Бойгонӣ
Август 2025 (33)
Июль 2025 (57)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН

Варзишгарони арҷманд, ҳамватанони азиз!
Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар фазои сулҳу суботи Ватан, дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ Рӯзи варзишгарон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Ин санаи фархунда, ки ҳамасола 10-уми август ҷашн гирифта мешавад, гувоҳи эҳтиром ва қадршиносии давлату миллат нисбат ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, тарзи ҳаёти солим ва дастовардҳои ифтихоровари варзишгарони кишвар аст.
Ба ин муносибат кулли варзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзишро табрику таҳният гуфта, барояшон саодати рӯзгор, тансиҳативу хонаободӣ, муваффақият ва дастовардҳои бузурги варзишӣ таманно дорам.
Тавре Сарвари давлат қайд менамоянд: “Варзиш омили тавонои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқу давлатҳо мебошад.
Дар воқеъ варзиш дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамеша рамзи неру, ирода, якпорчагӣ ва пешравӣ буда, барои ташаккули тарзи ҳаёти солим нақши бориз дорад.
Аз ҷониби дигар, варзиш фишанги асосии пешгирии омилҳои номатлуб, бахусус ҷинояту ҷинояткорӣ, шомилшавӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва бемориҳои сироятӣ аст.
Имрӯз варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо пуштибонии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
марҳилаи тоза ва рӯ ба тараққиро паси сар менамояд.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон варзиш ба як унсури муҳими тарбияи маънавӣ ва ҷисмонии насли наврас табдил ёфтааст.
Дар ин раванд, вилояти Хатлон низ бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат ва иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат, дар самти рушди инфрасохтори варзишӣ, ҷалби ҷавонон ба вар-
зиш қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Зимнан, варзишгарони тоҷик таҳти ғамхорӣ ва сарпарастии доимии Роҳбарияти Олии кишвар ҳамчун ҳомиёни ояндабахш қарор доранд.
Дастоварду комёбӣ ва пешрафту нумӯи соҳаро метавон аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат маънидод намуд, ки дар заминаи он варзишгарон дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштироки фаъолона намуда, ба музаффариятҳои нав ба нав ноил
гардида истодаанд.
Тазаккур бояд дод, ки солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо иншооти варзишии замонавӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Шумораи мактабҳои варзишӣ ва гурӯҳҳои махсуси омодасозии варзишгарони касбӣ сол ба сол зиёд гардида, ҷавонони лаёқатмандро аз рӯи намудҳои гуногуни варзиши касбӣ омода менамоянд.
Мо ифтихор дорем, ки варзишгарони хатлонӣ дар Бозиҳои Осиёӣ, чемпионатҳои ҷаҳон ва мусобиқаҳои байналмилалӣ бо ифтихор парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро парафшон намуда, номи кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, ки зикри номи чанде аз онҳоро ба маврид меҳисобам: Мавзуна Чориева, Набимуҳаммад Хоркашиён, Эмомалии Нуралӣ, Абубакр Шеров, Ёсин Бобокалонов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Мақсуди Аҳмадзод, Фирдавс Насимов, Муслимбек Каримов, Шарифҷон Назриев, Сорбон Латипов, Мадина Қурбонзода, Шамшер Саидов, Алишерихудо Саидов, Шоҳида Қаландарова, Чаросхон Нормуродова, Беназир Ҷумахонзода ва чанде дигарон ифтихори вилоят ва Тоҷикистонанд.
Ҳар як пирӯзии варзишгарони мо на танҳо натиҷаи машаққати ҳамарӯзаи онҳо ва мураббиён, балки бозтоби руҳи ватандӯстӣ ва садоқат ба парчами давлат аст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи варзишро ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии сокинон таъмин намуда истодааст.
Дар ҳудуди вилоят бо мақсади фаро гирифтани аҳолӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ айни замон 4181 иншооти гуногуни варзишӣ, аз ҷумла 40 мактаби варзишӣ, 40 варзишгоҳ, 3226 майдончаи
варзишӣ, 583 толори варзишӣ, 40 ҳавзи шиноварӣ, 11 Маҷмааи варзишӣ ва 241 иншооти махсуси варзишӣ фаъолият доранд.
Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди вилоят азнавсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 260 иншооти соҳа ба нақша гирифта шудааст. Дар ин
муддат 111 адади он ба истифода дода шуда, дар дигар иншоотҳо корҳои таъмиру азнавсозӣ ва бунёдкорӣ ҷараён дошта, марҳила ба марҳила ба истифодаи омма дода мешаванд.
Варзишгарони вилоят дар 6 моҳи аввали соли 2025 ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Онҳо дар 79 мусобиқа ва чемпионати ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, ба гирифтани 424 медали тилло, 456 медали нуқра, 556 медали
биринҷӣ, ҳамагӣ 1436 медал ноил гардиданд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 118 медал зиёд мебошад.
Мо ҳамеша барои варзишгарон шароити созгорро фароҳам меоварем, то ки парчами давлатро дар сатҳи байналмилалӣ парафшон намуда, барои ҳазорон ҷавонони дигар намунаи ибрату пайравӣ ва тарғибгари тарзи ҳаёти солим бошанд.
Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир ва бархӯрди тамаддунҳо моро водор месозад, ки барои солимии ҷомеа ҷиҳати
рушду инкишофи самтҳои гуногуни варзиш, бахусус ҷалби бештари сокинони вилоят ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, наврасону ҷавононро бештар дар руҳияи танумандию шуҷоатмандӣ ва худшиносию ватандӯстӣ тарбия намоем.
Дар ин рӯз, бо самимияти баланд ба тамоми варзишгарон, мураббиён, кормандони соҳаи
тарбияи ҷисмонӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар рушду пешрафти соҳаи варзиш дар вилояти Хатлон саҳм мегузоранд, изҳори сипос ва арзи миннатдорӣ менамоям.
Боварӣ дорем, ки бо талошу заҳмати муштарак варзишгарони вилоят дар оянда низ бо дастовардҳои шоиста дар арсаи байналмилалӣ мақоми Тоҷикистонро боз ҳам баланд хоҳанд бардошт.
Ба ҳар яки шумо тандурустӣ, неруи тоза, иродаи матин ва комёбиҳои рӯзафзун таманно дорам.
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019