18 мар 09:04АСОСӢ / Мақолаҳо

МОДАР - САРОҒОЗИ ЗИНДАГӢ

    Модар, дар ҳақиқат, фариштаи заминист. Фарзанди парваридааш болу параш маҳсуб мешавад. Модар қаҳрамон аст, зеро дар набарди зиндагӣ қаҳрамонона гом мегузорад. Модар паҳлавон аст, зеро далертарин мардонро дар сахттарин ҳолати хашм ором мекунад. Модар мураббӣ аст, «...аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро  ба кӯдак ба таври табиӣ  интиқол медиҳад».

Дар васфи модар ҳазорон қиссаву достонҳо иншо намоему васфи ин олиҳаи зебоӣ соатҳо ситоиш кунем, аммо боз ҳам басанда нест. Дар тасвири ҳусни модар тамоми табиатро давр занӣ, шабеҳ ба он чизе пайдо нахоҳӣ кард. Шояд аз он хотир бошад, ки вуҷуди модар аз ин ҳама тавонотару қудратмандтар аст. Барои иншои симои ҳақиқии модар қалам оҷиз аст ва дар авроқи сафед ҷойи холие намемонад. Вуҷуди модар шабеҳи шамъро дорад, ки худ месӯзаду ба дигарон равшанӣ мебахшад. Пешвои миллат низ чунин зикр намудаанд: «Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чунки ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ  ҳамеша ҳамроҳи мост».

Маҳз ишқи зан-модар аст, ки мо-мардонро ба зиндагӣ дилгарм, моро ба сӯйи корнамоиҳо, пешрафт ва ба қуллаҳои баланди муваффақият раҳнамун месозад. Ҳар як пешрафту барор ва нокомию бадбахтии мард пеш аз ҳама ба зан-модар, ба бонуи хонадон сахт марбут аст.

“Агар мард сари оила бошад, зан гардан аст, ки он сарро тоб медиҳад”.

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо занону модарон ва бонувони тоҷик гом ба сӯйи комёбӣ ниҳода, дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа софдилона кору фаъолият менамоянд ва дар пешрафту рушди Тоҷикистон саҳм мегузоранд. Аз ҷумла, дар донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав саҳми бонувон ва донишҷӯдухтарон дар андӯхтани илму дониш ва кори таълиму тадрис басо назаррас аст.

Хушбахтона, имрӯзҳо Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар стратегия, консепсия ва барномаҳои давлатӣ  дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақомоти роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст. Ҳукумати кишвар ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамояд ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро беш мегардонад.     

Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми занону модарон ва бонувонро ба ифтихори бузургдошти Рӯзи Модар ва фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, ки бо гузашти якчанд рӯз ба дилу ҷони мо шодиву фараҳ меорад, самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям. Бузургон занро ба офтоб монанд кардаанд. Бигузор ин офтоб ҳамеша дар фазои солимии хонадони тоҷику тоҷикистонӣ шуълапошӣ кунад! 


Давлатзода САЙФИДДИН
Добавить комментарий