Бойгонӣ

«ҚӮРҒОН» - РАМЗИ ХАТЛОН

Таърих


     Теппаи «Қӯрғон» воқеъ дар маркази шаҳри Бохтар, таърихи биёрсола дошта, ҳамчун мероси фарҳангию маънавӣ то имрӯз барои мардуми шаҳр арзиши воло дорад. Ин аст, ки дар теппаи мазкур Осорхонаи таърихию кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Бохтар таъсис дода шуда, ҳамчун даргоҳи маънавӣ ва муаррификунандаи тамаддуни бостонӣ ба сокинону сайёҳон хизмат мерасонад.

Яке аз рамзҳои шинохта ва таърихии вилояти Хатлон ва махсусан маркази маъмурии он шаҳри Бохтар ин теппаи «Қӯрғон» аст, ки дар маркази шаҳр ҷойгир буда, аз ду тарафи он оби Ҷӯй мегузарад. Дар болои ин теппа осорхонаи таърихию кишваршиносии «Бибихонум» ҷойгир аст, ки дар он нигораю нигоштаҳои баландарзиши бостонӣ нигоҳ дошта мешаванд. 

Осорхонаи таъриху кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Бохтар соли 1999 дар арафаи ҷашни 1100 - солагии асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ таъсис дода шудааст. Ва рӯзи 24-уми сентябри ҳамон сол бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он ба истифода дода шудааст. 

Осорхона дорои 2 ҳазору 468 нигораи таърихӣ буда, аз 24 гӯша иборат аст. Бозёфтҳои таърихии он ба асрҳои 7-9 то инҷониб рост меояд. Ба гуфтаи кормандони осорхона ҳайкалчаи мисин, ки як сокини шаҳр онро ҳадя намудааст, яке аз пурарзиштарин нигораи ин муассиса маҳсуб меёбад. Хуму ашёҳои қадимаи рӯзгордорӣ, китобу дасхатҳои таърихӣ, тарзи зиндагии ҳамонвақтаи одамон ба намоиш гузошта шуда, ҳамчунин аз дастоварду арзишҳои маънавии замони муосир, хусусан солҳои истиқлолияти давлатӣ дар шакли аксу тасвир ва китобу рӯзномаҳо давра ба давра гӯшаҳои махсус ташкил карда шудаанд. 


Аз таърихи теппаи «Қӯрғон»

Ба гуфтаи Малоҳат Ҳусейнова, ки мудирияти толори ин осорхонаро ба ӯҳда дорад, пеш аз ҳама худи теппаи «Қӯрғон» аҳамияти калони таърихӣ дошта, ба асрҳои 1-2 мансуб дониста мешавад. Мувофиқи маълумотҳои кишваршиносон он табиатан ба вуҷуд наомада, балки сунъӣ сохта шудааст. Вақте ки теппа бунёд ёфт, дар давоми асрҳои 19-20 дар болои теппаи «Қӯрғон» қалъаи бек ҷой гирифта буд. Хоки теппа аз заминҳои гирду атроф оварда шудааст. Мақсади асосии сохтани теппа аз он иборат буд, ки посбонон қалъаро аз душманон ҳифзу нигоҳубин кунанд. Ҳокими Леваканд (номи қадимаи шаҳри Бохтар, ки таърихи ҳазорсола дорад) «андози хок» ҷорӣ карда буд. Ба нақли баъзе аз ривоятҳо дар ин ҷо бозоре ҷойгир буд, ки одамон аз давлатҳои гирду атроф омада, ба хариду фурӯш машғул мешуданд. Ҳар як шахс вазифадор буд, ки як халта хок оварда, дар болои теппа резад, баъд иҷозат дода мешуд, ки дар бозор савдо намоянд. Як халтаи хок рехта-рехта баландии теппаро ба 40 метр баробар карданд. Гирди теппа бошад бо девори махсус  маҳкам карда шуда буд, ки 12 метр паҳноӣ дошт. Аз ду тарафи теппа, ки дар болои он қалъаи бек сохта шуда буд, ду дарёча дида мешавад. Дарёе, ки дар самти шарқии теппа аст, Ҷуйбор ном дорад ва дарёе, ки дар самти шимолии теппа ҷойгир шудааст, Хонум ном ниҳода шудааст. Ривояте ҳаст, ки ҷӯйи Хонум сайронгоҳи хонуми дӯстдоштаи беки Леваканд-Бибихонум ва хидмат-горонаш будааст. Барои ҳамин ҳам Хонум ном гирифтааст.

Дар солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусаллам аст, ки ташрифи хориҷиён ба мавзеъҳои таърихӣ, ки бозгӯи тамаддуни ҳар миллат аст аз ҳарвақта дида бештар мегардад. Аммо вазъи имрӯзаи толори осорхонаи «Бибихонум» ва шакли нигоҳдории нигораҳо беҳбуд мехоҳад, ки ҳалли ин масоил аз таваҷҷуҳи масъулину мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ вобаста аст. Ба гуфтаи кормандони осорхона барои боз ҳам кашф ва ворид намудани ашёҳои қадимаю пурарзиши фарҳангӣ ва ҷамъоварӣ намудани онҳо аз аҳолӣ маблағҳои муайян лозим меояд, ки имрӯз вазъи иқтисодии осорхонаи «Бибихонум» тавони онро надорад. Ғайр аз ин толори осорхона ба таъмири куллї ниёз дорад. 

Аз ҳама ҷолибаш барои ҳар як бинанда ин аст, ки аз баландии теппа ҷойи махсус барои тамошои шаҳр мавҷуд аст. Аз ин баланди шаҳр ба назар боз ҳам зеботар менамояд ва ҳар бинандаро хушҳол месозад. Сокинону сайёҳонро низ тамошо аз ҳамин баландӣ бештар ба завқ меорад. Ғайр аз ин мавзеи теппа ҳамчунин макони тамошобобу дӯстдоштании сокинон ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ гаштааст. 

Таърихи шаҳри Бохтар низ ба ҳамин қалъаи «Қӯрғон» рабт мегирад. Шаҳри Бохтар дар тарафи чапи дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Дар асри 1 Кӯшон Вахшонзаминро забт намуда, Левакандро маркази давлат эълон мекунад. Давлати Кӯшониён то асри IV ҳукмронӣ мекунанд. Дар асри XIII Леваканд ба монанди дигар шаҳрҳои Мовароунаҳр таҳти зарбаи аҷнабиён қарор мегирад. Шаҳрҳо хароб гаштанду аҳолиашон мефавтанд. Онҳое зинда монданд, ин водиро тарк мекардаанд. Аз сабаби офатҳои табиӣ ба монанди обхезӣ ин мавзеъ ба ботлоқзор мубаддал мегардад. Новобаста аз тағйирёбии ҳокимону роҳбарони ин шаҳр, меҳри сокинон ба мавзеи мазкур, ки дар дили онҳо ҷой гирифта буд, нагузоштанд, ки номи шаҳр аз байн равад. 

Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1937 Бохтар расман шаҳр эътироф шуда, ба маркази вилояти Хатлон табдил меёбад. Пеш аз ин ҳам мардуми водии Вахш ин шаҳрро марказ мешумориданд. Инчунин, дар оғози асри XX Бохтар таҳти хатари босмачиёну дуздони бегонаи гирду атроф қарор гирифта, ба харобазор мубаддал мегардад. Баъди инқилоби Октябр соли 1917, сатҳи зиндагии мардуми шаҳри Бохтар беҳтар шуд. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ шаҳрҳою деҳаҳо ривоҷ ёфтанд, ба ҷойи хаймаҳо, ки пеш мавҷуд буданд, биноҳои нав сохта шуданд. Ҳамин тавр шаҳри Бохтар дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рӯз то рӯз ободу зебо гашта истодааст. 


М. АМОНҶОН

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019