабру таҳаммул ва интихоби дурусти рангҳо дӯхта мешавад.
Аз рафидаҳои офаридаи ин модар эҳсос намудем, ки ҳар як кори ӯ бо завқу маҳорати баланд анҷом дода шудааст. Ҳар як рафида бо нақшу нигор ва тарҳи хоси худ аз дигаре фарқ мекунад.
Тибқи анъана ҳар гулдухтари тоҷик бояд дар бисоти арӯсии худ гулдӯзии деворӣ, куртаи чакан ва рафидаҳои зебо дошта бошад. Ин анъана аз гузаштагон то имрӯз идома дошта, модарони ҳунарманд чун холаи Зикамоҳ онро ба насли ҷавон меомӯзонанд.
Бо фарорасии баҳори нозанин бонувону гулдухтарони деҳа ҷамъ омада, таомҳои суннатиро омода месозанд. Аз ҷумла, суманак, оши бурида, самбӯсаи алафӣ ва далда бо расму оини хос пухта мешаванд.
Далда яке аз таомҳои суннатии мардуми кӯҳистон буда, аз гандум, донагиҳо ва дигар маҳсулоти табиӣ омода мегардад. Ин таом серғизо буда, барои барқарор кардани қувваи инсон пас аз фасли сармо мусоид аст.
Модарон аз субҳи барвақт бо руҳияи болида ва шукргузорӣ аз фарорасии баҳор гандумро бо муҳаббат шуста, ба дег меандозанд ва ин таомро бо суруду шодӣ омода мекунанд.
Холаи Зикамоҳ ба духтарону келинҳо нозукиҳои ҳунари гулдӯзӣ ва маҳорати кадбонугиро меомӯзонад. Ба гуфтаи ӯ, ҳар бонуи тоҷик бояд ҳунарҳои миллиро омӯзад ва онҳоро ба наслҳои оянда мерос гузорад.
Ҳунарҳои мардумӣ ҷавононро бо таърих ва фарҳанги миллат бештар ошно месозанд. Ҳар нақшу нигоре, ки дар матоъ офарида мешавад, бозгӯи ҷаҳонбинӣ ва зебоии ниёгони мост.
Ҷолиб он аст, ки ҳар ранги гулҳои чакан маънои хоси худро дорад: ранги сурх – рамзи ҳаёт, муҳаббат ва шодист. Ранги зард – рамзи нур ва гармии хуршед, ранги сабз – нишонаи баҳор ва эҳёи зиндагӣ, ранги сафед – рамзи покӣ, сулҳ ва ниятҳои нек мебошад.
Хонандаи азиз, мо танҳо чанд сатре аз зебоии баҳор ва Наврӯзи Ховалинг, аз олами ҳунар ва муҳаббати мардуми ин гӯшаи зебои диёрамон рӯи коғаз овардем.
Ин ҳама намунаи садоқат ба арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ ва ҳифзи мероси ниёгон аст. Маҳз чунин мардуманд, ки ҳунару фарҳанги аҷдодиро аз насл ба насл расонида, онро зинда нигоҳ медоранд.
Махфират Шоимова
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР




