БАҲРИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ
Имрӯз дар Тоҷикистон фасли баҳор ҳукмфармост. Ин фасли зебои сол бо таровату дилрабоияш ба табиати диёр ҳусни зебое зам намудааст. Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди хоҷагии «Занбӯри асалпарвар» аз зимистон занбӯрро солим бароварда, ба фасли баҳор расонд. Акнун чӣ корҳоро бояд ба роҳ монд, то занбӯри асалпарварӣ рушд ёбад.
Ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа, истифодаи беҳтарин навъҳои занбӯри асал, густариши ҳамкориҳо бо мутахассисону олимони хориҷи кишвар дар риштаи занбӯри асалпарварӣ натиҷаи мусбат ба бор овард.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди хоҷагии «Занбӯри асалпарвар» - и ноҳияи Ёвон ду намуди нигоҳдории занбӯрро ба роҳ мондаанд. Тобистон як қисм занбӯри асалро ба мавзеи Зиддӣ мебаранд ва тобистону зимистон бошад, қисми дигари занбӯри асалро дар ноҳияи Ёвон парвариш мекунанд.
Занбӯри асал дар фасли баҳор, ки дарахтон гулбасар мешаванд, дар баланд бардоштани ҳосили боғот нақши муассир доранд. Ин тарзи кор ҳам боғдориро рушд мебахшад ва ҳам ба рушди занбӯри асалпарварӣ заминаи боэътимод мегузорад.
Дар баробари ин хоҷагидорон лимӯпарвариро рушд бахшида, фардо дар гармхонаҳо парвариши лимӯро дурустар ба роҳ монданианд. Ҳамчунин аз замине, ки дар ихтиёр доранд самаранок истифода бурда, баъди ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ ба кишти дигар зироат низ аҳамият медиҳанд. Самти дигари фаъолияти хоҷагидоронро бошад, парвариши қулфинай дар гармхонаҳо ташкил медиҳад. Алакай қулфинай пухта расидааст ва дар наздиктарин рӯзҳо ҳосили он тибқи шартнома ба мағозаи Ашанги шаҳри Душанбе фурӯхта мешавад. Аз нигоҳи иқтисодӣ коргарон, ки шумораашон дар ин ҷамъият 15 - 20 нафарро ташкил медиҳад, моҳе 1500 - 2000 сомонӣ музди меҳнат мегиранд.
Ҳамчунин дар як қисм қитъаҳо парвариши мармиҷон (эжевика) - ро ба роҳ мондаанд. Ин кор дар асоси таҷрибаи мутахассисони Украина ва беҳтарин хоҷагиҳои ноҳияи Ҳисор ба роҳ монда шудааст. Мармиҷон хусусияти шифобахшӣ дошта, аз 500 ниҳоле, ки имрӯз дар ихтиёр доранд, парвариши онро ба 2 ҳазор расонданианд. Аз ҳар як ниҳол 120 сомонӣ фоида ба даст овардан мумкин аст.
Роҳбарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди хоҷагии «Занбӯри асалпарвар» - и ноҳияи Ёвон азми қавӣ доранд, ки шумораи харгӯшро аз 250 - 300 ду баробар зиёд афзоиш дода, харгӯшпарварӣ ва истеҳсоли гӯшти парҳезиро зиёд намоянд. Ҳадафи асосӣ дар таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ ҳисса гузоштан ва талаботи ташкилоти байналмилалиро дар ин самт қонеъ кардан мебошад, зеро онҳо низ ба гӯшти парҳезӣ ниёзи бештар доранд. Ҳар як харгӯш то 7 - 10 килограмм вазн гирифта, дар бозори тиҷорат аз 700 то ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Оянда низ майдони нигоҳдории онро зиёд карданианд. Барои таъмини харгӯш бо хӯрокиҳои ширадор коҳу беда шароити хуби тайёр кардан ва захира намудани ин гуна хӯрокиҳоро доранд.
Воқеан, омӯзиши таҷрибаи хоҷагидорони ҶДММ «Занбӯри асалпарвар»-и ноҳияи Ёвон манфиатбахш буда, истифодаи самараноки он ба истеҳсоли бештари асал, лимӯ, помидор, қулфинай ва гушти парҳезӣ заминаи боэътимод мегузорад.