ДАСТИ ДУОИ МОДАР
Ин модари меҳрубон сокини деҳаи “Иттифоқ”-и ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён Махсумгул Додарбекова буда, дар яке аз деҳаҳои зебоманзари кӯҳистони Тоҷикистон зода шуда, бо ҳукми тақдир ва бо мақсади ободонии даштҳои синабирёни водии Вахш солҳои чилуми асри гузашта бо ҳамроҳи аҳли оилаашон муҳоҷир шуда, ба Вахшонзамин омадааст.
Гарчанде ҷавон буд, вале аз нахустин рӯзҳои муҳоҷирӣ ба кори саҳро баромад. Қатори ҳамсолони худ барои ободонию сарсабзии ин гӯшаи диёр ҳиссаи хоксоронаи хешро гузошт. Шавҳараш шодравон Умарбек Додарбеков низ рӯзгори мушкилу ибратомӯзеро паси сар карда, малакаи зиндагӣ андӯхта буд. Шавҳари меҳрубонаш солҳои сиюм аз ҷумлаи шахсиятҳои донишманду фаъоли ҷомеа буд. Дар он солҳо дар корҳои ҷамъиятию давлатӣ фаъолона иштирок мекард. Ин буд, ки чун яке аз шахсияти босаводу яке аз фаъолони ҷомеаи ҳамонвақта соли 1936 вакили анҷумани X - созмони умумииттифоқии комсомолӣ интихоб гардида, ба шаҳри Москва, ки пойтахти давлати абарқудрати Шӯравӣ ҳисоб меёфт, ҳамон вақт сафар намуд. Бо шахсиятҳои машҳури ҳамон давр аз ҷумла М. Калинин дидору мулоқот кард. Вале тақдири минбаъдааш талх омад. Бо туҳмату буҳтон соли 1937 бегуноҳ ба ҳабс гирифта шуд. Даҳ соли расо паси панҷараи зиндон нишаст. Баъди ба озодї баромаданаш 54 маротиба барои бегуноҳ ба ҳабс гирифтанаш ба мақомоти болоии шаҳри Маскав номаи шикоятӣ навишт. Оқибат ҳақ ба ҳақдор расид. Ба номаи шикоятии 54 - умаш ибтидои солҳои панҷоҳум ҷавоб омад. Барояш ҳуҷҷате доданд, ки тибқи қарори коллегияи Суди Олии СССР бегуноҳияш исбот шудаасту ӯ дар назди қонуну ҷомеа гуноҳе надорад. Ҳатто музди миёнаи маоши 10 сол бегуноҳ дар маҳбас нишастанашро барояш пардохт намуданд.
Дар ҳама лаҳзаҳои шодию ғам, шебу фароз ҳамсари меҳрубонаш Махсумгул Додарбекова дар паҳлӯяш буд. Шодию ғами зиндагиро бо ҳам медиданд. Онҳо соҳиби оилаи тифоқу намунавӣ буданд. 9 фарзандро бо нони ҳалолу заҳмати худ тарбия намуда, ба камол расониданд. Фарзанди калони модар Аловиддин Додарбеков чун шахсияти донишманду соҳибэҳтиром мисли падару модараш дар байни аҳли деҳу хоҷагию ҷамоату ноҳия ва коргоҳ обурӯю мартабаи хосеро соҳиб гардид. Номбурда баъди хатми факултаи физикаю математикаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе солҳои зиёд ба ҳайси омӯзгори фанҳои дақиқ, ҷойнишини директор оид ба таълиму тарбия дар дабистони рақами 10-и ноҳияи Кӯшониён кору фаъолият намуд. Дар солҳои аввали истиқлолият дар маъракаи интихоботӣ иштирок намуд. Дар байни 5 номзад ғолибиятро ба даст оварда, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят интихоб гардид. Тӯли қариб 5 соли вакилӣ ба таклифу пешниҳодҳои ҷолиби диққату манфиатбахши халќу Ватан дар беҳбуди рӯзгори мардум ва ободонию гулгулшукуфоии Меҳан саҳми арзанда гузошт.
Вале тақдирро бинед, ки чун садҳо тан аз нафарони бегуноҳ солҳои ҷанги бемаънию бародаркуши солҳои 90-уми асри гузашта, мисли падар бо туҳмату буҳтони беасоси нафарони бадкеш ба маҳбас афтод. Вале чун бегуноҳ буд, баъди тафтишу таҳқиқи дақиқ аз маҳбас баромад. Баъди ин фаъолияти омӯзгориашро идома бахшид. Баъдан ӯро чун шахсияти маҳбубу донишманду кордон раиси кумитаи маҳалла интихоб карданд. Ҳамчунин дар назди кумитаи тараққиёти назди ҷамоати деҳоти “Заргар”, дар паҳлуи шахсияте чун Сангак Бекназаров ба ҳайси ҷонишини раиси кумитаи тараққиёти назди ҷамоати деҳоти “Заргар” кору фаъолият намуд.
Зарбу ранҷу дардҳои кашидааш оқибат кори худро карданд. Дар айни камолоти кору фаъолият 10 - июни соли 2004 дар дафтари кориаш дар бинои ҷамоати деҳот фавтид. Марги нобаҳангоми фарзанд модари меҳрубонро ғамзадаю ғамбемор гардонд. Аз шиддати боридани борони ашки сӯзон дар ҳасрати марги ҷигарбанд модари ғамдида баъдан аз ду дидаи бино маҳрум гашт. Имрӯз агар ёде аз љигарбандаш кунад ё дар хусуси некию шоистагиаш дар маҳфилҳо сухан равад, момои Махсумгул нороҳат мешавад ва аз дидаи нобиноаш ашки ғам мерезад.
Ҳангоми суҳбат ин модари муштипар иброз медорад, ки ӯро ғаму дарди фарзанди ҷигарбандаш, ки қобилияту истеъдоди шоирӣ ҳам дошт, ба ранҷи нобиноӣ гирифтор намудааст.
Барои исботи суханони хеш ин сатрҳои ҷовидонаи шеърии Аловиддинро, ки 1 - уми июли соли 1993 ҳангоми дар маҳбаси шаҳри Душанбе қарор доштанаш барои модар эҷод кардааст, лозим медонем ёдоварӣ намоем.
Ин шеър таҳти унвони “Нома ба модар” дар китоби ашъори шодравон Аловиддин Додарбеков, ки соли 2009 дар шаҳри Душанбе бо номи “Шеъри зиндонӣ” рӯи чоп омадаанд, ёдоварӣ шудааст:
Аё модар марезон ашки ҳасрат,
Фидои қатраи ашкат шавам ман.
Чаро зодӣ маро дар рӯи олам,
Ки охир доғу ҳам дардат шавам ман?
Худо бахшидаят зебо писарҳо,
Ба гирдат духтарон монанди моку.
Вале ҳар дам фиғон созӣ, Худоё,
Нахустфарзанди дилбандам канӣ, ку?
Ба сӯи тифлакони ман ҳамеша,
Нигаҳ созӣ ба ду чашми харидор,
Нишонеро зи ман кобӣ дар онон,
Бад - ин сон мерасӣ гӯё ба дидор.
Сари гаҳвораи тифлам нишинӣ,
Зи чашмонаш, зи дастонаш бибӯӣ,
Табассум дар лабу ду дида хуноб,
В - аз он тифлак ту бӯи ман биҷӯӣ.
Аё модар ҳама олам фидоят,
Ки шамъи хонаю дунёи моӣ,
Чӣ созам гар маро қисмат ҳаво дод,
Аз оғӯшат ба гирдоби ҷудоӣ.
Модари соҳибирода тавонист дар ҳалқаи дигар фарзандони солеҳу бошарафаш, ки яке омӯзгору дигаре табиб ва сеюмин муҳандиси варзида аст, бо сабру шикебоӣ марги нобаҳангоми ҷонсӯзу ҷонгудози нахустфарзанди арҷмандашро таҳаммул намояд.
