Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Раёсати фарҳанги Хатлон. Аз мушкилот то рушди соҳа
Рушди соҳаи фарҳанг дар Хатлон: Аз 17 ҳазор чорабинӣ то мушкилоти кадрҳо
Бохтар, 21 июл – Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии худ натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли 2025-ро ҷамъбаст намуда, бурду бохтҳои соҳаи фарҳангро мавриди баррасӣ қарор дод.
Тибқи иттилои Зокирзода Раҳмон сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, айни замон дар ҳудуди вилоят 885 адад муассисаи фарҳангӣ фаъолият доранд, ки аз он ҷумла 492 китобхона, 285 муассисаи клубӣ, 3 филармония, 5 театр, 18 осорхона ва 35 боғи фарҳангӣ-фароғатиро дар бар мегиранд. Шумораи умумии кормандони соҳа 3544 нафарро ташкил дода, норасоии кадрҳо ба 127 нафар мерасад.
Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 17 310 чорабинии фарҳангӣ баргузор шуда, зиёда аз 1,28 миллион нафар дар онҳо иштирок намудаанд. Китобхонаҳои вилоят бо хазинаи умумии 2,56 миллион нусха китоб фаъолият намуда, дар ин давра бо маблағи беш аз 111 ҳазор сомонӣ 4028 нусха китобҳои тозанашр харидорӣ гардид. Ду китобхона аз ҳисоби соҳибкорон бо маблағи умумии 81 500 сомонӣ дар бинои нав ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон, фаъолияти осорхонаҳо ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Дар вилоят 18 осорхона бо 33 202 адад нигора сабт шудаанд. Сохтмони осорхонаи ноҳия Чайҳун бо маблағи 210 ҳазор сомонӣ идома дорад. Аз 940 ёдгории таърихию фарҳангии вилоят 11-тои он ҳамчун мероси умумибашарии фарҳангӣ муаррифӣ шудаанд.
Театрҳои вилоятӣ, аз ҷумла Театри мазҳакавии ба номи Ато Мухаммадҷонов, бо 75 намоиш ва зиёда аз 18 ҳазор тамошобин фаъол буданд. Даромади театрҳо танҳо дар ин давра ба 28 600 сомонӣ расидааст. Театри бачагонаи "Афсона" низ бо намоишҳои худ дар кӯдакистонҳо ва мактабҳо иштирок карда, ба ҳисоби худ 4500 сомонӣ даромад овардааст.
Дар мавриди мушкилиҳо, Раёсат норасоии мутахассисони соҳавӣ, нарасидани маводи таълимӣ, таҷҳизоти техникӣ ва китобҳои дарсӣ, инчунин мушкилоти инфрасохторӣ дар муассисаҳои фарҳангиро зикр кард.
Бо вуҷуди ин, Раёсат таъкид намуд, ки баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати ҶТ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, соҳа ба рушди минбаъда нигаронида шудааст.
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР
ШАРАФ БА ПЕШВО