Имрӯз модари меҳрубон аз баҳори 94 - умини умри хеш самар мегирад. Дар арафаи таҷлили Рӯзи модар наберааш Равшанҷон, ки имсол факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Магнитогорски Россияро хатм мекунад, аз ин шаҳри металургҳо, баъдан аберааш Эмомалӣ, ки дар Академияи ҳарбии шаҳри Душанбе таҳсил дорад занг зада, бибиашонро бо ҷашни фархунда табрик карданд. Абераи дигараш Фараҳноз низ аз шаҳри Алмаатои Қазоқистон баробари ҳолпурсӣ ӯро табрику таҳният кард. Боз фарзандону набераю абераҳои дигараш аз гӯшаҳои гуногуни мамлакату хориҷи кишвар занг зада, шодбошаш гуфтанд. Момои Махсумгул бонуи хушбахту хуштолеъ аст, ки имрӯз соҳиби 147 фарзанду набераю абераю чабера аст.
Модар гарчанде ду - се моҳи охир баробари нобиноӣ аз дарди дигаре боз ранҷур асту машаққат мекашад, вале ба ёди ҷигарбанди азизаш Аловиддин, фарзандони дар паҳлую ҳалқааш буда Ҷамолиддин, Амолиддин, Меъроҷиддин, Сиҷоҳиддин, Ҷамшед, духтаронаш Марҳамату Фазилату Санавбар ва набераю абераҳои дустрӯяш бо сабру тоқати ба худаш хос ин ҳама дарду ранҷро таҳаммул мекунад. Ба қудрату тавоноии чунин модарон мисли момои Махсумгул тан бояд дод, ки бо вуҷуди дарду ранҷ ва шиканҷаи зиндагӣ то ҳамин ду се моҳи охир намозашро рост истода мехонд.
Момои Махсумгул аз он хурсанд аст, ки ҳамчун модар дар таълиму тарбияи фарзандон, набераю абераҳояш хизмати шоистаеро ба ҷо овардааст ва онҳо ба миллату Меҳан содиқона хизмат мекунанд. Шукр, ки бо ин ҳама гузашти умр ӯ хотираи қавӣ дораду рӯзгори паси сар кардаашро бо ҳама пасту баландӣ, шодию ғамаш ба фарзандону набераҳою аберагон қисса мекунад. Ба онҳо бо мақсади тарбия аз рӯзгори ибратбахши худ ва гузаштагони шоистааш, ҳамчунин фарзандону пайвандони хирадмандаш суханони пандомӯз мегӯяд. Модари меҳрубон умри худро бо солшумории шамсӣ 94 ва бо солшумории қамарӣ 97 мегӯяд. Ӯ зимни суҳбат иброз кард, ки умри паёмбари гиромӣ ҳазрати Муҳаммад (с) аз рӯи солшумории қамарӣ 63 шумурда мешавад. Яъне аз рӯи ин солшуморӣ дар ҳар як 30 соли умр як сол изофа мегардад. Аз рӯи ин фикру ақида гуфта метавонем, ки модари меҳрубон қариб 100 сол, яъне як аср умр дорад.
Зимни хайрбод ӯ дуру дароз ба мо дуои неку фотиҳа дода, барои ҷумла фарзандони баруманди миллат, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуои хайр гуфт. Барори кору шоистагии рӯзгорро орзу намуд. Дуо кард, ки мисли ӯ умри дароз бинему дар зиндагӣ ғаму каму ранҷро надошта бошем. Мо чун подоши эҳтирому ҷонибдорӣ баробараш дасти дуо ҷониби Худои меҳрубон бардоштем.
Воқеан аз чунин шахсиятҳои худотарсу мушфиқу меҳрубон ва соҳиби таҷрибаи ғании рӯзгор дуои нек гирифтан касро роҳату рӯҳбаландию умедворӣ мебахшад. Дарду ғам аз танат дур бод, эй модари меҳрубон!!!